Сулҳ, дӯстӣ, Наврӯз: рӯйдодҳои асосии моҳи март дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПодписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Обуна шудан
Моҳи сипаришуда бо рӯйдодҳои рангину мусбати ғайриоддӣ хотирмон шуд, ки ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишварҳо таъсири бузург хоҳанд гузошт
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Наврӯзи хуҷистапай, Рамазони муборак, гуфтушунидҳои муҳим дар Маскаву Хуҷанд, кафкӯбиҳо ба хотири тоҷикон дар Порис, чунин буданд чанде аз рӯйдодҳои моҳи гузашта, ки дар хотир хоҳанд монд. Дар бораи дигар хабарҳои муҳими моҳи март дар маводи Sputnik Тоҷикистон бихонед.

Сафари таърихии Раҳмон ба Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 12-13 март бо сафари давлатӣ аз Қирғизистон дидан кард. Дар чаҳорчӯби ин сафар, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои худ Содир Ҷабборов мулоқот карда, бо ӯ созишномаи калидӣ дар бораи аломатгузории марзҳои давлатиро имзо кард ва ба ин васила ҳассостарин масъалаи равобити дуҷонибаро ҳал кард. Дар рафти сафар 16 созишнома дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо ва фарҳанг низ баста шуданд.
Мушкилоти меросии ҳалношудаи марз аз замони шӯравӣ боқӣ монда, боиси чанд муноқишаҳои мустақим миёни марзбонони ин кишварҳо шуд. Соли 2021, пас аз чунин даргирӣ, марзҳо байни кишварҳо баста шуданд ва муносибатҳо амалан яхбандӣ шуданд. Ин қариб ба тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ, аз тиҷорат то мубодилаи донишҷӯён таъсир расонд.
Подписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ва Ҷабборов созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд
Чунончӣ, равобити тиҷории кишварҳо дар авҷи рушд, яъне соли 2014 ба 83 миллион доллар расид (албатта, ин рақам баъдан коҳиш ёфт ва дар соли 2020 ба 37 миллион расид), аммо пас аз муноқишаи марзӣ дар соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2023 то ба 12 миллион коҳиш ёфт. Ҳоло Душанбеву Бишкек фурсати аздастрафтаро ҷуброн кардан мехоҳанд.
Раҳмон дар бораи нияти Тоҷикистону Қирғизистон барои ба 500 миллион доллар расондани гардиши мутақобилаи мол изҳор дошт.
Ҳалли масоили марзӣ барои густариши равобити ҳамаҷонибаи ду кишвар роҳ мекушояд. Ҷонибҳо аллакай ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо барқарор намуда, сарҳадро боз карданд ва байни кишварҳо парвозҳои мустақим аз сар гирифта шуданд.

Мулоқот бо Путин дар Кремл

Миёнаи моҳи март Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав дидан кард. Дар ҷараёни ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Кремл бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот дошт ва вазъи равобити дуҷонибаро баррасӣ кард.
Дар фурудгоҳи Внуково-2 раисҷумҳурро муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақоми ҷониби Русия пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни музокирот Путин қайд кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2024 беш аз 7% афзоиш ёфта, 1,5 миллиард долларро ташкил додааст.
Эмомали Рахмон во время для прессы по итогам российско-таджикистанских переговоров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
Илова бар ин, ӯ Раҳмонро бо баргузории интихоботи порлумонӣ табрик гуфт ва ҳамчунин изҳор дошт, ки рӯзи 9-уми май дар таҷлил аз 80-умин солгарди Ғалаба раҳбари Тоҷикистонро интизор аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ изҳороти умедбахш карда, аз рушди босуръати равобити дуҷониба ёдовар шуд.
Дар пайи сафари Раҳмон ҷонибҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Барномаи шарикии стратегӣ дар соҳаи ҳарбӣ барои панҷ сол ба имзо расониданд. Президентҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то соли 2030 2,5 баробар афзоиш дода, ҳамкориҳои саноатӣ амиқтар шаванд.
Ҳодисаи асосӣ ин ширкати Раҳмон ва Путин дар маросими гузоштани таҳкурсии ду бино дар Душанбе - маркази таълимии кӯдакони лаёқатманд ва бинои Театри драмавии ба номи ба номи С. Маяковский буд.

