“Ва дигарон”: таъйиди боздошти чеҳраҳои маъруф аз сӯи Прокуратураи генералӣ

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт ва оғози парванда алайҳи чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва аъзои собиқи ҳукумати Тоҷикистонро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 9 август — Sputnik. Ин иттифоқот дар пайи боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, узви парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон афтода будаанд.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш таъйид кард, ки як теъдод аз чаҳраҳои сиёсӣ ва аъзои собиқи ҳукуматро Прокуратураи генералӣ боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
“Нисбати Усмонзода, Ҳакимов, Комилзода, Искандаров, Зарифӣ ва чанд нафари дигар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд ва аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд. Ба хотири фош нагардидани сирри тафтишот ман аз муҳтавои онҳо маълумот дода наметавонам”, гуфт Юсуф Раҳмон.
Вай афзуд, касе, ки ба давлат, миллат ва президенти мамлакат хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад ва ин ба он ки чӣ вазифаҳоро ишғол мекунад ва ё ишғол карда буд, ҳеҷ бастагие надорад.
“Ҳамаи онҳо бо иттиҳом ба нақзи моддаҳои шабеҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боздошт шудаанд ва ба ҳам муртабит ҳастанд”, - гуфт Прокурори генералӣ.
Қаблан бархе аз наздикону пайвандони ин афрод ба “Спутник Тоҷикистон” боздошт ё мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани онҳоро таъйид карданд ва нахостанд дар ин мавзуъ суҳбат кунанд ба ин далел, ки ин парванда “комилан махфӣ” аст.
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Боздошти 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ”*
Ҳарчанд Прокурори генералӣ дар бораи моддаҳое, ки боздоштшудагон аз рӯи онҳо муттаҳам мешаванд, тавзеҳот надод, ишораи ӯ ба он ки алайҳи ҳама ба иттиҳомоти мушобеҳ парванда боз шудааст ва ҳама ба ҳам иртибот доранд, бархе номафҳумиҳоро равшан мекунад.
Боздошти як теъдод чеҳраи намоёни сиёсӣ ва аъзои собиқи ҳукумати Тоҷикистон дар пайи боздошти Сайидҷафъар Усмонзода узви парлумон ва райиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон сурат гирифт.
Сайидҷафъар Усмонзода рӯзи 14 июн аз сӯи Прокуратураи генералӣ боздошт шуд ва шуруъ аз ҳамон рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ахбори мухталиф дар бораи боздошти як қатор сиёсатмадорон, вазирон, собиқ мансабдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ва ронандаву хешу ақрабои онҳо низ ахбор пахш шуданд.
Сухан аз боздошту бозпурсии беш аз 60 нафар мерафт, ки манобеъи “Спутник Тоҷикистон” фақат чанд нафар, аз ҷумла Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷӣ ва сафири Тоҷикистон дар Амрикову Ҷопон, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон, Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов, собиқ раиси Кумитаи нафту газ, Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нарзуллоҳ Наимов, собиқ фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва дигаронро таъйид карданд.
Бештар аз як моҳ пас 18 июл Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ аз сӯи Прокуратураи генералӣ боздошт шуд.
Аламшозода Абдурахман Аламшо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Мақомот аз ошкори се амали террористӣ дар Тоҷикистон хабар дод
Бино ба иттилоъи манобеъ, дар ҳоли ҳозир Акбаршоҳ Искандаров ҳанӯз таҳти боздошт қарор дошта, бақия пас аз бозпурсӣ раҳо шудаанд.
Ҳамзамон овозаҳо дар бораи бозпурсии Муҳаммадсайид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори собиқи Душанбе, Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон ва дигаронро низ касе то ба ҳол таъйид ё такзиб накардааст.
Дар ҳамин ҳол, он чӣ ба чунин боздошту бозпурсиҳоро мустақим ишора мекунад, суханронии Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аст, ки 14 июн дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон гуфт, Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон бо моддаи 306, қисми 2, банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам мешаванд.
Дар ин суханронӣ Прокурори генералии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ба хотири амалӣ кардани нақшаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.
Лентаи хабарҳо
0