https://sputnik.tj/20250221/tojikiston-peshnavis-qatnoma-smm-iqlim-bangkok-muarrifi-kard-1066319129.html
Тоҷикистон пешнависи қатъномаи СММ дар бораи иқлимро дар Бангкок муаррифӣ кард
Тоҷикистон пешнависи қатъномаи СММ дар бораи иқлимро дар Бангкок муаррифӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷҷат рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби рӯзномаи иқлим байни кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором пешбинӣ мекунад. 21.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-21T15:19+0500
2025-02-21T15:19+0500
2025-02-21T15:19+0500
дар тоҷикистон
смм
конвенсияи смм оид ба тағйирёбии иқлим
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/15/1066315848_0:0:757:425_1920x0_80_0_0_85fd161648fd7c8dba52f6f51f0a2fb6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тоҷикистон пешнависи қатъномаро дар бораи тағйири иқлим муаррифӣ кард. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии чунин аснод дар пойтахти Таиланд сурат гирифт.Маълум аст, ки лоиҳа "Тақвияти ҳамкорӣ оид ба тағирёбии иқлим ва пайвастагии об барои рушди устувор дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором" ном дошт. Дар ин резолютсия вусъат додани ҳамкории мамлакатҳои аъзои Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, он барои ноил шудан ба Ҳадафи №6 рушди устувор (Оби тоза ва беҳдошт) мусоидат мекунад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Зимнан зикр мегардад, ки зимни муаррифӣ намояндаи ҷумҳурӣ нақши пешбаранда ва таъсири кишварро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим қайд намуд. Илова бар ин, дар рафти чорабинӣ аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки қабули минбаъдаи ин ҳуҷҷатро дастгирӣ намуда, ба ин васила рушди устувори рӯзномаи иқлимро дар минтақа таъмин намоянд. Қаблан маълум шуд, ки охири моҳи майи соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, кишварҳои узви БРИКС-ро барои ширкат дар ин чорабинӣ даъват кардааст. Бояд гуфт, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст.
https://sputnik.tj/20241112/ishtiroki-emomali-rahmon-konfronsi-smm-taghyiryobi-iqlim-video-1065092028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/15/1066315848_69:0:636:425_1920x0_80_0_0_143399f334afb0e917ab6ae1f959f96a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, смм, конвенсияи смм оид ба тағйирёбии иқлим, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, смм, конвенсияи смм оид ба тағйирёбии иқлим, иҷтимоъ
Тоҷикистон пешнависи қатъномаи СММ дар бораи иқлимро дар Бангкок муаррифӣ кард
Ҳуҷҷат рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби рӯзномаи иқлим байни кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором пешбинӣ мекунад.
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тоҷикистон пешнависи қатъномаро дар бораи тағйири иқлим муаррифӣ кард.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии чунин аснод дар пойтахти Таиланд сурат гирифт.
Маълум аст, ки лоиҳа "Тақвияти ҳамкорӣ оид ба тағирёбии иқлим ва пайвастагии об барои рушди устувор дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором" ном дошт.
Дар ин резолютсия вусъат додани ҳамкории мамлакатҳои аъзои Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, он барои ноил шудан ба Ҳадафи №6 рушди устувор (Оби тоза ва беҳдошт) мусоидат мекунад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни муаррифӣ намояндаи ҷумҳурӣ нақши пешбаранда ва таъсири кишварро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим қайд намуд.
Илова бар ин, дар рафти чорабинӣ аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки қабули минбаъдаи ин ҳуҷҷатро дастгирӣ намуда, ба ин васила рушди устувори рӯзномаи иқлимро дар минтақа таъмин намоянд.
Қаблан маълум шуд, ки охири моҳи майи соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, кишварҳои узви БРИКС-ро барои ширкат дар ин чорабинӣ даъват кардааст. Бояд гуфт, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст.