Расулзода: Тақвияти равобит бо Русия аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2025
Обуна шудан
Сарвазири кишвар таъкид кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми табодули коло дар муқоиса бо соли гузашта миёни Тоҷикистону Русия қариб 40% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо ҳамтои Русаш дар Маскав гуфт, ки таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳо ва густариши доираи манфиатҳои тарафайн бо Русия самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
"Пеш аз ҳама мехоҳам ба шумо барои даъват ва вохӯрӣ, инчунин истиқболу меҳмоннавозӣ изҳори сипос намоям. Тақвияти ҳамаҷонибаи муносибатҳои мо ва тавсеаи доираи манфиатҳои тарафайн бо Русия аз самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад", — гуфт Расулзода.
Вай илова намуд, ки ҳар ду кишвар қариб ҳамаи масъалаҳои мавҷударо ҳал намудаанд.
Сарвазири Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар муқоиса бо маълумоти соли гузашта қариб 40% афзоиш ёфтааст.
"Русия шарики аслии Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷиаш ҳаст ва боқӣ мемонад. Сол то сол афзоиши муътадили гардиши мол ба назар мерасад. Соли гузашта мо тақрибан ба 2 миллиард доллар наздик шудем", - гуфт Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Маскав.
Сарвазири Тоҷикистон илова кард, ки айни замон ҷонибҳо ба манзури афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматиро таҳия карда истодаанд, ки то соли 2027 пешбинӣ шудааст.
Встреча премьер-министра РФ М. Мишустина и премьер-министра Таджикистана К. Расулзоды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Мишустин: Тоҷикистон як шарики муҳими Русия дар Осиёи Марказӣ аст
"Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ табодули коло миёни ду кишвар дар муқоиса ба нишондиҳандаи соли гузашта қариб 40% афзоиш ёфтааст. Бешубҳа, ба ин татбиқи барномаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2027 мусоидат мекунад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Маскав сафар кард.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ба Русия сафар карда буд.
Зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард ва зимни суханрониаш аз саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муносибати хоси Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба ёдовар шуд.
Дар солҳои ҷанг тамоми имконоти инсонӣ ва моддии ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти ҷанг равона карда шуда буданд, кайд кард раиси парлумони кишвар.
Лентаи хабарҳо
0