Ахбори ҷиноӣ ва вохӯриҳои муҳим: Моҳи феврал дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд

© Foto / ГКНБ ТаджикистанПодписание документа о границе между главой ГКНБ Таджикистан Саймумин Ятимов и главой ГКНБ Кыргызстан Камчибек Ташиев
Подписание документа о границе между главой ГКНБ Таджикистан Саймумин Ятимов и главой ГКНБ Кыргызстан Камчибек Ташиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Обуна шудан
Моҳи гузашта боз бо як қадами мусбат дар самти наздикшавии Душанбеву Бишкек ва хабарҳо оид ба парвандаҳои ҷиноии пурсарусадо дар хотир монд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Моҳи феврал аз хабарҳои ҷиноӣ бой буд, - додситонӣ аз ҷузъиёти "парвандаи Конибодом" хабар дод ва Додгоҳи олӣ бошад, аз рӯи "парвандаи табаддулоти давлатӣ" ҳукм содир кард.
Ба ғайр аз ахбори ташвишовар боз хабарҳои хуш ҳам буданд. Масалан, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳилаи ниҳоии аломатгузории ниҳоии марз расиданд ва дар парлумони Қирғизистон шарҳ доданд, ки Душанбе ва Бишкек кадом қаламравро табодул кардаанд. Моҳи сипаришуда боз чӣ хотирмон буд, - дар матлаби Sputnik Тоҷикистон хонед.

Ҳукми парванда оид ба"табаддулоти давлатӣ"

Рӯзи 5 феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати айбдоршавандагони парвандаи пурсарусадои "табадуллоти давлатӣ", ки ба он мансабдорони собиқ, сиёсатмадорони воломақом ва рӯзноманигорон шомиланд , ҳукм содир кард.
Ҳукм дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахт эълон шуд, тамоми рафти мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт. Додгоҳ раиси пешини Ҳизби демократӣ Саидҷаъфар Усмонзода ва собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифиро ба 27 соли зиндон маҳкум кард.
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров ва полковник Нурамин Ғанизода ҳар кадом ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.
Абдулфайз Атоӣ, раиси пешини яке аз раёсатҳои вазорати хориҷӣ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Илова бар ин, додгоҳ рӯзноманигори тоҷик ва ҷияни Шокирҷон Ҳакимов Рухшона Ҳакимоваро низ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот ӯро ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳам кардаанд. Ин ҳукм дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои хосе ба бор овард, зеро ин зани ҷавон ду кӯдаки хурдсол дорад.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Додгоҳи олӣ гуфт, чаро мурофиаи парвандаҳои "табаддулот" пӯшида гузашт
Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи таъини хат ва аломатгузории марзро тасдиқ карданд
Рӯзи 21 феврал ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматӣ таҳти раҳбарии сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар - Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳисоботи гурӯҳҳои кориро шунида, корҳои анҷомдодаро тасдиқ намуда, лоиҳаи созишномаи ниҳоии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро тасдиқ намуданд. Ҳуҷҷат барои имзои ниҳоии президентҳои ду кишвар омода шудааст.
Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ҳамчунин созишнома дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳо, истифодаи чорроҳаҳо ва Созишномаи байни ҳукуматҳо дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энергетикаро тасдиқ карданд.
Тавре Ташиев дар парлумони Қирғизистон хабар дод, ҷонибҳо тамоми масъалаҳои асосиро ҳал намуда, мубодилаи баробари қитъаҳои заминро таъмин намуданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда, Қирғизистон дар минтақаи Қайроғоч 155 гектар замин гирифт. Ба ивази ин ба Тоҷикистон 190 гектар, аз ҷумла қитъаҳои Саъда, Раззоқов, Селкан, Майти, Пролетарск, Ак-Ариқ ва Улак-жай, инчунин бозори "Достук" ва шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом/Арка дода шуд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо имкон пайдо шуд, ки масъалаҳои марбут ба вилоятҳои Бодканд ва Исфара ҳал шаванд. Аз ҷумла, деҳаи Достук комилан ба Тоҷикистон гузашт, зеро он барои Қирғизистон аҳамияти стратегӣ надошт. Ба ивази ин Бишкек 91 гектар замин ва ҳамчунин 30 гектари иловагӣ дар Лаккон гирифт, ки ба он ҷо кӯчонидани сокинони Достук дар назар аст.
Яке аз ҷанбаҳои асосии созишнома масъалаи таъмини об буд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки обанбори "Головной"-ро, ки аҳамияти стратегӣ дорад, баробар – 1,5 қисматӣ ба ҳар кишвар тақсим кунанд.
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
“Ва дигарон”: таъйиди боздошти чеҳраҳои маъруф аз сӯи Прокуратураи генералӣ
Илова бар ин, Қирғизистон 500 гектар дар Унжу-Булан, ки қаблан минтақаи муноқиша буд, 100 гектар дар Қароол-Дон, воқеъ дар даромадгоҳи Сулукта ва 150 гектар дар Катта-Туз гирифт. Дар натиҷа, хати сарҳад аз шоҳроҳи Сулюкта дуртар шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки роҳҳоеро бо мақоми бетараф созанд, то сокинони шаҳракҳои наздимарзӣ бидуни убури марз бо онҳо озодона ҳаракат кунанд.

