Оғози форсӣ: Чаро раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПресс-конференция глав государств Таджикистана и Ирана
Пресс-конференция глав государств Таджикистана и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2025
Обуна шудан
Сафари Пизишкиён метавонад муносибатҳои Душанбеву Теҳронро ба сатҳи нав барорад, ки дар он манфиатҳои амалии ду кишвар муҳимтар аз сиёсати бузург хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён ба унвони раҳбари тозаинтихоби Эрон рӯзҳои 15-16 январ нахустин сафари худро ба Душанбе анҷом дод.
Сафари ӯ як даври нави равобити ду кишварро тавсеа дода, бо имзои созишномаҳо ба маблағи садҳо миллион доллар ва ҳамзамон бо чанд рӯйдодҳои муҳим дар арсаи ҷаҳонӣ – оташбас дар навори Ғазза, тақсими нуфуз дар Сурия ва сӯҳбат дар бораи оташбаси эҳтимолӣ дар муноқишаи Украина рост омад.
Ва он чизе, ки дарҳол таваҷҷӯҳро ба омадани Пизишкиён ҷалб мекунад, прагматизм ва таъкид ба рӯзномаи башардӯстона аст.
Сафари ахири раисиҷумҳури пешини Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе, ки бар асари суқути ҳавопаймо даргузашт, бо изҳороти баланд дар бораи авзоъ дар Фаластин ва Афғонистон хотирмон шуд, вале аз нигоҳи созишҳои ниҳоӣ, маблағҳо ва тасмимҳои сиёсии он чандон бой набуд.
Нурекское водохранилище  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Эрон мехоҳад аз Тоҷикистон об интиқол кунад
Аммо дар мавриди Пизишкиён ҳама чиз баръакс шуд: ҳадди ақали муроҷиатҳои протоколӣ дар бораи сиёсати хориҷӣ, вале ҳадди аксар ишораҳои дӯстона ва муҳимтар аз ҳама – созишномаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар пайи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.
Sputnik Тоҷикистон таҳлил кард, ки боздиди раисиҷумҳури Эрон боз чӣ хотирмон буд ва он барои Теҳрону Душанбе чӣ маъно дорад.

Дастрасӣ ба баҳр дар ивази сармоягузорӣ

Боздиди раисиҷумҳури Эрон марҳилаи аввали сафари дипломатии ӯ буд, ки рӯзи 17 январ дар Маскав бо имзои як созишномаи муҳим дар бораи шарикии стратегӣ миёни Русия ва Эрон ба поён расид. Аммо боздид аз Душанбе ҳам барои Эрон ва ҳам барои Тоҷикистон камтар набуд.
Худи интихоби Масъуд Пизишкиён аз гуногунҷанба будани сиёсати ӯ шаҳодат медиҳад. Собиқадори ҷанги Эрону Ироқ, ҷарроҳи барҷаста, донанда ва омӯзгори Қуръон, аммо ҳамзамон ба унвони як "либерал"-и шартӣ дар ҷомеаи Эрон маъруф шуд, се бор талош кард, ки курсии раисҷумҳурро ишғол кунад. Ӯ тавонист худро ҳамчун сиёсатмадори мақсаднок, боэҳтиёт ва мутахассиси бузурги бисёр соҳаҳо нишон диҳад, ки ӯро барои дар сатҳи олӣ бастани созишномаҳои дарозмуддати гуногун шахсияти идеалӣ мегардонад.
Аббас Али Абиди  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Вазири нерӯи Эрон: Авлавияти Теҳрон тавсеаи равобит бо Душанбе аст
Ин дар соҳаи иқтисодӣ пурра зоҳир гардид. Чунончӣ, Раҳмон зимни суханронии худ таъкид кард, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни кишварҳо 50 дарсад афзоиш ёфта, 336 миллион долларро ташкил додааст ва ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар муқоиса бо ду соли қаблӣ 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Ва ба манзури истифодаи бештари зарфиятҳои тиҷорӣ, зимни ин сафар ҷонибҳо як барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони бандарҳо ва киштиронии дарёии Эрон барои тавсеъаи интиқоли бор тавассути бандари Чобаҳорро имзо карданд.
Созишномаро ду сол боз омода месохтанд ва мақомоти Тоҷикистон аз он умеди зиёд доранд, зеро дастрасӣ ба бандари Эрон бояд барои Душанбе масири сареъи содирот ва боз кардани бозорҳои навро фароҳам созад.
Вазорати нақлиёт аз ҷумла интизор дорад, ки Чобаҳор ва Бандар Аббос дар Халиҷи Форс ба Тоҷикистон дастрасӣ ба тиҷорати баҳрӣ, баланд бардоштани самаранокии роҳҳои нақлиётӣ, осон кардани дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва тавсеаи хатсайрҳои логистикӣ фароҳам меорад ва бо кам кардани боҷҳо ва пардохтҳо барои интиқоли бор то бандар имконоти нав мекушояд.
Ҷониби Эрон дар навбати худ сармоягузории Тоҷикистонро интизор аст. Чунончӣ, Фарзонаи Содиқ, раиси Вазорати роҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз тасмими бастани ёддошти тафоҳум дар мавриди ҷалби маблағ ва ҳамчунин ироаи хадамоти фаннӣ ва логистикӣ иттило дод.
Министр экономики и финансов Ирана Абдулнасир Хеммати   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад
Ба рушди ҳамлу нақли бор миёни кишварҳо нияти Теҳрон барои имзои як ёддошти тафоҳум дар бахши роҳи оҳан дар дохили ИДМ низ мусоидат мекунад, зеро қаблан ҳамлу нақли роҳи оҳани Эрон ба меъёрҳои ченаки роҳ дар қаламрави Иттиҳод мувофиқ набуд. Аз ҷумла, ин созишнома ба вагонҳо аз Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз Эрон ба саросари минтақа молро интиқол диҳанд.
Ва агар тадбирҳои маҷмуавии зикршуда пурра амалӣ шаванд, пас ба эътиқоди теъдоде аз коршиносон, гардиши мол миёни Эрон ва Тоҷикистон дар 5-6 соли оянда метавонад 3 баробар афзоиш ёбад.

