Устодони балети Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард

© SputnikТеатр оперы и балета имени С. Айни в Душанбе
Театр оперы и балета имени С. Айни в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2025
Обуна шудан
Сафари ҳунармандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театрҳои ба номи С.Айнӣ ва Алишер Навоӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Интизор меравад рӯзи 23 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи ҳунармандони Ӯзбекистон баргузор гардад.
Дар ин бора Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон хабар дод.
"Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ 23 май намоишномаи худро пешниҳод мекунад", - омадааст дар иттилоияи театр.
Манбаъ афзуд, дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ду давлат табодули ҳамкорӣ бештар мегардад.
Ташкентский кинофестиваль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2024
Дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад
Ин сафари ҳунарӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки соли 2022 ба имзо расида буд, доир мегардад.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намоянд.
Лентаи хабарҳо
0