https://sputnik.tj/20250404/rustami-emomali-peshnihod-kushti-boziho-olimpi-osiyo-jahon-vorid-1066845495.html
Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон ворид шавад
Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон ворид шавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба эҳтимоли зиёд пешниҳоди Рустами Эмомалӣ аз сӯи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё ҷонибдорӣ шавад
2025-04-04T10:47+0500
2025-04-04T10:47+0500
2025-04-04T10:47+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
куштӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066846341_0:128:1280:848_1920x0_80_0_0_da05ff0147f6f5cb994c3ef9a874a266.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо ноиби президенти Ассосиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва президенти Кумитаи олимпии Қатар пешниҳод намуд, ки мусобиқаи куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон шомил шавад.Дар ин бора котиботи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.Манбаъ афзуд, ки дар муҳлатҳои наздик Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё таклифи Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки зимни мулоқот раиси шаҳри Душанбе мизбонии муваффақонаи Қатарро дар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ - Ҷоми Осиё оид ба футбол табрик гуфт.Таъкид гардид, ки воқеан варзиш воситаи муассири беҳдошти тарғиби тарзи ҳаёти солим барои инсоният, махсусан ҷавонон ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, дар Душанбе аз 5 то 8 апрел Форуми Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ доир мегардад.Аз Кумитаи ҷавоно дар робита ба ин чорабинӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки интихоб шудани Душанбе барои чунин чорабинӣ ба густариш додани ҳамкориҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муаррифӣ намудани фарҳанги миллиамон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имконияти мусоидро фароҳам меорад.Дар чорабинии мазкур то ҳол 65 нафар иштирокчӣ аз 18 давдати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштироки худро тасдиқ намудаанд.
https://sputnik.tj/20240902/avvalin-qahramonii-kushti-jahon-dushanbe-1064172364.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066846341_49:24:1202:889_1920x0_80_0_0_8a43996207a2f2c73e46241842c082d9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ куштӣ
Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон ворид шавад
Ба эҳтимоли зиёд пешниҳоди Рустами Эмомалӣ аз сӯи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё ҷонибдорӣ шавад
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо ноиби президенти Ассосиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва президенти Кумитаи олимпии Қатар пешниҳод намуд, ки мусобиқаи куштӣ ба Бозиҳои олимпии Осиё ва ҷаҳон шомил шавад.
Дар ин бора котиботи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки дар муҳлатҳои наздик Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё таклифи Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки зимни мулоқот раиси шаҳри Душанбе мизбонии муваффақонаи Қатарро дар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ - Ҷоми Осиё оид ба футбол табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки воқеан варзиш воситаи муассири беҳдошти тарғиби тарзи ҳаёти солим барои инсоният, махсусан ҷавонон ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, дар Душанбе аз 5 то 8 апрел Форуми Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ доир мегардад.
Аз Кумитаи ҷавоно дар робита ба ин чорабинӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки интихоб шудани Душанбе барои чунин чорабинӣ ба густариш додани ҳамкориҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муаррифӣ намудани фарҳанги миллиамон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имконияти мусоидро фароҳам меорад.
Дар чорабинии мазкур то ҳол 65 нафар иштирокчӣ аз 18 давдати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштироки худро тасдиқ намудаанд.