https://sputnik.tj/20250501/komyobiho-varzishi-jazo-nerui-barq-aprel-tojikiston-khotirmon-1067183024.html
Комёбиҳои варзишӣ ва ҷазо барои нерӯи барқ: моҳи апрел дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Комёбиҳои варзишӣ ва ҷазо барои нерӯи барқ: моҳи апрел дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи гузашта бо баъзе қарорҳои мақомот, инчунин як қатор чорабиниҳои ҷолиби варзишӣ ва фарҳангӣ дар хотир хоҳад монд
2025-05-01T11:59+0500
2025-05-01T11:59+0500
2025-05-01T11:59+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
мулоқот
ҷавобгарии ҷиноӣ
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067122598_0:84:3057:1804_1920x0_80_0_0_55b17e1bc37557cb9059b22f341b482f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Моҳи апрел дар Тоҷикистон муҷозот барои напардохтани нерӯи барқ шадидтар шуд, варзишгарони тоҷик ба чанд комёбиҳои намоён дар чанд риштаи варзиш ноил гардиданд ва дар арсаи сиёсати хориҷӣ изҳороти муҳими зиёде садо доданд. Ин ва дигар рӯйдодҳои моҳи гузашта дар матолиби Sputnik Тоҷикистон.Ҷавобгарии ҷиноӣ барои напардохтани ҳаққи нерӯи барқРаисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел қонуни ислоҳи Кодекси ҷиноии кишварро имзо кард, ки тибқи он масъулияти ҷиноӣ барои қасдан саркашӣ аз пардохти нерӯи барқро пешбинӣ мекунад. Ҳадафи қонуни нав пурзӯр кардани чораҳо алайҳи истеҳмолкунандагоне, ки пули барқро пайваста пардохт намекунанд ва беҳтар кардани низоми молиявӣ дар соҳаи энергетика мебошад.Тибқи ин санад, аз ин ба баъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз пардохти нерӯи барқи истеъмолшуда ба миқдори махсусан калон ё такроран саркашӣ мекунанд, метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Ҷазо ҷарима, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 солро вобаста ба вазнинии ҷиноят дар бар мегиранд.Ин ибтикор дар пасманзари афзоиши қарз назди истгоҳҳои барқтавлидкунанда, ки ба гуфтаи вазорати энергетикаи кишвар беш аз 1 млду 200 млн сомонӣ аст, ба миён гузошта шудааст.Масъулини вазорат мегӯянд, ки пардохти саривақтии пули барқ на танҳо масъалаи адолат, балки гарави фаъолияти мӯътадили тамоми низоми энержии кишвар, бахусус дар шароити афзояндаи сарборӣ ва пиёдасозии тарҳҳои бузурги соҳавӣ, назири нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад."Низоми энергетикӣ аз сабаби пардохт накардани ҳаққи қувваи барқ хисороти калон дида истодааст. Ин ба амнияти энергетикии кишвар таҳдид мекунад ва азнавсозии соҳаро бозмедорад. Қонуни нав як чораи пешгирикунанда аст, ки ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони поквиҷдон нигаронида шудааст",-таъкид карданд дар ин сохтор.Қонун инчунин муносибати фардиро пешбинӣ мекунад; танҳо шахсоне, ки бе сабабҳои узрнок мунтазам аз пардохти ҳаққи қувваи барқ саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҳукумат қайд мекунад, ки нисбати табақаҳои камдаромад ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ муқаррароти сахттарини қонун пешбинӣ намешаванд.Коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аввалин кишваре дар минтақа аст, ки дар бахши энергетика чунин тадобири шадид ҷорӣ кардааст. Ин иқдом як ҳушдори муҳим барои истеъмолкунандагон арзёбӣ мешавад, ки аксари онҳо, албатта, аз тасмими мақомот норозӣ ҳастанд, ҳарчанд мушкилоти қарз дар бахши энергетикаро эътироф мекунанд.Қабули қатъномаи Тоҷикистон дар СММ оид ба масъалаҳои иқлимРӯзи 24 апрел дар иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) қатънома бо ибтикори Тоҷикистон, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором нигаронида шудааст, якдилона қабул шуд.Дар қатънома аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Ҷаласаи минтақавии омодагӣ ба Конфронси обии СММ дар соли 2026, ки ҳарду дар соли 2025 ба нақша гирифта шудаанд, таъкид шудааст. Ҳуҷҷат аз тамоми кишварҳои узви СММ, созмонҳои дахлдор ва ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки дар ин чорабиниҳо ширкат варзанд.Дар ин қатънома ҳамчунин эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эътирофи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъкид шуда, аҳамияти ҳамбастагии байналмилалӣ дар ин масъалаҳо таъкид шудааст.Роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон ва дастовардҳо дар Бозиҳои Осиёӣ ва ИсломӣМоҳи апрел бо комёбиҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва рушди фаъоли инфрасохтори варзишӣ дар кишвар хотирмон шуд.Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои исломӣ-2025 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 29-умро касб карданд. Ҳамин тариқ, теннисбоз Екатерина Ишенко миёни параолимпиён медали биринҷӣ ва дзюдочӣ Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг ҳамчунон медали биринҷӣ ба даст оварданд.Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 бомуваффақият баромад карда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки аз 3 то 27 ноябри соли 2025 дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ҳам дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Таиланд бомуваффақият баромад кард.Дар мусобиқаи рӯзҳои 25 то 27 апрел дар Бангкок варзишгарони тоҷик соҳиби 7 медал шуданд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг рақобат карда, рақибаш аз Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сингёбу Ли шикаст хӯрда, медали дуюми нуқраро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба даст овард.Дар маҷмӯъ, паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал: 2 нуқра ва 5 биринҷӣ баргаштанд.Илова бар ин, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе омодагии фаъолона ба баргузории як чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ - Гран-при оид ба дзюдо, ки бахше аз силсилаи турҳои ҷаҳонии IJF World Tour мебошад, бо фонди ҷоизавии 154 000 евро, ки аз 2 то 4 майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, оғоз гардид.Моҳи апрел Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди истеъдодҳо(Talent Development Scheme) муоина ва интихоби футболбозони ҷавони умедбахшро анҷом дод. Мақсади ташаббус ошкор намудани бозигарони боистеъдоди дорои потенсиали баланд ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи касбии онҳо мебошад.Ҷоизаи “Парасту” ҳамчун яке аз рӯйдодҳои асосӣ дар соҳаи фарҳангАз 15 то 21 апрел дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Парасту” - як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии кишвар, ки беш аз 20 театри 8 кишварро ҷамъ кард, баргузор шуд. Ҷашнвора, ки таҳти сарпарастии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид, на танҳо намоишгоҳи ҳунарҳои ҳозиразамон, балки ба майдони муколамаи наслҳо ва мактабҳои театрӣ низ табдил ёфтааст.Имсол "Парасту" барномаи байналмилалии худро васеъ карда, дар он театрҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон, Гурҷистон ва Туркия ширкат доштанд. Тоҷикистонро ҳам театрҳои пешрафтаи академӣ ва ҳам иттиҳодияҳои эҷодии мустақил аз Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе намояндагӣ карданд.Саҳнаҳои пойтахт – аз Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский то Театри опера ва балети Тоҷикистон ба маркази ҷалби аҳли ҷомеа, рӯзноманигорон, мунаққидон ва донишҷӯёни мактабҳои театрӣ табдил ёфтаанд.Намоишҳои дар ҷашнвора намоишдодашуда доираи васеи мавзӯъҳоро фаро гирифтанд - аз коркарди матнҳои классикӣ (Шекспир, Чехов, Фирдавсӣ) то драмаҳое, ки ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои шахсият, муҳоҷират ва хотираи таърихӣ дахл доранд.Дар чаҳорчӯби ҷашнвора дарсҳои маҳорати коргардонҳо ва ороишгарони саҳнаи варзида аз Маскав, Алмаато ва Теҳрон баргузор шуд. Ба масъалаҳои коргардонии драматургияи муосир, бо забонҳои маҳаллӣ ва пешбурди театрҳо дар заминаи дигаргуниҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Мизи мудаввари илмию амалӣ низ баргузор гардид.Дар ҷашнвора махсусан Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский пешниҳоди хотирмон сохт. Ҳамин тарик, спектакли "Базм ҳангоми вабо"-и коргардон Хуршед Мустафоев ба яке аз пурмазмунтарин намоишномаҳои ин чорабинӣ табдил ёфта, ҳам тамошобинон ва ҳам доварони касбиро мафтун кард.Дар натиҷа Театри ба номи Маяковский якбора ду мукофоти бонуфуз: мукофот барои режиссёри беҳтарин ва ҳунарманди беҳтарин дода шуд.Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба РусияСарвазир Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба Маскав рафт.Вай дар мулоқот бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин таъкид кард, ки таҳкими равобит бо Русия авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.