Тоҷикистону Эрон 23 созишномаи нави ҳамкориро имзо карданд
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПереговоры на высшем уровне президентов Ирана и Таджикистана
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Кишвардорони Тоҷикистону Эрон зери Баёнияи муштараки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Ҷумҳурии исломии Эрон имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар додааст.
Ин маросим бо ширкат ва ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, зери Баёнияи муштаракаи президенти Тоҷикистон ва президенти Эрон сарони ду давлат, эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.
Санадҳои миёни мақомдорони Тоҷикистону Эрон имзо шуданд:
Барномаи ҳамкорӣ миёни ВКХ Тоҷикистон ва ВКХ Эрон;
Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни ҲукуматиТоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Эрон;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Эрон;
Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;
Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;
Ёддошти тафоҳум миёни Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқа Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.