Боздошти 4 нафар дар робита ба қатлҳои мудҳиш дар Конибодом

© Sputnik / Амир ИсаевСтела в городе Канибадам
Стела в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан нисбати чор муттаҳам дар содир намудани силсила кушторҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Конибодом чор сокини маҳаллӣ дар робита ба қалтҳои мармуз, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ идома доранд, боздошт гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло нисбати ҳар чор муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Манбаъ номи муттаҳамонро низ расонаӣ намуда, зикр намуд, ки ду нафари онҳо сокинони 26 ва 27 - солаи деҳоти Гулбоғ буда, ду муттаҳами дигар мардҳои 28 ва 36 - сола сокинони деҳоти Лоҳутӣ ва Ҳамробоев мебошанд.
Манбаъ зикр намуд, ки фаъолияти гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Встреча председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзоды с активом города Канибадам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2024
Ба таҳлука наафтед: Аҳмадзода қатлҳои мармуз дар Конибодомро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели имсол шурӯъ шуд ва то ҳол беш аз 20 нафар ба қатл расонда шуданд.
Чанде пеш раиси вилояти Суғд аз ин ноҳия дидан кард ва бо мардумону мақомотҳои маҳаллӣ суҳбат кард.
Аҳмадзода иттилоъ дод, ки барои ошкор кардани ин ҷиноятҳои даҳшатбор беҳтарин мутахассисон даъват шудаанд ва мардумро бовар кунонд, ки қотибон дар зудтарин фурсат дастгир мешаванд.
Ӯ аз мардум хост ба таҳлука наафтанд ва бо кормандони мақомоотҳои марбута дар пайдо кардани қотибон ҳамкорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0