https://sputnik.tj/20240218/mudofiai-rusiya-ozodsozi-avdeevka-donetsk-1061744748.html
Авдеевка озод шуд: Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Донетск амнтар мешавад
Авдеевка озод шуд: Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Донетск амнтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ин шаҳрро аз ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза ҳифз кунад
2024-02-18T13:23+0500
2024-02-18T13:23+0500
2024-02-19T11:53+0500
амният ва мудофиа
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
донетск
донбасс
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060280757_0:321:3072:2048_1920x0_80_0_0_e770eac31e708fa1ae5735aeb6d77162.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз озодсозии пурраи Авдеевка дар Донетск хабар дод. Ин барои амнияти маркази ҷумҳурии халқӣ мусоидат мекунад. "Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ба ин васила он аз ҳамлаҳои террористии режими ҷиноии Киев муҳофизат карда шавад", - қайд кард вазорат.Ин ниҳод афзуд, ки сохторҳои ҷудогонаи ҷангиёни украинӣ тавонистанд, ки шитобон аз Авдеевка фирор кунанд ва силоҳу таҷҳизоти низомии худро партофтанд. Вазорати мудофиа таъкид намуд, ки қӯшунҳои "Сентр" Авдеевкаро комилан таҳти назорат гирифтанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳама сарбозоне, ки дар набардҳо барои Авдеевка ширкат доштанд, изҳори сипос кард, гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлат ба генерал-полковник Андрей Мордвичев."Барои амалиёти аълои ҳарбӣ ба ҳамаи қӯшунҳои сарварии шумо, ки дар набардҳо барои Авдеевка ширкат доштанд, изҳори сипос мекунам. Шаъну шарафи абадӣ ба қаҳрамононе, ки ҳангоми ҳалли мушкилоти амалиёти махсуси низомӣ дар набард кушта шудаанд", — гуфта мешавад дар барқия. Таъкид гардид, ки гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" амалиётро барои озодсозии комили Ҷумҳурии мардумии Донетск идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20240216/tub-dar-tarafi-maskav-nest-lavrov-ukraina-1061727003.html
украина
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060280757_59:0:2790:2048_1920x0_80_0_0_23fd8fd5f6fa08cb9776ee16ffbf5999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш, русия, ҷабҳа, донетск, мусаллаҳ, украина
артиш, русия, ҷабҳа, донетск, мусаллаҳ, украина
Авдеевка озод шуд: Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Донетск амнтар мешавад
13:23 18.02.2024 (Навсозишуда: 11:53 19.02.2024) Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ин шаҳрро аз ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза ҳифз кунад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия аз озодсозии пурраи Авдеевка дар Донетск хабар дод. Ин барои амнияти маркази ҷумҳурии халқӣ мусоидат мекунад.
"Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ба ин васила он аз ҳамлаҳои террористии режими ҷиноии Киев муҳофизат карда шавад", - қайд кард вазорат.
Ин ниҳод афзуд, ки сохторҳои ҷудогонаи ҷангиёни украинӣ тавонистанд, ки шитобон аз Авдеевка фирор кунанд ва силоҳу таҷҳизоти низомии худро партофтанд.
Вазорати мудофиа таъкид намуд, ки қӯшунҳои "Сентр" Авдеевкаро комилан таҳти назорат гирифтанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳама сарбозоне, ки дар набардҳо барои Авдеевка ширкат доштанд, изҳори сипос кард, гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлат ба генерал-полковник Андрей Мордвичев.
"Барои амалиёти аълои ҳарбӣ ба ҳамаи қӯшунҳои сарварии шумо, ки дар набардҳо барои Авдеевка ширкат доштанд, изҳори сипос мекунам. Шаъну шарафи абадӣ ба қаҳрамононе, ки ҳангоми ҳалли мушкилоти амалиёти махсуси низомӣ дар набард кушта шудаанд", — гуфта мешавад дар барқия.
Таъкид гардид, ки гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" амалиётро барои озодсозии комили Ҷумҳурии мардумии Донетск идома медиҳанд.