https://sputnik.tj/20250121/vaziri-eroni-taboduli-kolo-tojikiston-mlrd-dollar-1065943133.html
Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад
Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон, таъкид кард, ки Теҳрон тиҷораташро бо Душанбе дар чаҳор соли оянда ба як миллиард доллар мерасонад
2025-01-21T13:11+0500
2025-01-21T13:11+0500
2025-01-21T13:11+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
сиёсат
иқтисод
равобит
мизони табодули коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065944222_0:319:2975:1992_1920x0_80_0_0_8a77729da4cf6328234ca13de49d9a72.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон Абдуносир Ҳимматӣ, ахиран дар гуфтугӯи вижаи шабакаи "Хабар" эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар як соли гузаштаи 50 дарсад рушд дошта ва ба 380 млн доллар расидааст.Вай афзуд, ки ҳадафгузорӣ Эрон расӣдан ба як миллиард доллар дар чаҳор сол оянда аст.Вай гуфт, паймонкорони Эрон дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва потенсиали болоӣ барои густариши равобит бо Тоҷикистон ҳаст.“Аз тарафии мақомоти ин кишвар низ банно доранд равобит густариш ёбад ва ҳатто қарор аст рафту омад мардуми ду кишвар бештар шавад ва ин мавзӯъ метавонад ба равобити иқтисодӣ кумак кунад, ҳадафгузорӣ дар давлат қабл ним миллиард доллар буд ва фикр мекунам то чаҳор сол оянда битавонем онро ба як миллиард доллар бирасонем”, - қайд кард вазири эронӣ.Ҳимматӣ қайд кард, ки Тоҷикистон дар хусуси ҳаргуна умуре, ки ба умури сохтмону муҳандисӣ марбут аст ба технологии Эрон ниёз дорад ва бо фаъолони иқтисодии эронӣ ҳам дар ин кишвар суҳбат кардааст, ду моҳи пеши ҳам дар Узбекистон будааст ва заминаҳои зиёде барои мушорикат доштааст.Вай таъкид кард, ки агар Эрон битавонад тарози тиҷорӣ дар Тоҷикистонро ба як миллиард доллар бирасонад ҷамъи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо ин кишварҳо ба рақами қобили тавваҷуҳе хоҳад расид.Вазири умури иқтисод ва дороӣ эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон рӯз ба рӯз беҳтар шудааст ва бо идомаи ин раванд, ӯ умедвор аст дар оянда равобити тиҷории Эрон бо ҳамсоягон беҳбуд ёбад.Вай афзуд, ки густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар дастури кор давлати Эрон аст.Вай илова кард, ки равобити Эрон бо Тоҷикистон бисёр хуб аст ва ӯ фикр мекунад, ки метавон онро бештар аз ин густариш дод.
https://sputnik.tj/20250120/vaziri-nerui-eron-tehron-tavseai-ravobit-dushanbe-1065936640.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065944222_298:168:2805:2048_1920x0_80_0_0_415abf2797c3cc5260f38208339a0a33.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, душанбе, равобит, иқтисод, табодули коло, миллиард, ҳамкорӣ
тоҷикистон, эрон, душанбе, равобит, иқтисод, табодули коло, миллиард, ҳамкорӣ
Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад
Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон, таъкид кард, ки Теҳрон тиҷораташро бо Душанбе дар чаҳор соли оянда ба як миллиард доллар мерасонад
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон Абдуносир Ҳимматӣ, ахиран дар гуфтугӯи вижаи шабакаи "Хабар" эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар як соли гузаштаи 50 дарсад рушд дошта ва ба 380 млн доллар расидааст.
Вай афзуд, ки ҳадафгузорӣ Эрон расӣдан ба як миллиард доллар дар чаҳор сол оянда аст.
Вай гуфт, паймонкорони Эрон дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва потенсиали болоӣ барои густариши равобит бо Тоҷикистон ҳаст.
“Аз тарафии мақомоти ин кишвар низ банно доранд равобит густариш ёбад ва ҳатто қарор аст рафту омад мардуми ду кишвар бештар шавад ва ин мавзӯъ метавонад ба равобити иқтисодӣ кумак кунад, ҳадафгузорӣ дар давлат қабл ним миллиард доллар буд ва фикр мекунам то чаҳор сол оянда битавонем онро ба як миллиард доллар бирасонем”, - қайд кард вазири эронӣ.
Ҳимматӣ қайд кард, ки Тоҷикистон дар хусуси ҳаргуна умуре, ки ба умури сохтмону муҳандисӣ марбут аст ба технологии Эрон ниёз дорад ва бо фаъолони иқтисодии эронӣ ҳам дар ин кишвар суҳбат кардааст, ду моҳи пеши ҳам дар Узбекистон будааст ва заминаҳои зиёде барои мушорикат доштааст.
Вай таъкид кард, ки агар Эрон битавонад тарози тиҷорӣ дар Тоҷикистонро ба як миллиард доллар бирасонад ҷамъи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо ин кишварҳо ба рақами қобили тавваҷуҳе хоҳад расид.
Вазири умури иқтисод ва дороӣ эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон рӯз ба рӯз беҳтар шудааст ва бо идомаи ин раванд, ӯ умедвор аст дар оянда равобити тиҷории Эрон бо ҳамсоягон беҳбуд ёбад.
Вай афзуд, ки густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар дастури кор давлати Эрон аст.
Вай илова кард, ки равобити Эрон бо Тоҷикистон бисёр хуб аст ва ӯ фикр мекунад, ки метавон онро бештар аз ин густариш дод.