Тиҷорати калон - фоидаи калон

Барномаи иқтисодӣ танҳо бо созишномаҳои таъминоти моддӣ маҳдуд набуд. Дар остонаи сафари Пизишкиён дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд, ки ҳадаф аз он роҳандозии равобити ширкатҳо ва соҳибкорони ду кишвар буд.
Айни замон дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият мекунанд, аммо намояндагони ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон бар ин назаранд, ки тоҷирони эронӣ зарфияти сармоягузории ин кишварро то ҳол ба таври комил арзёбӣ накардаанд ва зарур аст, ки ҳадди аксар барояшон ба пуррагӣ барои шиносоӣ бо бозори Точикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Чанд сол пеш Раҳмон ва Раисӣ низ аз зарурати густариши ҳамкориҳои соҳибкорӣ миёни кишварҳо ҳарф зада буданд. Ҷонибҳо ҳамчунин омодаанд, ки боҷҳоро коҳиш диҳанд ва монеаҳои дигар дар аксари бахшҳоро аз байн баранд, ки дар ин бора ҳарду президент ин дафъа дар ҳамоиши тиҷорату сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Душанбе таъкид карданд.
Какие возможности для Таджикистана и стран ЦА открывает визит Пезешкиана в Москву? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Сафари Пезишкиён ба Маскав барои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ чӣ имконотро фароҳам месозад?
Ва зоҳиран, хадамоти иҷроияи ҳарду кишвар ба эродҳои мақомоти баландпояи худ гӯш додаанд.
Раҳмон таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои зидахл барои сармоягузорони эронӣ ҳудуди 110 имтиёзи гумрукӣ ва 240 кафолати ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд.
Ва Самад Ҳасанзода, раиси палатаи бозаргонӣ ва саноати Эрон низ эълом кард, ки Теҳрон ва Душанбе дар ояндаи наздик ҳамкорӣ дар заминаи тарҳҳои фаннӣ ва муҳандисӣ, саноеъи нафту газ, дорусозӣ ва гардишгарии пизишкӣ ба таври қобили мулоҳиза тавсеа хоҳанд дод ва зарурати рушди соҳаи сайёҳиро дар заминаи бекор кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кард.
Дар ин ҳамоиш дар Душанбе 13 созишнома ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расид.

Тиб, Навруз ва қироати абёти Рудакӣ аз ҷониби президентҳо

Ва албатта, чун Эрон ва Тоҷикистон кишвари бародар ва ҳамфарҳанганд (чунон ки раҳбарони ҳарду кишвар пайваста ёдовар мешаванд), сафари Пизишкиён бо ташаббусҳои муҳими башардӯстона ва ишораҳои ҷолиб дар арсаи санъат ва илм низ хотирмон шуд.
Переговоры на высшем уровне президентов Ирана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Тоҷикистону Эрон 23 созишномаи нави ҳамкориро имзо карданд
Бо назардошти тарҷумаи ҳоли Масъуд Пизишкиён, ки собиқаи кор дар симати вазири тандурустии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад, масоили тавсеаи равобит дар соҳаи тиб тиб дар мадди аввал гузошта шуд. Сарвари Эрон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дидан кард, ки он ҷо ба ӯ номи фахрии профессор дода шуд, Зимни суханронӣ ӯ, дар навбати худ, хостори муолиҷаи аввалиндараҷаи афроди зери хатр қарордошта таъкид кард, ки маҳз ҳамин тоифаи шаҳрвандон дар ҷаҳони муосир осебпазир боқӣ мемонанд.
"Онҳое, ки пул, иртибот ва дониш доранд, ба зудӣ ба ҷое, ки лозим аст, мерасанд. Аммо, мо ҳамчун табибон бояд онҳоеро, ки осебпазир ҳастанд ва аз ӯҳдаи нигоҳубини худ маҳруманд, нигоҳубин кунем ва ба онҳо кумак кунем", - таъкид кард президент.
Бахши амалии барномаи "тиббӣ"-и сафар созишномаи муқаддамотӣ миёни Раҳмон ва Пизишкиён дар бораи таҳкими ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар ин соҳа буд.
Илова бар ин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи генетика ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Бо ин муассисаи эронӣ Донишгоҳи аграрии ба номи ба номи Ш. Шотемур ва ДДТТ низ созишнома бастанд.
Ёддоштҳои ҳамкорӣ миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони хунгузаронии Эрон ва ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Созмони некӯаҳволии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи иҷтимоӣ ва муҳофизати табақаҳои осебпазири аҳолӣ низ ба имзо расиданд.
Албатта, таваҷҷуҳи хоса ба ягонагии адабӣ ва забонии ду кишвар зоҳир карда шуд, ки рамзи муштараки таъриху фарҳанги бостонии кишварҳо мебошад. Барои нишон додани ин ягонагӣ президентҳои Эрон ва Тоҷикистон абёте аз ашъори шоири форсу тоҷик Рӯдакӣ қироат карданд.
Иранский порт Чабахар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Тоҷикистон ба бандари “Чобаҳор” сармоягузорӣ мекунад
Аммо шояд барҷастатарин дастоварди ин сафар ба Душанбе ифтитоҳи дубораи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷику форсӣ пас аз 10 сол буд.
"Дар мавриди мероси муштарак, таблиғи дастовардҳои адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва мусиқии халқҳо таҳқиқот гузаронида мешавад", - иброз дошт раиси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.
Дар мавриди изҳороти оммавӣ, муоширати Раҳмон ва Пизишкиён хеле гарм буд, ки ба вижа аз тобиши дӯстонаи сафар таъкид мекард.
Ҳамин тариқ, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сӯҳбат ҳамтои эронии худро ба таҷлили Наврӯз даъват карда, ба миқёс ва бузургии таҷлили он дар кишвар таъкид кард ва ҳамчунин зикр кард, ки ин на танҳо ҷашни оилавӣ, балки як ҷашни миллӣ аст, ки "давоми як моҳ таҷлил мешавад ва ҳама хушбахтанд."
Дар ҳамин ҳол, Раҳмон бо назардошти он, ки Наврӯз ҷашни пешазисломӣ буда, раисҷумҳури Эрон бошад, донандаи Қуръон аст, таъкид кард, ки дар сурати сафари идонаи Пизишкиён, албатта, ҳеҷ ихтилофе вуҷуд нахоҳад дошт.
"Имсол ҷашни Навруз ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Вақте ки шумо меоед, мо чӣ кор мекунем? Мо ҳеҷ қонуну қоидаи шариатро нақз намекунем", - шӯхӣ кард раҳбари Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0