Сафари сарвазир ба Эрон

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 17 феврал аз пойтахти Эрон дидан кард. Рӯзи дигар вай дар форуми III иқтисодии Каспий иштирок кард.
Расулзода зимни суханронии худ аҳамияти ин чорабинӣ барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи баҳри Ҳазар, бахусус дар бахшҳои тиҷорат ва экологияро таъкид кард.
Вай гуфт, дар соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи баҳри Хазар 20% афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин ба рушди долони нақлиётии Каспий, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, таъкид шуд.
Сарвазир изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи дилхоҳ тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи мошинсозӣ, саноати кимиё, металлургия ва кишоварзӣ ба даст хоҳад омад.
Расулзода таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст барои сармоягузорон аз кишварҳои ҳавзаи Хазар шароити мусоид барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварад.
Дар анҷоми суханронии худ ӯ аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар мавриди эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, иштирокчиёни форумро барои иштирок дар конфронс бахшида ба ин мавзӯъ, ки охири моҳи май дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Третий Каспийский экономический форум в Тегеране. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Расулзода: Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар “энергияи сабз” диҳад
Расулзода бо раиси ҷумҳурии исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми муомилоти моли мутақобила ба 500 миллион доллар расонида шавад.
Зимнан зикр гардид, ки лағви раводид миёни ду кишвар низ ба афзоиши гардиши мол мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин, низоми бидуни раводид равобити фарҳангии ду кишварро тавсеа бахшида, ба рафтуомади сайёҳони эронӣ ва тоҷик мусоидат хоҳад кард, гуфт Пизишкиён.
Инкишофи минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳар ду кишвар афзалияти муҳим хоҳад шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин имкони сармоягузории Эрон дар тарҳҳои энержӣ ва нақлиётӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи робитаҳои фарҳангӣ ва забонӣ сухан ронда, ба пешрафти назаррасе, ки пас аз сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон ба даст омадааст, таъкид карданд.

Ҷараёни тафтишот нисбати қотилони Конибодом

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 14 феврал дар нишасти хабарӣ ангезаи аслии ҷинояткорон, ки кушторҳо дар Конибодомро анҷом додаанд, ба даст овардани амвол ва ниқоргирӣ унвон кард.
Додситони кулл зикр кард, ки дар робита ба ин ҷиноятҳо "бисёр одамон зери шубҳа қарор доранд", вале ба хотири халал нарасондан ба тафтишот номашонро ифшо кардан наметавонад.
"Мо медонем, ки дар ин кор нафаре бо номи тахаллусӣ даст доштааст, вале то замоне, ки тафтишот аслияти ӯро ошкор накунад ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ накунад, гумонбар эълон кардани ин нафар нодуруст аст. Ҳоло нафарони зиёде мавриди тафтиш қарор доранд, ҳуввияти онҳоро муайян мекунем, мефаҳмем, ки дар ин кор даст доранд ё на ва ҳар як гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ мекашем", - гуфт Воҳидзода.
Ӯ бори дигар таъкид кард, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ситод таъсис дода шуда, гурӯҳҳои фаврӣ -тафтишотӣ бо иштироки кормандони тамоми сохторҳои қудратии Конибодом фаъолият доранд.
Стела в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Боздошти 4 нафар дар робита ба қатлҳои мудҳиш дар Конибодом
Воҳидзода ҳамчунин хабар дод, ки феълан барои муайян кардани гуноҳи чаҳор нафари қаблан боздоштшуда дар содир намудани куштор дар Конибодом ва дигар ҷиноятҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Қаблан, рӯзи 13 феврал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки дар робита ба ҳаводиси Конибодом, "якчанд нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд".
Ҳанӯз пештар раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода хабар дода буд, ки "нафарони боздоштшуда ба хотири гумроҳ кардани тафтишот ва ба умеди ҷазои сабуктар аз ду нафари дигар, ки гӯё шарики ин ҷиноят буданд, ном бурдаанд."

