https://sputnik.tj/20250420/prezident-imzo-tojikiston-istifodai-ghayriqonuni-barq-zindon-1067058399.html
Президент имзо кард: Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии барқ зиндон мекунанд
Президент имзо кард: Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии барқ зиндон мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои сангин барои истифодаи ғайриқонунии барқ махсусан барои гуруҳҳои муташаккил ва фарде, ки аз вазифаи хизматӣ истифода мекунад, татбиқ мешавад
2025-04-20T17:13+0500
2025-04-20T17:13+0500
2025-04-20T17:13+0500
дар тоҷикистон
барқ
қонун
ҷарима
зиндон
парвандаи ҷиноӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:57:2214:1302_1920x0_80_0_0_9b625f5af1a579371621011d5871dbce.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тағйирот дар мавриди истифодаи ғайриқонунии барқ дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд. Ин қонунро президенти кишвар пас аз тасдиқи он дар парлумон имзо кард.Бар асоси он барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.Тибқи моддаи 253 замимаи 1 барои дахолат ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифодаи барқ бе ҳисобкунак, агар давоми як соли баъди ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, – бо ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 3 соли зиндон ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, – бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1,2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол ҷазо дода мешавад. Агар ин кирдор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шуда бошанд, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол ҷазо дода мешавад.Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.Дар пайи ин камбудиҳо ӯ пешниҳод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.
https://sputnik.tj/20250412/rahmon-napardokhtani-puli-barq-javobgari-1066945136.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:0:2140:1605_1920x0_80_0_0_f104639add147f61e591f5f5f07c8238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон истифода ғайриқонунӣ барқ зиндон
тоҷикистон истифода ғайриқонунӣ барқ зиндон
Президент имзо кард: Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии барқ зиндон мекунанд
Ҷазои сангин барои истифодаи ғайриқонунии барқ махсусан барои гуруҳҳои муташаккил ва фарде, ки аз вазифаи хизматӣ истифода мекунад, татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тағйирот дар мавриди истифодаи ғайриқонунии барқ дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд.
Ин қонунро президенти кишвар пас аз тасдиқи он дар парлумон имзо кард.
Бар асоси он барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Тибқи моддаи 253 замимаи 1 барои дахолат ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифодаи барқ бе ҳисобкунак, агар давоми як соли баъди ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, – бо ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 3 соли зиндон ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, – бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1,2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол ҷазо дода мешавад.
Агар ин кирдор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шуда бошанд, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.
Дар пайи ин камбудиҳо ӯ пешниҳод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.