https://sputnik.tj/20250319/rahmon-parlumon-boloravii-sathi-nekuahvoli-sokinon-talosh-1066636178.html
Раҳмон аз парлумон хост ба болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон содиқона талош намоянд
Раҳмон аз парлумон хост ба болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон содиқона талош намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми парллумони Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ кард
2025-03-19T14:53+0500
2025-03-19T14:53+0500
2025-03-19T14:53+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
парлумон
маҷлис
сиёсат
парлумони тоҷикистон
вакилон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066632695_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_e98db8a74884ebcda75bb5abbb584ab5.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нахустин ҷаласаи тозаинтихоби парлумон аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуд.Вай аз вакилон талаб кард, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона талош намоянд.Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳайати нави парлумон аз мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа иборат мебошанд.Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони нав 18 нафар занон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш нақши парлумонро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ кард ва талаб кард, ки фаъолияти парлумон дар ин самт боз ҳам беҳтар гардад.Президенти дастур дод, ки парлумон ҳамкориро бо мақомоти дахлдор вусъат бахшад.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилони парлумон дастур дод, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.Раҳбари кишвар таъкид кард, ки вакилон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ — ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват кард, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.
https://sputnik.tj/20250319/taghyiroti-kadri-rahmon-kadrhoi-javonro-vazifa-dodu-nafaqakhuronro-gusel-kard-1066628148.html
https://sputnik.tj/20250303/hizbi-rahmon-piruz-shud-natijai-intikhobot-parlumoni-tojikiston-1066423418.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066632695_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_0e9cf249df16d45602818041c5603c89.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вакилон, парлумон, ҷаласа, эмомалӣ раҳмон, суханронӣ
тоҷикистон, вакилон, парлумон, ҷаласа, эмомалӣ раҳмон, суханронӣ
Раҳмон аз парлумон хост ба болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон содиқона талош намоянд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми парллумони Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нахустин ҷаласаи тозаинтихоби парлумон аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуд.
Вай аз вакилон талаб кард, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона талош намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳайати нави парлумон аз мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа иборат мебошанд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони нав 18 нафар занон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш нақши парлумонро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ кард ва талаб кард, ки фаъолияти парлумон дар ин самт боз ҳам беҳтар гардад.
Президенти дастур дод, ки парлумон ҳамкориро бо мақомоти дахлдор вусъат бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилони парлумон дастур дод, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки вакилон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ — ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват кард, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.