https://sputnik.tj/20250116/tojikiston-bandari-chobahor-sarmoyaguzor-1065874875.html
Тоҷикистон ба бандари “Чобаҳор” сармоягузорӣ мекунад
Тоҷикистон ба бандари “Чобаҳор” сармоягузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири роҳу шаҳрсозӣ Эрон аз имзои ду тафоҳумнома миёни Душанбе ва Теҳрон дар ҳавзаи роҳу шаҳрсозӣ хабар дод
2025-01-16T09:36+0500
2025-01-16T09:36+0500
2025-01-16T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
логистика
ҳамлу нақл
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0f/1065879303_88:48:2572:1445_1920x0_80_0_0_1f7c5b5eedfbef9218327c7af0f04645.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазири роҳу шаҳрсозии эрон Фарзонаи Содиқ, ахиран хабар дод, ки дар сафар ба Тоҷикистон ду тафоҳумнома дар хусуси тасҳили сармоягузории тарафи тоҷик дар Чобаҳор ва ҳамчунин судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ба имзо хоҳад расид.Фарзонаи Содиқ дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат ахиран дар ҷамъи хабарнигорон, баён кард, ки банда дар ду сафар раисҷумҳурро ҳамроҳӣ хоҳам кард.Аввал сафар ба Тоҷикистон сафари баъдӣ ба Русия аст.Вай қайд кард, ки Тоҷикистон маҳсур дар хушкӣ аст ва ниёз ба дастрасӣ ба обҳои озод дорад.Вай илова кард, ки ёддоштро радубадал хоҳем кард, ки иншоллоҳ дар “Чобаҳор” битавонем сармоягузориро тасҳил кунем.Вай дар идома изҳор кард, ки тафоҳуми дигар марбут ба судури хадамоти муҳандисӣ ҳам дар ҳавзаи роҳ ва ҳам дар ҳавзаи сохтимон бо Тоҷикистон аст.Ёдовар мешавем, ки резиденти Эрон Масъуди Пизишкиён рӯзи 15-уми январ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.Сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон то 16-уми январ идома хоҳад ёфт.Дар ин сафар гурӯҳе аз соҳибкорони баландпояи эронӣ ва намояндагони бахши саноату маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон меоянд.Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари ӯ ба унвони раисҷумҳур ба Душанбе буда, ду рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад.Тарафҳо қасд доранд бастаи бузурги асноди бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро имзо кунанд.
https://sputnik.tj/20250115/eron-gardishgaron-tojik-afzoish-1065871957.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0f/1065879303_301:0:2428:1596_1920x0_80_0_0_7fd6da7797ed34043e02ae0167a33aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чобаҳор, сармоягузорӣ, бандар, эрон, сармоягузорӣ, тафоҳумнома, имзо
тоҷикистон, чобаҳор, сармоягузорӣ, бандар, эрон, сармоягузорӣ, тафоҳумнома, имзо
Тоҷикистон ба бандари “Чобаҳор” сармоягузорӣ мекунад
Вазири роҳу шаҳрсозӣ Эрон аз имзои ду тафоҳумнома миёни Душанбе ва Теҳрон дар ҳавзаи роҳу шаҳрсозӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазири роҳу шаҳрсозии эрон Фарзонаи Содиқ, ахиран хабар дод, ки дар сафар ба Тоҷикистон ду тафоҳумнома дар хусуси тасҳили сармоягузории тарафи тоҷик дар Чобаҳор ва ҳамчунин судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ба имзо хоҳад расид.
Фарзонаи Содиқ дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат ахиран дар ҷамъи хабарнигорон, баён кард, ки банда дар ду сафар раисҷумҳурро ҳамроҳӣ хоҳам кард.
Аввал сафар ба Тоҷикистон сафари баъдӣ ба Русия аст.
“Дар Тоҷикистон тафоҳумномаҳо дар ду мавзуъе, ки ба вазорати роҳу шаҳрсозӣ муртабит аст, радубадал хоҳад шуд. Аввалин мавзӯъ дар хусуси тасҳили сармоягузорӣ тарафи тоҷик дар Чобаҳор ба унвони пружаҳо ва долонҳои логистикӣ аст”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Тоҷикистон маҳсур дар хушкӣ аст ва ниёз ба дастрасӣ ба обҳои озод дорад.
Вай илова кард, ки ёддоштро радубадал хоҳем кард, ки иншоллоҳ дар “Чобаҳор” битавонем сармоягузориро тасҳил кунем.
Вай дар идома изҳор кард, ки тафоҳуми дигар марбут ба судури хадамоти муҳандисӣ ҳам дар ҳавзаи роҳ ва ҳам дар ҳавзаи сохтимон бо Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавем, ки резиденти Эрон Масъуди Пизишкиён рӯзи 15-уми январ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон то 16-уми январ идома хоҳад ёфт.
Дар ин сафар гурӯҳе аз соҳибкорони баландпояи эронӣ ва намояндагони бахши саноату маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари ӯ ба унвони раисҷумҳур ба Душанбе буда, ду рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад.
Тарафҳо қасд доранд бастаи бузурги асноди бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро имзо кунанд.