Вазири нерӯи Эрон: Авлавияти Теҳрон тавсеаи равобит бо Душанбе аст

Аббас Али Абиди  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Обуна шудан
Вазири неру Эрон мегӯяд таҷориби муваффақи ҳамкории фанниву муҳандисӣ ва иқтисодӣ миёни Эрону Тоҷикистон ба афзоиши таъомулоти байни ду кишвар кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Аббосалии Ободӣ дар ҳошияи дидорҳои худ дар Тоҷикистон ба ташреҳи барномаҳои давлати Эрон гуфт, ки стротежики роҳбурди аслии давлати Эрон, густариши равобит бо кишварҳои минтақа аст ва дар ин миён, Тоҷикистон ба далели равобит ва иштирокоти вижа, дар увлавият қарор дорад, иттилоъ додааст "Nournews".
Вай бо ишора ба таҷрибаи ҳамкориҳои муваффақи гузаштаи миёни ду кишвар гуфт, ки забону фарҳанги муштарак миёни Эрону Тоҷикистони бистари муносибе барои тавсеаи ҳамкориҳо фароҳам кардааст.
Барои инки битавонем зерсохтҳои тавсеаи ин ҳамкориҳоро тақвият кунем, лозим аст мувофиқатномаҳои тиҷорӣ байни ду кишвар танзим шавад.
Вазири неруи Эрон афзуд, ки муқаддамоти мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ байни Эрону Тоҷикистон фароҳам шуда ва гуфтугӯҳои мусбату созанда низ миёни руасоҷумҳӯри ду кишвари сурат гирифтааст, ки ин иқдомот метавонад ба тасҳили заминаҳои гумрукӣ ваомодасозии шароит барои рушди ҳаракатҳои иқтисодӣ ватиҷорӣ кумак кунад.
Нурекское водохранилище  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Эрон мехоҳад аз Тоҷикистон об интиқол кунад
Алӣ Ободӣ бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд дар Эрон барои ҳамкорӣ ва тавсеаи равобит бо Тоҷикистон тасреҳ кард, ки Эрон аз зарфиятҳои бисёр хӯбе барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон бархурдор аст ва талошҳоӣ барои муаррифии ин зарфиятҳо ба тарафи тоҷикистонӣ анҷом шудааст.
Вазири нерӯ дар ҳамин робитаи изҳор кард, ки заминаҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои фаннӣ ва муҳандисӣмиёни ду кишвар фароҳам аст таҷрибаи ҳамкориҳои муваффақи гузашта, эътимоди тарафи тоҷикистониро нисбат ба тавонмандиҳои Эрон тақвият кардааст.
Вай дар поён таъкид кард, бо ин иқдомот, шароит барои афзоиши таъомулоти ду кишвару густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаннӣ ба шаклии матлуб фароҳам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0