Иҷлосияи якуми парлумони нав

Рӯзи 19 март дар шаҳри Душанбе нахустин иҷлосияи палатаи поёнии парлумони кишвари даъвати 7 баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Дар ҷаласа бо овоздиҳии пинҳонӣ раиси нав - вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Файзалӣ Идизода интихоб шуд, ки дар ин мақом Маҳмадтоҳир Зокирзодаро иваз кард.
Раҳмон зимни суханронӣ дар назди ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон вакилонро ба муносибати интихоб шуданашон табрик гуфта, қайд кард, ки имрӯз вазифаи асосии онҳо сазовори боварии мардум гаштан ва фаъолияти фаъолона ба нафъи кишвар бурдан аст. Вай ҳамчунин афзудани теъдоди занони вакил то 18 нафар, ки нисбат ба даъвати қаблӣ 4 нафар зиёдаст, таъкид кард, ки ин аз ширкати бештари занон дар ҳаёти сиёсии кишвар шаҳодат медиҳад.
Первая сессия Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Раҳмон аз парлумон хост ба болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон содиқона талош намоянд
Раҳмон аз ҷумла ба аҳамияти рақамисозии фаъолияти порлумон, шаффофият дар қабули қарорҳо таъкид кард ва аз вакилон даъват кард, ки дар омодагӣ ба рӯйдодҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Моҳи муқаддас ва идонаи март

Моҳи март барои Тоҷикистон чун анъана моҳи идҳост, зеро дар ин моҳ яке аз муҳимтарин ва қадимтарин ҷашнҳо, Наврӯз таҷлил мегардад. Бо дарназардошти рӯзҳои истироҳати расмӣ, охири моҳи март аслан ба "таътил" мубаддал мегардад.
Наврӯз имсол дар кишвар, бахусус дар пойтахт густарда таҷлил шуд. Гап сари он аст, ки Вазорати фарҳанг ва Кумитаи сайёҳӣ тасмим гирифтаанд, ки аз суннатҳои ҷашни бостонии форсӣ баҳри ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ва афзоиши шинохти Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода кунанд.
XVI саммит БРИКС. Пленарное заседание XVI саммита БРИКС  в формате аутрич / БРИКС плюс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2025
Путин мусалмононро бо Иди Рамазон табрик кард
Аз ҷумла, чорабиниҳои идонаро ҳамоиши байналмилалии "Наврӯзи Душанбе – меҳвари равобити фарҳангиву сайёҳӣ" ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин дар кишвар давоми як ҳафта ҷашнвораи Navruz Youth World Festival баргузор шуд, ки фаъолони тамоми ҷаҳонро гирди ҳам овард.
Ва ҳамин тавр, рӯзи 21-уми март дар баландтарин нуқтаи пойтахт, дар Боғи Ғалаба, соати чаҳори субҳ маросими истиқболи Наврӯз бо афрухтани гулхани азим оғоз шуда, баъдан тамоми рӯз консертҳои идона баргузор шуда, бо оташбозӣ анҷом ёфт. Бо даъвати мақомот бо ҳадафи рушди иқтидори гардишгарӣ блогнависон ва таъсиргузорони зиёди хориҷӣ барои ҷашни Наврӯз вориди Тоҷикистон шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин чорабиниро инъикос карданд.
Ва метавон гуфт, ки ин стратегияи ҳукумат барои таблиғоти Наврӯз аллакай натиҷа дод, зеро Тоҷикистонро теъдоди рекордии раҳбарони ҷаҳон бо фарорасии ҷашни баҳор табрик намуданд.
Аз ҷумла табрикоти Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, ки саҳми бузурги мардуми форсизабонро дар фарҳанги ҷаҳонӣ қайд кард, тааҷҷубовар буд.

