https://sputnik.tj/20250331/saron-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-sozishnoma-tarikh-imzo-kardand-1066794921.html
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардорони се давлат дар ҷараёни мулоқот дар вилояти Суғд зери як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштанд
2025-03-31T14:48+0500
2025-03-31T14:48+0500
2025-03-31T15:00+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ӯзбекистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
содир ҷабборов
нишасти сарони се кишвар дар хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066795305_0:83:1280:803_1920x0_80_0_0_317fd3e1b0900f1287829a704b1a33f4.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов созишномаҳои таърихӣ ба имзо расониданд.Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса хабар дод.Ҳамин тавр, роҳбарон созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.Илова бар ин, президентҳо инчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадиро ба имзо расониданд.Имзо дар вазъияти тантанавӣ ва дар фазои дӯстона сурат гирифт. Сипас раисҷумҳурони се кишвар акси муштарак гирифтанд. Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҳамчунин "Маҷмааи дӯстӣ" - ро дар марзи кишварҳо боз карданд. Иншоот ҳамчун ёдгории дӯстии халқҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта шудааст. Маҷмаа дар марз дар минтақаи бетарафи вилоятҳои Суғд, Бодканд ва Фарғона муштарак сохта шудааст.Ёдовар мешавем, ки дар Суғд мулоқоти сеҷониба ва саммити сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.Дар доираи он тарафҳо бояд созишномаро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади ҷумҳуриҳо имзо кунанд. Дар Хуҷанд инчунин ҷашнҳои рангоранг ба ифтихори Наврӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо низ иштирок мекунанд.
https://sputnik.tj/20250331/rahmon-jabborov-sozish-marz-faolsozi-qismat-casa-1000-ro-ruydod-tarikh-1066782715.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066795305_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_136392c4780bbc66191efcff8963b274.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон мирзиёев ҷабборов созишнома
раҳмон мирзиёев ҷабборов созишнома
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
14:48 31.03.2025 (Навсозишуда: 15:00 31.03.2025) Эксклюзив
Кишвардорони се давлат дар ҷараёни мулоқот дар вилояти Суғд зери як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов созишномаҳои таърихӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса хабар дод.
Ҳамин тавр, роҳбарон созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.
Илова бар ин, президентҳо инчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадиро ба имзо расониданд.
Имзо дар вазъияти тантанавӣ ва дар фазои дӯстона сурат гирифт. Сипас раисҷумҳурони се кишвар акси муштарак гирифтанд.
Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҳамчунин "Маҷмааи дӯстӣ" - ро дар марзи кишварҳо боз карданд.
Иншоот ҳамчун ёдгории дӯстии халқҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта шудааст. Маҷмаа дар марз дар минтақаи бетарафи вилоятҳои Суғд, Бодканд ва Фарғона муштарак сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Суғд мулоқоти сеҷониба ва саммити сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар доираи он тарафҳо бояд созишномаро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади ҷумҳуриҳо имзо кунанд. Дар Хуҷанд инчунин ҷашнҳои рангоранг ба ифтихори Наврӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо низ иштирок мекунанд.