https://sputnik.tj/20250218/rasulzoda-tojikiston-omoda-kishvarho-havza-khazar-energiya-sabz-dihad-1066274216.html
Расулзода: Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар “энергияи сабз” диҳад
Расулзода: Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар “энергияи сабз” диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири ҷумҳурӣ бовар дорад, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳавзаи Хазар имконияту захираҳои бузурги ояндадор дорад
2025-02-18T17:29+0500
2025-02-18T17:29+0500
2025-02-18T17:29+0500
дар тоҷикистон
эрон
барқ
содирот
қоҳир расулзода
теҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066272080_0:50:3067:1775_1920x0_80_0_0_91678a9f247957743b9e937015100d37.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Танҳо дар соли 2024 ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар қариб 20% афзуда, беш аз 40%-и ҳаҷми умумии гардиши молии ҷумҳурӣро ташкил дод. Ин арқомро Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Анҷумани саввуми иқтисодии Хазар, ки дар Теҳрон баргузор шуд, эълом дошт.Вай ба мавҷудияти имконияту захираҳои бузург барои ҳамкорӣ дар минтақаи баҳри Хазар, аз ҷумла рушди долони байналмилалии нақлиётии Хазар, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, таъкид кард.Ӯ ба муносибатҳо дар соҳаи саноат дахл намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кимиё, металлургия ва кишоварзӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо 98% неруи барқи аз манбаъҳои таҷдидшаванда истеҳсолшаванда, омодааст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар "энергияи сабз" содирот намояд.Расулзода омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкорӣ ва сармоягузории тоҷирони кишварҳои ҳавзаи Хазар изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, Анҷумани Хазар барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва тиҷорат, аз ҷумла дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам оварда, ба майдони муколамаи васеъ оид ба масъалаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳо табдил ёфтааст.Дар шароити рӯйдодҳои иқтисодии ҷаҳонӣ он барои рушди устувор ва таҳкими ҳамгироии на танҳо кишварҳои ҳавзаи Хазар, балки дигар давлатҳои минтақа аҳамияти хоса пайдо кардааст, Расулзода қайд кард ва афзуд, ки минтақаи баҳри Хазарро яке аз марказҳои стратегӣ медонад.
https://sputnik.tj/20250218/muhammadrizo-orif-ravobit-siyosi-eron-tojikiston-behtarin-sharoit-1066264554.html
эрон
теҳрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066272080_27:0:2758:2048_1920x0_80_0_0_147df179c5233f16e2babb2a9de16db4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
расулзода тоҷикистон омода кишварҳо ҳавза хазар энергия сабз
расулзода тоҷикистон омода кишварҳо ҳавза хазар энергия сабз
Расулзода: Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар “энергияи сабз” диҳад
Сарвазири ҷумҳурӣ бовар дорад, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳавзаи Хазар имконияту захираҳои бузурги ояндадор дорад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Танҳо дар соли 2024 ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар қариб 20% афзуда, беш аз 40%-и ҳаҷми умумии гардиши молии ҷумҳурӣро ташкил дод.
Ин арқомро Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Анҷумани саввуми иқтисодии Хазар, ки дар Теҳрон баргузор шуд, эълом дошт.
Вай ба мавҷудияти имконияту захираҳои бузург барои ҳамкорӣ дар минтақаи баҳри Хазар, аз ҷумла рушди долони байналмилалии нақлиётии Хазар, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, таъкид кард.
Ӯ ба муносибатҳо дар соҳаи саноат дахл намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кимиё, металлургия ва кишоварзӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо 98% неруи барқи аз манбаъҳои таҷдидшаванда истеҳсолшаванда, омодааст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар "энергияи сабз" содирот намояд.
Расулзода омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкорӣ ва сармоягузории тоҷирони кишварҳои ҳавзаи Хазар изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Анҷумани Хазар барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва тиҷорат, аз ҷумла дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам оварда, ба майдони муколамаи васеъ оид ба масъалаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳо табдил ёфтааст.
Дар шароити рӯйдодҳои иқтисодии ҷаҳонӣ он барои рушди устувор ва таҳкими ҳамгироии на танҳо кишварҳои ҳавзаи Хазар, балки дигар давлатҳои минтақа аҳамияти хоса пайдо кардааст, Расулзода қайд кард ва афзуд, ки минтақаи баҳри Хазарро яке аз марказҳои стратегӣ медонад.