https://sputnik.tj/20240116/jang-baroi-khovari-miyona-rusiya-intizor-1061296974.html
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар Ховари Миёна торафт мураккаб мегардад, вале баъзе бозигарони сиёсати калон мехоҳанд, аз чунин вазъият фоидае ба даст оранд. Барои онҳо бештар мураккаб шудани вазъ муфид аст.
2024-01-16T15:20+0500
2024-01-16T15:20+0500
2024-01-16T15:20+0500
баҳри сурх
ҳусиҳо дар яман
қатар
има
эрон
ҷанг
газ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/10/1055558249_0:0:3217:1810_1920x0_80_0_0_23dfb1ec0fd3b809229ce1bfc71dd878.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik, Сергей Савчук. Дар соли нав, шиддати ҷаҳонӣ агар авҷи тоза нагирифтааст, ҳамоно фурӯзон аст. Дирӯз маълум шуд, ки Қатар интиқоли гази моеъро тавассути Баҳри Сурх ба муддати номуайян мутаваққиф кардааст.Агар шумо ба харита назар андозед ва мубоҳисаҳои пештараи моро ба хотир оред, дарҳол маълум мешавад, ки қурбонии асосӣ кӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи ҷанубии нимҷазираи Араб пас аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи фаластиниҳои навори Ғазза, ки Исроил онро оғоз ва беш аз се моҳ боз идома дорад, башиддат ваҳим шуд. Пас аз он,ки ҷомеаи кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ вокуниши мушаххасе дар ин бора нишон надоданд, парчами сабзи пешвоёни зидди Исроилро бо итминон Ҳусиёни Яман ба дасти худ гирифтанд.Хотира ба мо ёдрас мекунад, ки рӯзи 11 ноябр дар Риёз нишасти муштараки Лигаи кишварҳои араб ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд ва дар натиҷаи он бозигарони калидии истихроҷи нафту газ дар минтақа на ин ки муқобили инзивои пурраи нафтӣ зидди Телавив ва Иёлоти Муттаҳида, балки ба ҷорӣ намудани таҳримҳои маҳдуд нисбати онҳониз зид баромаданд. Алҷазоир ва Эрон хеле кӯшиш карданд, ки таҳримҳо ҷорӣ шаванд ва нақшаи комилан иҷрошавандаро пешниҳод карданд, аммо ин талошҳо зери тӯдаи гуфтушунидҳои бепоён дафн карда шуд.Теҳрон ноумед нашудааст, зеро бо ҳусиёни Яман муддати тӯлонӣ равобити қавӣ барқарор кардааст.Бояд илова кард, ки аввалан, Яман аз ҷиҳати таркиби ҳарбию сиёсии худ гуногунранг аст ва кишвар ба минтақаҳои назорати мустақим байни Ҳусиҳо, ки аксари аҳолии кишвар таҳти назорати онҳо зиндагӣ мекунанд, ҳадисиҳо, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дастгирӣ мешаванд ва якчанд гурӯҳи басо калон, ки дар паси онҳо аморати Муттаҳидаи Араб ошкоро меистад, тақсим шудааст.Сониян, Ҳусиҳо, гарчанде ки эрониён онҳоро бо аслиҳа ва дастурдиҳандагон пуштибонӣ мекунанд, аз Теҳрон комилан мустақиланд ва бозии худро доранд, аммо ин то ҳол ба орзуҳои геостратегии Эрон комилан ҷавобгӯ аст.Ҳодисаҳои пай дар паи минтақаи Баҳри Сурх чунон пурпечу тобанд, ки фаҳмидани самтҳо ва заминаҳои ҳаракатҳои иштирокчиёни асосии он хеле душвор аст. Вале мо кӯшиш мекунем, ки равандҳои асосиро ошкор кунем, ҳол он, ки ҳаёти тамоми қитъа ба инкишофи онҳо вобаста аст ва ин муболиға нест.Исроил, ки ихтилофоти дохилии сиёсӣ дар онҷо авҷ гирифтааст, ошкоро дар навори Ғазза ба нокомӣ дучор аст ва бино ба гузоришҳо, қисме аз нерӯҳои ҷангиро барои истироҳат, таъмир ва пур кардани сафҳояшон берун мекунад. Ин нуктаро изҳороти дирӯзаи Ҷон Кирби тасдиқ мекунад, ки Қасри Сафед Телавивро ба коҳиш додани шиддати амалиёти ҷангӣ ташвиқ мекунад. Дар ин ҷо интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ва коста шудани манобеъи молии Амрико, аз ҷумла барои ҳимояти Украина масрафшуда, нақш доранд.Исроил то ҳол дар ин замина истодагарӣ мекунад ва Эрон аз ин ба таври комил истифода мебарад.Бевосита ба ҷанг ворид нашуда, Эрон тавассути дасти Ҳусиҳо ҳаракати киштиҳо бо парчамҳои ғайридӯстона, ки ҳамаи кишварҳои эътилофи Амрикову Исроилро дар бар мегирад, тавассути Баҳри Сурх қариб банд кард. Ба иттилои нашрияҳои ғарбӣ, тақрибан 20 дарсади тамоми тиҷорати ҷаҳонии коло аз ин минтақа ва канали Суэтс мегузарад. Яман танҳо ба як қисми ҳаракати нақлиёт монеъ эҷод мекунад, аммо миқёси умумии фалокат маълум аст. Шуморолозим нест, ки оид ба ҳамлу нақли баҳрӣ маълумоти пурра дошта бошед; дарсҳои мактабӣ аз ҷуғрофия барои фаҳмидани он, ки интиқоли асосии колова муҳимтар аз ҳама, захираҳои энергетикӣ ба куҷо меравад, кофӣ аст. Комилан дуруст, ба Аврупо, яъне айни замон як бозӣ барои тавсеаи нуфуз дар тамоми Шарқи Наздик ва ҳамзамон барои муайян кардани сарнавишти Аврупо меравад, ки ниҳоят аз субйект ба объекти сиёсати ҷаҳонӣ табдил меёбад.Ба ин рақси даврӣ созмони БРИКС ҳам пайванд мешавад, ки маҳз дар аввали сол торафт васеътар гардид. Пас аз ворид шудани Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Эфиопия ба ин иттиҳод, кишвари мо, ки бо ҳама иштирокчиёни нав робитаҳои қавии тиҷоратӣ дорад, имкон дорад, ки ҳамчун кафили занҷирҳои таъминот аз Ҳиндустон то миёнаи соҳили шарқии Африқо баромад кунад. Бархе кишварҳо, шиъаву сунниҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳ метавонанд бо ҳамдигар ҳар қадар ки хоҳанд, ҷанг кунанд, аммо тиҷорат дар шарқ аз табодули молу пул ба маротиб бештар аст. Маскав дар ин ҷо нақши пайвандгаре дорад, ки манфиатҳои кишварҳои мухталиф ва хатҳои масирҳои содиротро ба ҳам мепайвандад.Ростӣ, амрикоиён дар ин давр ноком шуданд, вале, агар аз рӯи инсоф гӯем, онҳо ба зудӣ ба хулосае омаданд ва ҳоло бо қартахое, ки дар рӯи миз монданд, бозиро давом медиҳанд.Изҳороти Қатар бесабаб садо надод. Ин кишвар дуввумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъба Аврупо аст ва тибқи маълумоти охирин, гази Қатар тақрибан 15 дарсади ниёзҳои Аврупоро мепӯшонад. Он тарафаш эҳтиёҷ ба шарҳ нест.Қатар дуввумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар ҷои аввал аст. Норвегия таъминкунандаи асосии гази табиӣмебошад. Маҷрои интиқоли газиРусия амалан тахриб шуд, лоиҳаи лӯлаи газ аз миёни Баҳри Миёназамин баста шуд, зеро Туркия низ аз амалиёти низомӣ дар Ғазза хушҳол нест ва ҳама тарҳҳо бо Исроилро мутаваққиф кардааст.