https://sputnik.tj/20250215/juziyoti-nav-az-oshubi-akhir-dar-zindoni-vahdat-1066238339.html
Ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат
Ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат сардори ин зиндон захмӣ шудааст
2025-02-15T10:26+0500
2025-02-15T10:26+0500
2025-02-15T10:26+0500
дар тоҷикистон
ваҳдат
ошӯб
зиндон
додситони кулл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758840_0:102:2829:1693_1920x0_80_0_0_58a61edcef7ff9546d0ac2eef64d2079.jpg
ДУШАНБЕ. 15 фев – Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар зимни нишасти матбуотӣ ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдатро расонаӣ кард.Вай дар нишаст изҳороти қаблан дар расонаҳо нашршудаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро тасдиқ.“Гурӯҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карданд”, -гуфт додситони кулл.Вай илова кард, ки дар натиҷа се кормандони муассисаи ислоҳӣ ҷароҳат бардоштанд.Воҳидзода тасдиқ кард, ки дар ин ошӯб сардори зиндон дар шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст.Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки сабаби ошӯб ва аз ҷониби кӣ шудааст, тафтишот хоҳад шуд.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Додситонии кул дар муассисаи ислоҳӣ кор мекунад.“Дар ин ҳолат оиди сӯиқасди куштор ва номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ, ки инро моддаи 332 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”, - қайд кард Ҳабибулло Воҳидзода.Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3-юми феврал дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд. Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеи иттилоотӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дар он ҷасади 5 ва номи 7 кушташуда зикр мешуд.
https://sputnik.tj/20250213/rahimzoda-oshub-zindon-dar-vahdatro-kori-islomgaroyon-khond-1066210593.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758840_157:0:2673:1887_1920x0_80_0_0_f56263c9716f2499a3d4155ad34ca23e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ошӯб, зиндон, захмӣ, додситони кулл, ваҳдат
тоҷикистон, ошӯб, зиндон, захмӣ, додситони кулл, ваҳдат
Ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат
Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдат сардори ин зиндон захмӣ шудааст
ДУШАНБЕ. 15 фев – Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар зимни нишасти матбуотӣ ҷузъиёти нав аз ошӯби ахир дар зиндони Ваҳдатро расонаӣ кард.
Вай дар нишаст изҳороти қаблан дар расонаҳо нашршудаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро тасдиқ.
“Гурӯҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карданд”, -гуфт додситони кулл.
Вай илова кард, ки дар натиҷа се кормандони муассисаи ислоҳӣ ҷароҳат бардоштанд.
Воҳидзода тасдиқ кард, ки дар ин ошӯб сардори зиндон дар шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст.
“Яке аз онҳо ҷароҳати вазнин буда, дигаронаш каме вазнин ва сабук” аст”, - гуфт ӯ.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки сабаби ошӯб ва аз ҷониби кӣ шудааст, тафтишот хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Додситонии кул дар муассисаи ислоҳӣ кор мекунад.
“Дар ин ҳолат оиди сӯиқасди куштор ва номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ, ки инро моддаи 332 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”, - қайд кард Ҳабибулло Воҳидзода.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3-юми феврал дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд. Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеи иттилоотӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дар он ҷасади 5 ва номи 7 кушташуда зикр мешуд.