https://sputnik.tj/20250318/iqtisod-amniyatu-farhang-qanoatmandi-rahmon-muzokirot-maskav-1066615339.html
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо мақомоти Русия масъалаҳои калидии муносибатҳои ҳар ду давлат, инчунин мушкилоти муҳими минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард
2025-03-18T12:26+0500
2025-03-18T12:26+0500
2025-03-18T13:09+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
иқтисод
сиёсат
натиҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066614648_0:102:2048:1255_1920x0_80_0_0_670bf309179c8c632b9adacfcc5e2e79.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқоту музокирот бо Президенти Русия Владимир Путин, аз ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир, ки афзоиши тадриҷии гардиши мол мушоҳида мегардад, изҳори қаноатмандӣ кардВай ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 15,6%афзуда, 2 миллиард долларро ташкил дод.Вай илова кард, ки мақомоти ҳар ду кишвар аз фаъолияти ширкатҳо бо сармояи Русияро дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳудуди 400 ададро ташкил медиҳанд, истиқбол менамояд.“Мо ба мувофиқа расидем, ки кори муштаракро дар соҳаи кооператсияи саноатӣ фаъол гардонем”,- гуфт ӯ.Эмомалӣ раҳмон ҳамчунин аз ҷараёни мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ таъкид кард.Раҳбари Тоҷикистон инчунин комплекси агросаноатиро ҳамчун самти дурнамодори ҳамкорӣ таъкид кард.Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии Тоҷикистон барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид кард.Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ кишвардори Тоҷикистон гуфт мо ба мувофиқа расидем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати "Росатом" марҳилаи дуюми лоиҳаи безараргардонии партовгоҳҳои уранро дар шимоли Тоҷикистонро татбиқ намоем.Раҳбари Тоҷикистон инчунин аз гузаронидани экспедитсияҳоро аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат барои омӯзиши вазъи пиряхҳои Тоҷикистон хабар дод.Зимни музокирот Тоҷикистону Русия ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карданд.Кишвардори Тоҷикистон эълон кард, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешавад.Рооҳбарони ду кишвар ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намуданд.Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки айни ҳол 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.Раҳбарони ду кишвар ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад.“Ҳамёрии ҷонибҳо дар ин самт доираи васеи масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятро фаро мегирад. Ин, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад”- гуфт ӯҲамчунин раҳбари Тоҷикистон аз Русия барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба об ва иқлим изҳори миннатдорӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аз натиҷаҳои музокирот қаноатманд аст.Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия кӯшиш хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250317/putin-tojikiston-navruz-rahmon-piruzi-hizb-intikhobot-1066600453.html
https://sputnik.tj/20250317/putin-rusiya-shariki-asosi-tijori-tojikiston-1066601200.html
https://sputnik.tj/20250317/rahmon-putin-maskav-sokhtmoni-teatr-mayakovskiy-dushanbe-oghoz-1066606029.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066614648_19:0:1839:1365_1920x0_80_0_0_dbe87c9a71ba8ac815cb437a23334e91.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, қаноатмандӣ, раҳмон, натиҷа, сафар, маскав, путин, музокирот
тоҷикистон, русия, қаноатмандӣ, раҳмон, натиҷа, сафар, маскав, путин, музокирот
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
12:26 18.03.2025 (Навсозишуда: 13:09 18.03.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо мақомоти Русия масъалаҳои калидии муносибатҳои ҳар ду давлат, инчунин мушкилоти муҳими минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқоту музокирот бо Президенти Русия Владимир Путин, аз ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир, ки афзоиши тадриҷии гардиши мол мушоҳида мегардад, изҳори қаноатмандӣ кард
Вай ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 15,6%афзуда, 2 миллиард долларро ташкил дод.
“Мо барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ то соли 2030 ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила ба мувофиқа расидем”,- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки мақомоти ҳар ду кишвар аз фаъолияти ширкатҳо бо сармояи Русияро дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳудуди 400 ададро ташкил медиҳанд, истиқбол менамояд.
“Мо ба мувофиқа расидем, ки кори муштаракро дар соҳаи кооператсияи саноатӣ фаъол гардонем”,- гуфт ӯ.
Эмомалӣ раҳмон ҳамчунин аз ҷараёни мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ таъкид кард.
Раҳбари Тоҷикистон инчунин комплекси агросаноатиро ҳамчун самти дурнамодори ҳамкорӣ таъкид кард.
“Дар ин ҷода мо ба ҷониби Русия пешниҳод намудем, ки иқдомотро дар самти таъсис додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, бахусус корхонаҳои коркарди сабзавоту меваҷот, ашёи хоми пахта, пӯст ва пашмро фаъол гардонад”,- афзуд раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии Тоҷикистон барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид кард.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ кишвардори Тоҷикистон гуфт мо ба мувофиқа расидем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати "Росатом" марҳилаи дуюми лоиҳаи безараргардонии партовгоҳҳои уранро дар шимоли Тоҷикистонро татбиқ намоем.
Раҳбари Тоҷикистон инчунин аз гузаронидани экспедитсияҳоро аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат барои омӯзиши вазъи пиряхҳои Тоҷикистон хабар дод.
Зимни музокирот Тоҷикистону Русия ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карданд.
Кишвардори Тоҷикистон эълон кард, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешавад.
Рооҳбарони ду кишвар ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намуданд.
“Кори байниидоравӣ дар ин соҳа фаъол гардонида мешавад”, - қайд кард ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки айни ҳол 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.
Раҳбарони ду кишвар ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад.
“Ҳамёрии ҷонибҳо дар ин самт доираи васеи масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятро фаро мегирад. Ин, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад”- гуфт ӯ
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон аз Русия барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба об ва иқлим изҳори миннатдорӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аз натиҷаҳои музокирот қаноатманд аст.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия кӯшиш хоҳад кард.