Эрон мехоҳад аз Тоҷикистон об интиқол кунад

© Sputnik / Амир ИсаевНурекское водохранилище
Нурекское водохранилище  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Обуна шудан
Узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон сафари Пизишкиён ба Тоҷикистонро дар таҳкими муносиботи байни ду кишвар асаргузор хонд
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон Муҳаммадризо Муҳсини Сонӣ, дар мусоҳибо бо хабаргузории "ИСНА" аз зарфиятҳои кишвар Тоҷикистон ишора кард.
Вай гуфт, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои бартар дар ҳавзаи тавлиди оби ширину дорои манобеи ғании об аст ва дар сафари раисҷумҳури Эрон интизор дорем заминае фароҳам шавад то оби Тоҷикистон ба шарқи Эрон интиқол ёбад.
Муҳсини Сонӣ илова кард, ки Эрон интизор дорад дар ҳавзаи масоили энержӣ ва об ба тафоҳумҳое бо Тоҷикистон бирасад.
Вай бо ёдоварии иқдомоти Эрон дар Тоҷикистон ҳамчун сохтани нерӯгоҳ, ҷода ва тунел изҳор кард, ки Эрон ҳам аз абъод мухталиф метавонад хадамоти бештаре ба Тоҷикистон ироа кунад лизо дар ниҳояти ин сафар барои ҳар ду тарафи ҳоиз аҳамият аст.
Переговоры на высшем уровне президентов Ирана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Тоҷикистону Эрон 23 созишномаи нави ҳамкориро имзо карданд
Узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон гуфт сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон метавонад боби ҷадиде байни ду миллати мусулмону ҳамсоя барои таъомулоти бештар эҷод кунад.
Муҳаммадризо Муҳсини Сонӣ таъкид кард, ки стротежии Эрон тавсеа ва таҳкими муносибот бо ҳамсоягон худ аст.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчуби сафари ахири раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон 23 санади нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0