Расулзода ҳамчунин зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба соли қаблӣ қариб 40% афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, Федератсияи Русия шарики асосии Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷӣ буд ва боқӣ мемонад. Ӯ ёдовар шуд, ки сол то сол муомилоти мол пайваста афзоиш ёфта, соли гузашта ба 2 миллиард доллар расид.Ба қавли нахуствазири Тоҷикистон, ба ин натиҷаҳо барномаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2027 мусоидат мекунад. Ҳоло ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳоро то соли 2030 бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила омода мекунанд.Вай аз пешравии ташкили кластери нассоҷӣ таъкид кард, ки дар Душанбе ва Хуҷанд ду корхонаи дӯзандагӣ кушода шуданд. Илова бар ин, Росатом бо намояндагони ҷумҳурӣ дурнамои таъсиси як маркази тибби ҳастаӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.Бо як сархатДар Русия мӯҳлати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ тамдид шудааст. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст. Акнун шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ғайриқонунӣ дар кишвар будубош доранд, бояд то 10 сентябри соли 2025 ё будубоши худро қонунӣ кунанд ё тарки кишвар намоянд.Дар Душанбе ба ифтихори 80-солагии Ғалаба пойгаи дав баргузор шуд. Аз Маҷмааи ёдгории хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалаба чандсад нафар варзишгарони синну соли гуногун, ки аксари онҳо махсус аз шаҳрҳои Тоҷикистону Русия омадаанд, мусобиқаро оғоз карданд. Мусобиқа ба масофаи 7 километр байни калонсолон дар намуди инфиродӣ, инчунин аз рӯи намуди экиден (эстафетаи даставӣ дар марафон) ва ба масофаи 500 метр байни кӯдакон гузаронида шуд.Моҳи апрел дар Душанбе Рӯзи шаҳрро ботантана таҷлил карданд, ки чун анъана рӯзи шанбеи сеюми моҳ таҷлил мешавад. Чорабинии марказӣ ниммарафони 15-уми байналмилалӣ буд, ки варзишгарони Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро гирди ҳам овард. Инчунин, дар толори консертии "Кохи Суруш" маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрии соҳаҳои тандурустӣ ва маориф баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20250420/prezident-imzo-tojikiston-istifodai-ghayriqonuni-barq-zindon-1067058399.html
https://sputnik.tj/20250221/tojikiston-peshnavis-qatnoma-smm-iqlim-bangkok-muarrifi-kard-1066319129.html
https://sputnik.tj/20231002/medali-panjumi-timi-tojikiston-dar-bozihoi-osiyo-1059723587.html
https://sputnik.tj/20250427/ustodon-balet-uzbekiston-tojikiston-hunarnamoi-khohand-kard-1067136178.html
https://sputnik.tj/20250426/rasulzoda-taqviyati-ravobit-rusiya-siyosat-tojikiston-1067124333.html
https://sputnik.tj/20250429/putin-muhlat-rasmiyat-budubosh-rusiya-muhojiron-tamdid-1067163854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067122598_164:0:2895:2048_1920x0_80_0_0_573ff8a90e2218c134edddac3b25efaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нерӯи барқ, варзиш, комёбӣ, апрел, сиёсат, фарҳанг
тоҷикистон, нерӯи барқ, варзиш, комёбӣ, апрел, сиёсат, фарҳанг
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Моҳи апрел дар Тоҷикистон муҷозот барои напардохтани нерӯи барқ шадидтар шуд, варзишгарони тоҷик ба чанд комёбиҳои намоён дар чанд риштаи варзиш ноил гардиданд ва дар арсаи сиёсати хориҷӣ изҳороти муҳими зиёде садо доданд. Ин ва дигар рӯйдодҳои моҳи гузашта дар матолиби Sputnik Тоҷикистон.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои напардохтани ҳаққи нерӯи барқ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел қонуни ислоҳи Кодекси ҷиноии кишварро имзо кард, ки тибқи он масъулияти ҷиноӣ барои қасдан саркашӣ аз пардохти нерӯи барқро пешбинӣ мекунад. Ҳадафи қонуни нав пурзӯр кардани чораҳо алайҳи истеҳмолкунандагоне, ки пули барқро пайваста пардохт намекунанд ва беҳтар кардани низоми молиявӣ дар соҳаи энергетика мебошад.
Тибқи ин санад, аз ин ба баъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз пардохти нерӯи барқи истеъмолшуда ба миқдори махсусан калон ё такроран саркашӣ мекунанд, метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Ҷазо ҷарима, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 солро вобаста ба вазнинии ҷиноят дар бар мегиранд.