Қатар як давлати хурд аст ва ба таври анъанавӣ муносибатҳои душвор бо ҳамсоягон дорад, аз ин рӯ, интиқоли гази моеъ ба шимол дар ҳоли ҳозир дар атрофи Африқо равона карда мешавад, то аз зарбаҳои тасодуфии мушакӣ пешгирӣ карда шавад, ки ин ба нархи ниҳоӣ барои истеъмолкунандаи аврупоӣ таъсири манфӣ хоҳад дошт. Он чизе, ки рух дода истодааст, як тӯҳфа барои Вашингтон аст, ки ҳар гуна ишораи амалиёти заминии зидди Яман ва Ҳусиҳоро комилан рад мекунад.Дар ояндаи наздик мо бояд интизор шавем, ки Вашингтон ва эҳтимолан Лондон ба соҳибони киштиҳо ва ба кишварҳои манфиатдор ошкоро пешниҳод хоҳанд кард, ки киштиҳои молу нафткашонро киштиҳои ҳарбӣ ҳамроҳӣ карда, ҳаракатро тавассути Баҳри Сурх чунин барқарор кунанд. Мисоли ҳамон корвонхои киштӣ, ки ба мо аз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва асарҳои Валентин Пикул маълуманд.Нақша комилан ба ҳама манфиат меорад. Ширкатҳои боркашонӣ ва нақлиётӣ бо роҳи муқаррарӣ ва кӯтоҳ гузаргоҳ мегиранд, Вашингтон чеҳраи сиёсии худро нигоҳ медорад, аммо муҳимтар аз ҳама, вай канали охирини мустақили интиқоли газ ба Аврупоро пурра назорат мекунад ва онро аз хурдтарин талошҳои дигармаҳрум мекунад. Русия як сол пеш канали содироти гази ғарбии худро аз даст дод, аммо нуфузи худро дар шимолу шарҳи Африҳо, нимҷазираи Араб ва баҳрҳои ҳамсоя густариш дод.Сиёсати бузург мисли тори анкабут аст, ки аз паси он баъзан фаҳмидан душвор аст, ки қафои танидашуда чӣ рӯх дода истодааст.
https://sputnik.tj/20240114/tramp-nazdikshav-jangi-seumi-jahon-hushdor-1061274793.html
https://sputnik.tj/20240113/daleli-nihoi-blinken-khovari-miyona-yaman-1061268038.html
https://sputnik.tj/20240112/hamla-ima-britoniyo-yaman-zarba-mushak-inshoothoi-husiho-1061256618.html
https://sputnik.tj/20240110/putin-va-bayden-baroi-jahon-mejangand-1061203483.html
баҳри сурх
қатар
има
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/10/1055558249_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_a6a7e8634b772f4d2617c53db3cee648.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳри сурх, ҳусиҳо, яман, тиҷорат, сиёсат, сутуннигор
баҳри сурх, ҳусиҳо, яман, тиҷорат, сиёсат, сутуннигор
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Вазъ дар Ховари Миёна торафт мураккаб мегардад, вале баъзе бозигарони сиёсати калон мехоҳанд, аз чунин вазъият фоидае ба даст оранд. Барои онҳо бештар мураккаб шудани вазъ муфид аст.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik, Сергей Савчук. Дар соли нав, шиддати ҷаҳонӣ агар авҷи тоза нагирифтааст, ҳамоно фурӯзон аст. Дирӯз маълум шуд, ки Қатар интиқоли гази моеъро тавассути Баҳри Сурх ба муддати номуайян мутаваққиф кардааст.
Агар шумо ба харита назар андозед ва мубоҳисаҳои пештараи моро ба хотир оред, дарҳол маълум мешавад, ки қурбонии асосӣ кӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи ҷанубии нимҷазираи Араб пас аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи фаластиниҳои навори Ғазза, ки Исроил онро оғоз ва беш аз се моҳ боз идома дорад, башиддат ваҳим шуд.
Пас аз он,ки ҷомеаи кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ вокуниши мушаххасе дар ин бора нишон надоданд, парчами сабзи пешвоёни зидди Исроилро бо итминон Ҳусиёни Яман ба дасти худ гирифтанд.
