Путин ва Байден барои ҷаҳон меҷанганд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВстреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2024
Обуна шудан
Тааҷҷубовар аст, ки аслан ҳама чизе, ки Байден ба Русия бо он таҳдид карда буд, ҳоло дар худи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik, Виктория Никифорова. "Аз барои Худо, ин одам наметавонад сари қудрат бимонад!" — ин суханони Ҷо Байден дар бораи Владимир Путин, ки чанде баъд аз оғози амалиёти вижа гуфта буд, дар хотири ҷомеа нақш ёфт.
Роҳбарияти ИМА ин гуна дағалиро нисбат ба роҳбарони мамлакати мо ҳатто дар давраи авҷи "ҷанги сард" роҳ намедод. Ба таври равшан намоён буд, ки Байден то чӣ андоза самимона хашмгин буд; вай худро идора карда наметавонист, менависад рӯзноманигори РИА Новости.
Оё сиёсатмадори солхӯрдаи ботаҷриба воқеан аз амалиёти махсуси низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина ин қадар хашмгин буд? Бовар кардан душвор аст:"Ӯ барои Гекуба чист, Гекуба барои ӯ чист?" (мақоле аз Шекспир)
Ин бештар дар бораи муқовимати шахсӣ аст, ки Байден ва Путин солҳои тӯлонӣ доранд. Мо аксар вақт ҷиҳати шахсии сиёсати калонро нодида мегирем. Аммо он на танҳо бо ҳисобу китоб, балки бо эҳсосоту ҳаваси одамони алоҳида низ идора карда мешавад.
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2023
Лавров: барои Русия фарқе нест, ки дар ИМА кӣ президент мешавад
Ҷо Байден ҳамчун сиёсатмадор борҳо аз Владимир Путин зарбаҳои хеле ҳассос гирифтааст. