Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмон ва Ҷабборов созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд

© Foto / Пресс-служба президента КыргызстанаПодписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Подписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Обуна шудан
Санади таърихиеро, ки ҷумҳуриҳо солҳои тӯлонӣ барои имзои он талош мекарданд, дар мулоқоти муштараки раҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаро дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расонданд.
Аъзоёни хайати аз имзои санади таърихӣ истиқбол карданд.
Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.
Ҳамчунин, миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар Созишнома оид ба зерсохтори обӣ-энергетикӣ ва Созишнома оид ба зерсохтори роҳу нақлиёт ба имзо расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба ва имзои созишнома қайд кардааст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошуда дар равобити дуҷониба саҳифаи нав мекушояд.
"Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои мулоқот ҳамкориҳои кишварҳоямонро ба сатҳи баландтаре мерсонад, ки ба манфиатҳои бунёдии халқҳоямон ҷавобгӯ бошад", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Содир Ҷабборов дар навбати худ таъкид кард, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон мебошад.
Государственный визит президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Кыргызскую Республику. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2025
Раҳмонро Ҷабборов ботантана дар фурудгоҳи Манас пешвоз гирифт -акс
"Кишварҳои моро таърих, анъана ва фарҳанги бостонӣ бо ҳам мепайвандад. Мо оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои якхела дорем”, - гуфтааст Содир Жапаров.
Ёдовар мешавем, ки ӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Лентаи хабарҳо
0