Путин муҳлати ба расмиятдарории будубош дар Русия барои муҳоҷиронро тамдид кард

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкВыдача разрешения на работу в России иностранным гражданам
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2025
Обуна шудан
Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия муҳлати нав барои ба расмиятдарории вазъи ҳуқуқии онҳо муқаррар карда шуд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи Фармони ҷадиди Президенти Русия қонунигардонии вазъашонро дар Русия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Сарвазири Русия умедвор аст, ки чораҳои қабулшуда дар бахши муҳоҷират натиҷа хоҳад дод
Аз он бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шуда буд.
Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0