Ин ибтикор дар пасманзари афзоиши қарз назди истгоҳҳои барқтавлидкунанда, ки ба гуфтаи вазорати энергетикаи кишвар беш аз 1 млду 200 млн сомонӣ аст, ба миён гузошта шудааст.
Масъулини вазорат мегӯянд, ки пардохти саривақтии пули барқ на танҳо масъалаи адолат, балки гарави фаъолияти мӯътадили тамоми низоми энержии кишвар, бахусус дар шароити афзояндаи сарборӣ ва пиёдасозии тарҳҳои бузурги соҳавӣ, назири нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад.
"Низоми энергетикӣ аз сабаби пардохт накардани ҳаққи қувваи барқ хисороти калон дида истодааст. Ин ба амнияти энергетикии кишвар таҳдид мекунад ва азнавсозии соҳаро бозмедорад. Қонуни нав як чораи пешгирикунанда аст, ки ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони поквиҷдон нигаронида шудааст",-таъкид карданд дар ин сохтор.
Қонун инчунин муносибати фардиро пешбинӣ мекунад; танҳо шахсоне, ки бе сабабҳои узрнок мунтазам аз пардохти ҳаққи қувваи барқ саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҳукумат қайд мекунад, ки нисбати табақаҳои камдаромад ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ муқаррароти сахттарини қонун пешбинӣ намешаванд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аввалин кишваре дар минтақа аст, ки дар бахши энергетика чунин тадобири шадид ҷорӣ кардааст. Ин иқдом як ҳушдори муҳим барои истеъмолкунандагон арзёбӣ мешавад, ки аксари онҳо, албатта, аз тасмими мақомот норозӣ ҳастанд, ҳарчанд мушкилоти қарз дар бахши энергетикаро эътироф мекунанд.
Қабули қатъномаи Тоҷикистон дар СММ оид ба масъалаҳои иқлим
Рӯзи 24 апрел дар иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) қатънома бо ибтикори Тоҷикистон, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором нигаронида шудааст, якдилона қабул шуд.
Дар қатънома аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Ҷаласаи минтақавии омодагӣ ба Конфронси обии СММ дар соли 2026, ки ҳарду дар соли 2025 ба нақша гирифта шудаанд, таъкид шудааст. Ҳуҷҷат аз тамоми кишварҳои узви СММ, созмонҳои дахлдор ва ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки дар ин чорабиниҳо ширкат варзанд.
Дар ин қатънома ҳамчунин эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эътирофи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъкид шуда, аҳамияти ҳамбастагии байналмилалӣ дар ин масъалаҳо таъкид шудааст.
Роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон ва дастовардҳо дар Бозиҳои Осиёӣ ва Исломӣ
Моҳи апрел бо комёбиҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва рушди фаъоли инфрасохтори варзишӣ дар кишвар хотирмон шуд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои исломӣ-2025 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 29-умро касб карданд. Ҳамин тариқ, теннисбоз Екатерина Ишенко миёни параолимпиён медали биринҷӣ ва дзюдочӣ Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг ҳамчунон медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 бомуваффақият баромад карда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки аз 3 то 27 ноябри соли 2025 дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ҳам дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Таиланд бомуваффақият баромад кард.
Дар мусобиқаи рӯзҳои 25 то 27 апрел дар Бангкок варзишгарони тоҷик соҳиби 7 медал шуданд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг рақобат карда, рақибаш аз Имороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сингёбу Ли шикаст хӯрда, медали дуюми нуқраро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба даст овард.
Дар маҷмӯъ, паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал: 2 нуқра ва 5 биринҷӣ баргаштанд.
Илова бар ин, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе омодагии фаъолона ба баргузории як чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ - Гран-при оид ба дзюдо, ки бахше аз силсилаи турҳои ҷаҳонии IJF World Tour мебошад, бо фонди ҷоизавии 154 000 евро, ки аз 2 то 4 майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, оғоз гардид.
Моҳи апрел Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди истеъдодҳо(Talent Development Scheme) муоина ва интихоби футболбозони ҷавони умедбахшро анҷом дод. Мақсади ташаббус ошкор намудани бозигарони боистеъдоди дорои потенсиали баланд ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи касбии онҳо мебошад.
Ҷоизаи “Парасту” ҳамчун яке аз рӯйдодҳои асосӣ дар соҳаи фарҳанг
Аз 15 то 21 апрел дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Парасту” - як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии кишвар, ки беш аз 20 театри 8 кишварро ҷамъ кард, баргузор шуд. Ҷашнвора, ки таҳти сарпарастии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид, на танҳо намоишгоҳи ҳунарҳои ҳозиразамон, балки ба майдони муколамаи наслҳо ва мактабҳои театрӣ низ табдил ёфтааст.
