https://sputnik.tj/20250213/dodgoh-oli-sabab-pushida-murofia-parvanda-tabaddulot-1066211310.html
Додгоҳи олӣ гуфт, чаро мурофиаи парвандаҳои "табаддулот" пӯшида гузашт
Додгоҳи олӣ гуфт, чаро мурофиаи парвандаҳои "табаддулот" пӯшида гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар нуҳ муттаҳам дар парвандаи "табаддулот" бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 8 то 27 соли маҳрумият аз озодиро гирифтанд 13.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-13T15:30+0500
2025-02-13T15:30+0500
2025-02-13T15:30+0500
дар тоҷикистон
додгоҳи олӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Парвандаи пурсару садои собиқ мақомдорони Тоҷикистон, ки то ҳол аз сӯи ягон ниҳод шарҳу тавзеҳ дода нашуд, ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш шарҳ дод.Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, муттаҳамон аз 8 то 27 соли маҳрумият аз озодиро гирифтанд.Ӯ аз ҷумла ҳукми Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистонро шарҳ дода гуфт, ӯ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин Саидҷаъфар Усмонов, раиси пешини Ҳизби демократ низ ба 27 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.Масъулони ин ниҳод сабаби паси дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаро низ тавзеҳ доданд.Аз ҷумла гуфта шуд, ки тибқи талаботи қонуни Ҷқмҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, қонун муйян кардааст, ки ҳаст категорияи парвандаҳое, ки дар онҳо маълумотҳое мавҷуданд, ки вобаста ба амнияти давлат рабт доранд, ё маълумотҳое ҳастанд, ки ба дахлнопазирии ҷинсӣ дахл доранд ё ҷабрдидагон ё шоҳидоне, ки вобаста ба манфиати онҳо парвандаҳо бояд пӯшида гузаронда шаванд. Ёдовар мешавем. дар курсии муттаҳамон ба ҷуз аз Ҳамрохон Зарифӣ ва Саидҷаъфар Усмонов ҳамчунин Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ, Нурамин Ғанизода, собиқ корманди амният, Ҷамшед Боев, собиқ корманди амният, Абдулфайз Атоӣ, собиқ сухангӯи ВКХ, Рухшона Ҳакимова хабарнигор.Бо ҳукми додгоҳи олӣ, Искандаров, Ҳакимов, Комилзода, Ғанизода ва Боев ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин Атоӣ 17 сол ва Ҳакимова ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.
https://sputnik.tj/20240809/digaron-tayidi-bozdoshti-chehrahoi-maruf-prokuraturai-generali-1063865008.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, додгоҳи олӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, парванда
дар тоҷикистон, додгоҳи олӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, парванда
Додгоҳи олӣ гуфт, чаро мурофиаи парвандаҳои "табаддулот" пӯшида гузашт
Ҳар нуҳ муттаҳам дар парвандаи "табаддулот" бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 8 то 27 соли маҳрумият аз озодиро гирифтанд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Парвандаи пурсару садои собиқ мақомдорони Тоҷикистон, ки то ҳол аз сӯи ягон ниҳод шарҳу тавзеҳ дода нашуд, ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш шарҳ дод.
Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, муттаҳамон аз 8 то 27 соли маҳрумият аз озодиро гирифтанд.
Ӯ аз ҷумла ҳукми Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистонро шарҳ дода гуфт, ӯ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин Саидҷаъфар Усмонов, раиси пешини Ҳизби демократ низ ба 27 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.
Масъулони ин ниҳод сабаби паси дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаро низ тавзеҳ доданд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки тибқи талаботи қонуни Ҷқмҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, қонун муйян кардааст, ки ҳаст категорияи парвандаҳое, ки дар онҳо маълумотҳое мавҷуданд, ки вобаста ба амнияти давлат рабт доранд, ё маълумотҳое ҳастанд, ки ба дахлнопазирии ҷинсӣ дахл доранд ё ҷабрдидагон ё шоҳидоне, ки вобаста ба манфиати онҳо парвандаҳо бояд пӯшида гузаронда шаванд.
"Ин парвандаҳо ба реҷаи махфӣ ворид шуданд, зеро дар парвандаҳо маълумотҳое мавҷуданд, ки ба амнияти давлат рабт доранд", - гуфта шуд дар нишасти хабарӣ.
Ёдовар мешавем. дар курсии муттаҳамон ба ҷуз аз Ҳамрохон Зарифӣ ва Саидҷаъфар Усмонов ҳамчунин Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ, Нурамин Ғанизода, собиқ корманди амният, Ҷамшед Боев, собиқ корманди амният, Абдулфайз Атоӣ, собиқ сухангӯи ВКХ, Рухшона Ҳакимова хабарнигор.
Бо ҳукми додгоҳи олӣ, Искандаров, Ҳакимов, Комилзода, Ғанизода ва Боев ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.
Ҳамчунин Атоӣ 17 сол ва Ҳакимова ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.