Хотира ба мо ёдрас мекунад, ки рӯзи 11 ноябр дар Риёз нишасти муштараки Лигаи кишварҳои араб ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд ва дар натиҷаи он бозигарони калидии истихроҷи нафту газ дар минтақа на ин ки муқобили инзивои пурраи нафтӣ зидди Телавив ва Иёлоти Муттаҳида, балки ба ҷорӣ намудани таҳримҳои маҳдуд нисбати онҳониз зид баромаданд.
Алҷазоир ва Эрон хеле кӯшиш карданд, ки таҳримҳо ҷорӣ шаванд ва нақшаи комилан иҷрошавандаро пешниҳод карданд, аммо ин талошҳо зери тӯдаи гуфтушунидҳои бепоён дафн карда шуд.
Теҳрон ноумед нашудааст, зеро бо ҳусиёни Яман муддати тӯлонӣ равобити қавӣ барқарор кардааст.
Бояд илова кард, ки аввалан, Яман аз ҷиҳати таркиби ҳарбию сиёсии худ гуногунранг аст ва кишвар ба минтақаҳои назорати мустақим байни Ҳусиҳо, ки аксари аҳолии кишвар таҳти назорати онҳо зиндагӣ мекунанд, ҳадисиҳо, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дастгирӣ мешаванд ва якчанд гурӯҳи басо калон, ки дар паси онҳо аморати Муттаҳидаи Араб ошкоро меистад, тақсим шудааст.
Сониян, Ҳусиҳо, гарчанде ки эрониён онҳоро бо аслиҳа ва дастурдиҳандагон пуштибонӣ мекунанд, аз Теҳрон комилан мустақиланд ва бозии худро доранд, аммо ин то ҳол ба орзуҳои геостратегии Эрон комилан ҷавобгӯ аст.
Ҳодисаҳои пай дар паи минтақаи Баҳри Сурх чунон пурпечу тобанд, ки фаҳмидани самтҳо ва заминаҳои ҳаракатҳои иштирокчиёни асосии он хеле душвор аст. Вале мо кӯшиш мекунем, ки равандҳои асосиро ошкор кунем, ҳол он, ки ҳаёти тамоми қитъа ба инкишофи онҳо вобаста аст ва ин муболиға нест.
Исроил, ки ихтилофоти дохилии сиёсӣ дар онҷо авҷ гирифтааст, ошкоро дар навори Ғазза ба нокомӣ дучор аст ва бино ба гузоришҳо, қисме аз нерӯҳои ҷангиро барои истироҳат, таъмир ва пур кардани сафҳояшон берун мекунад.
Ин нуктаро изҳороти дирӯзаи Ҷон Кирби тасдиқ мекунад, ки Қасри Сафед Телавивро ба коҳиш додани шиддати амалиёти ҷангӣ ташвиқ мекунад. Дар ин ҷо интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ва коста шудани манобеъи молии Амрико, аз ҷумла барои ҳимояти Украина масрафшуда, нақш доранд.
Исроил то ҳол дар ин замина истодагарӣ мекунад ва Эрон аз ин ба таври комил истифода мебарад.
Бевосита ба ҷанг ворид нашуда, Эрон тавассути дасти Ҳусиҳо ҳаракати киштиҳо бо парчамҳои ғайридӯстона, ки ҳамаи кишварҳои эътилофи Амрикову Исроилро дар бар мегирад, тавассути Баҳри Сурх қариб банд кард. Ба иттилои нашрияҳои ғарбӣ, тақрибан 20 дарсади тамоми тиҷорати ҷаҳонии коло аз ин минтақа ва канали Суэтс мегузарад.
Яман танҳо ба як қисми ҳаракати нақлиёт монеъ эҷод мекунад, аммо миқёси умумии фалокат маълум аст. Шуморолозим нест, ки оид ба ҳамлу нақли баҳрӣ маълумоти пурра дошта бошед; дарсҳои мактабӣ аз ҷуғрофия барои фаҳмидани он, ки интиқоли асосии колова муҳимтар аз ҳама, захираҳои энергетикӣ ба куҷо меравад, кофӣ аст.