Имсол "Парасту" барномаи байналмилалии худро васеъ карда, дар он театрҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон, Гурҷистон ва Туркия ширкат доштанд. Тоҷикистонро ҳам театрҳои пешрафтаи академӣ ва ҳам иттиҳодияҳои эҷодии мустақил аз Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе намояндагӣ карданд.
Саҳнаҳои пойтахт – аз Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский то Театри опера ва балети Тоҷикистон ба маркази ҷалби аҳли ҷомеа, рӯзноманигорон, мунаққидон ва донишҷӯёни мактабҳои театрӣ табдил ёфтаанд.
Намоишҳои дар ҷашнвора намоишдодашуда доираи васеи мавзӯъҳоро фаро гирифтанд - аз коркарди матнҳои классикӣ (Шекспир, Чехов, Фирдавсӣ) то драмаҳое, ки ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои шахсият, муҳоҷират ва хотираи таърихӣ дахл доранд.
Дар чаҳорчӯби ҷашнвора дарсҳои маҳорати коргардонҳо ва ороишгарони саҳнаи варзида аз Маскав, Алмаато ва Теҳрон баргузор шуд. Ба масъалаҳои коргардонии драматургияи муосир, бо забонҳои маҳаллӣ ва пешбурди театрҳо дар заминаи дигаргуниҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Мизи мудаввари илмию амалӣ низ баргузор гардид.
Дар ҷашнвора махсусан Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский пешниҳоди хотирмон сохт. Ҳамин тарик, спектакли "Базм ҳангоми вабо"-и коргардон Хуршед Мустафоев ба яке аз пурмазмунтарин намоишномаҳои ин чорабинӣ табдил ёфта, ҳам тамошобинон ва ҳам доварони касбиро мафтун кард.
Дар натиҷа Театри ба номи Маяковский якбора ду мукофоти бонуфуз: мукофот барои режиссёри беҳтарин ва ҳунарманди беҳтарин дода шуд.
Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Русия
Сарвазир Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба Маскав рафт.
Вай дар мулоқот бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин таъкид кард, ки таҳкими равобит бо Русия авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
Расулзода ҳамчунин зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба соли қаблӣ қариб 40% афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, Федератсияи Русия шарики асосии Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷӣ буд ва боқӣ мемонад. Ӯ ёдовар шуд, ки сол то сол муомилоти мол пайваста афзоиш ёфта, соли гузашта ба 2 миллиард доллар расид.
Ба қавли нахуствазири Тоҷикистон, ба ин натиҷаҳо барномаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2027 мусоидат мекунад. Ҳоло ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳоро то соли 2030 бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила омода мекунанд.
"Мо дурнамои хуби ҳамкориҳоямонро дар соҳаи саноат мебинем", - қайд кард Расулзода.
Вай аз пешравии ташкили кластери нассоҷӣ таъкид кард, ки дар Душанбе ва Хуҷанд ду корхонаи дӯзандагӣ кушода шуданд. Илова бар ин, Росатом бо намояндагони ҷумҳурӣ дурнамои таъсиси як маркази тибби ҳастаӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Дар Русия мӯҳлати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ тамдид шудааст. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст. Акнун шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ғайриқонунӣ дар кишвар будубош доранд, бояд то 10 сентябри соли 2025 ё будубоши худро қонунӣ кунанд ё тарки кишвар намоянд.
Дар Душанбе ба ифтихори 80-солагии Ғалаба пойгаи дав баргузор шуд. Аз Маҷмааи ёдгории хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалаба чандсад нафар варзишгарони синну соли гуногун, ки аксари онҳо махсус аз шаҳрҳои Тоҷикистону Русия омадаанд, мусобиқаро оғоз карданд. Мусобиқа ба масофаи 7 километр байни калонсолон дар намуди инфиродӣ, инчунин аз рӯи намуди экиден (эстафетаи даставӣ дар марафон) ва ба масофаи 500 метр байни кӯдакон гузаронида шуд.
Моҳи апрел дар Душанбе Рӯзи шаҳрро ботантана таҷлил карданд, ки чун анъана рӯзи шанбеи сеюми моҳ таҷлил мешавад. Чорабинии марказӣ ниммарафони 15-уми байналмилалӣ буд, ки варзишгарони Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро гирди ҳам овард. Инчунин, дар толори консертии "Кохи Суруш" маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрии соҳаҳои тандурустӣ ва маориф баргузор гардид.