“Парвандаи кӯшиши ҳамлаи террористӣ" дар шаҳри Ваҳдат

Дар миёнаи моҳи феврали соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ баъзе ҷузъиёти кӯшиши ҳамлаи террористӣ дар Ваҳдат дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли гузаштаро ошкор кард. Гуфта шуд, ки дар робита ба ин ҷиноят беш аз 30 нафар боздошт ва ба мӯҳлатҳои аз 8 то 20 сол маҳкум шуданд. Ҳоло 10 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Тобистони соли гузашта Додситонии кулл хабар дода буд, ки беш аз 20 нафар бо иттиҳоми сӯиқасд ба анҷоми амали террористӣ бо роҳи заҳролудкунии оммавии мардум дар арафаи Наврӯз боздошт шудаанд ва ҳамаи онҳо узви созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) мебошанд, созмоне, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода , сардори Раёсати мубориза бо терроризм ва ифротгароии Додситонии кулли Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар робита ба ҷиноятҳои террористӣ дар шаҳри Ваҳдат таҳти раҳбарии Абӯбакр Ҳикматов, алайҳи беш аз 30 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ҳамаашон то 28 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
Председатель Агентства по контролю за наркотиками Хабибулло Вохидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат
Дар бораи боздошти даҳҳо нафари марбут ба сӯиқасд ба ҳамлаи террористӣ дар остонаи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат бори аввал баҳори соли гузашта, баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” хабар дода шуд.
Додситонии кулли кишвар баъдан таъйид кард, ки беш аз 20 нафар бо иттиҳоми кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар арафаи Наврӯз дар кишвар боздошт шудаанд ва ҳамаи онҳо узви ДИИШ будаанд.

Бо як сархат

Блогнависи тоҷик Салмон Раҷабзода, маъруф ба Ҷумъабой, баъди беш аз як соли ҳабс рӯзи 20 феврал дар Русия аз боздошт раҳо шуд. Раҷабзода, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи январи соли 2024 бо иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва таҳқири шаъну шараф" боздошт шуда буд. Тафтишот таъйид накардааст, ки наворҳои саҳнагузоришуда, ки ӯ нашр кардааст, "духтарони славяниро таҳқир мекунанд ва шаъну шарафи онҳоро паст мезананд".
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 25 феврал бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми кишвар тасмим гирифт, ки моҳи Рамазон аз 1 март оғоз шавад. Ҳамчунин эълом шуд, ки ҳаҷми садақаи фитр (садақае, ки мӯъминон дар вақти рӯзадорӣ медиҳанд) 8 сомонӣ хоҳанд буд. Закот имсол ба 900 сомонӣ расид. Онро шахсоне медиҳанд, ки камаш 36 ҳазор сӯм маблағи иловагӣ доранд.
"Wildberries" нахустин нуқтаҳои хариду фурӯши худро дар пойтахт 21 март, ҳангоми ҷашни Наврӯз боз мекунад. Аввалин нуқтаи додани мол аллакай мавҷуд аст — он дар маркази шаҳр, дар бинои нав дар рӯ ба рӯи собиқ "Бозори сабз" воқеъ аст. Аломати Wildberries аз ҷониби сокинони шаҳр аллакай мушоҳида шудааст.
Мальчик молится в центральной мечети Бишкека имени Имама Сарахси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Оғози моҳи мубораки Рамазон дар кишварҳои ҷаҳон ба ривояти тасвир
Рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки дар ҷараёни он иқдомоти мушаххаси густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро баррасӣ карданд. Раҳбарон ҷараёни иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосилшударо баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0