Комилан дуруст, ба Аврупо, яъне айни замон як бозӣ барои тавсеаи нуфуз дар тамоми Шарқи Наздик ва ҳамзамон барои муайян кардани сарнавишти Аврупо меравад, ки ниҳоят аз субйект ба объекти сиёсати ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Ба ин рақси даврӣ созмони БРИКС ҳам пайванд мешавад, ки маҳз дар аввали сол торафт васеътар гардид. Пас аз ворид шудани Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Эфиопия ба ин иттиҳод, кишвари мо, ки бо ҳама иштирокчиёни нав робитаҳои қавии тиҷоратӣ дорад, имкон дорад, ки ҳамчун кафили занҷирҳои таъминот аз Ҳиндустон то миёнаи соҳили шарқии Африқо баромад кунад.
Бархе кишварҳо, шиъаву сунниҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳ метавонанд бо ҳамдигар ҳар қадар ки хоҳанд, ҷанг кунанд, аммо тиҷорат дар шарқ аз табодули молу пул ба маротиб бештар аст. Маскав дар ин ҷо нақши пайвандгаре дорад, ки манфиатҳои кишварҳои мухталиф ва хатҳои масирҳои содиротро ба ҳам мепайвандад.
Ростӣ, амрикоиён дар ин давр ноком шуданд, вале, агар аз рӯи инсоф гӯем, онҳо ба зудӣ ба хулосае омаданд ва ҳоло бо қартахое, ки дар рӯи миз монданд, бозиро давом медиҳанд.
Изҳороти Қатар бесабаб садо надод. Ин кишвар дуввумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъба Аврупо аст ва тибқи маълумоти охирин, гази Қатар тақрибан 15 дарсади ниёзҳои Аврупоро мепӯшонад. Он тарафаш эҳтиёҷ ба шарҳ нест.
Қатар дуввумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар ҷои аввал аст. Норвегия таъминкунандаи асосии гази табиӣмебошад.
Маҷрои интиқоли газиРусия амалан тахриб шуд, лоиҳаи лӯлаи газ аз миёни Баҳри Миёназамин баста шуд, зеро Туркия низ аз амалиёти низомӣ дар Ғазза хушҳол нест ва ҳама тарҳҳо бо Исроилро мутаваққиф кардааст.
Қатар як давлати хурд аст ва ба таври анъанавӣ муносибатҳои душвор бо ҳамсоягон дорад, аз ин рӯ, интиқоли гази моеъ ба шимол дар ҳоли ҳозир дар атрофи Африқо равона карда мешавад, то аз зарбаҳои тасодуфии мушакӣ пешгирӣ карда шавад, ки ин ба нархи ниҳоӣ барои истеъмолкунандаи аврупоӣ таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Он чизе, ки рух дода истодааст, як тӯҳфа барои Вашингтон аст, ки ҳар гуна ишораи амалиёти заминии зидди Яман ва Ҳусиҳоро комилан рад мекунад.
Дар ояндаи наздик мо бояд интизор шавем, ки Вашингтон ва эҳтимолан Лондон ба соҳибони киштиҳо ва ба кишварҳои манфиатдор ошкоро пешниҳод хоҳанд кард, ки киштиҳои молу нафткашонро киштиҳои ҳарбӣ ҳамроҳӣ карда, ҳаракатро тавассути Баҳри Сурх чунин барқарор кунанд.
Мисоли ҳамон корвонхои киштӣ, ки ба мо аз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва асарҳои Валентин Пикул маълуманд.
Нақша комилан ба ҳама манфиат меорад. Ширкатҳои боркашонӣ ва нақлиётӣ бо роҳи муқаррарӣ ва кӯтоҳ гузаргоҳ мегиранд, Вашингтон чеҳраи сиёсии худро нигоҳ медорад, аммо муҳимтар аз ҳама, вай канали охирини мустақили интиқоли газ ба Аврупоро пурра назорат мекунад ва онро аз хурдтарин талошҳои дигармаҳрум мекунад.
Русия як сол пеш канали содироти гази ғарбии худро аз даст дод, аммо нуфузи худро дар шимолу шарҳи Африҳо, нимҷазираи Араб ва баҳрҳои ҳамсоя густариш дод.
Сиёсати бузург мисли тори анкабут аст, ки аз паси он баъзан фаҳмидан душвор аст, ки қафои танидашуда чӣ рӯх дода истодааст.