Мулоқоти сеҷониба дар Хуҷанд

Аммо шояд муҳимтарин ҳодисаи моҳи март вохӯрии президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар Хуҷанд ба муносибати Наврӯз буд. Музокироти се раҳбар поёни ниҳоии баҳсҳои марзиро ифода карда, ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии кишварҳо таъкид намуд.
Ва ба манзури таъмини ҳуқуқӣ ба ин иқдоми муҳим Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев аҳднома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи дӯстии абадӣ дар Хуҷандро имзо карданд.
"Мо дар Тоҷикистон ба муносибатҳо бо Қирғизистону Узбекистон, ки бар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем", - таъкид кард Раҳмон зимни мулоқот ва рушди ҳамаҷонибаи равобити се кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Душанбе номид.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Раисҷумҳурони се кишвар ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи санги ёдбуди рамзӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки музокирот дар бораи он ҳанӯз дар соли 2007 оғоз шуда буд, ба таври маҷозӣ ширкат карданд. Қабл аз мулоқоти сеҷониба Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони Қирғизистону Узбекистон мулоқоти як ба як анҷом дода буд.
Зимни суҳбат бо Содир Ҷабборов вазъият ва дурнамои равобити Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуда, пас аз анҷоми он якҷоя бо ӯ санади таърихӣ, – Протоколи табодули санадҳои тасвиби Шартнома дар бораи сарҳади давлатии байни кишварҳоро, ки ба баҳсҳои ҳудудии байни Душанбе ва Бишкек хотима гузошт, имзо карданд.
Пас аз маросими табодули ҳуҷҷатҳо Раҳмон ва Ҷабборов хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка-Суғд”-ро, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, ба таври маҷозӣ ба истифода доданд.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Баъди мулоқот маросими ботантанаи ба имзо расондан ва мубодилаи ҳуҷҷати муҳими таърихӣ — протокол дар бораи мубодилаи тасдиқномаҳои шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ барпо гардид.
Бегоҳӣ президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар таҷлили Наврӯз ширкат намуда, барномаи фарҳангии “Баҳори дӯстӣ”-ро, ки дар майдони 20-умин солгарди истиқлолияти шаҳри Хуҷанд баргузор ва бо оташбозии дурахшон анҷом ёфт, тамошо карданд.

Бо як сархат

Рӯзи 15 март мулоқоти ғайрирасмии президенҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус ва раисиҷумҳури Озарбойҷон, ки тавассути телефон ба он ҳамроҳ шуд, баргузор гардид. Бино ба хабари дафтари матбуоти Кремл, чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва дӯстона гузашт. Тарафҳо масоили муҳимтарини рӯзномаи байналхалқӣ, инчунин муносибатҳои байнидавлатиро муҳокима карданд. Дар натиҷа раҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки рӯзи 9 май дар Маскав дар ҷараёни таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба вохӯрӣ намоянд.
26 март дар Порис дар яке аз қадимтарин театрҳои Фаронса — " Théâtre du Gymnase Marie-Bell", гурӯҳи балети Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳунарнамоӣ намуд. Директори театр Камолиддин Сайфидинзода хабар дод, ки баромади ҳунармандони тоҷик аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифта шуд ва гурӯҳи ҳунарӣ рӯзҳои наздик бо сафари ҳунарӣ ба Итолиё сафар мекунад.
Рустам Эмомали провёл встречу с первым вице-президентом Ассоциации национальных олимпийских комитетов, Президентом Олимпийского комитета Государства Катар Джоаном Бин Хамадом Аль Тани  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон ворид шавад
Бо дастури Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ, дар варзишгоҳи нав, ки дар Душанбе сохта мешавад, осорхонаи таърихи футболи тоҷик ифтитоҳ мешавад.
Китоби "Таърихи футболи тоҷик" низ аз чоп мебарояд. Дар он маълумоти пурқимате, ки ба инкишофи футболи кишвар дахл доранд, гирд оварда шудааст.
Дар Тоҷикистон Шӯрои байниидоравии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таъсис ёфт. Қарори дахлдори ҳукумат 28 феврали соли 2025 қабул шудааст. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки шӯро мақоми машваратӣ дошта, вазифаи он ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои пешгирии хушунати оилавӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0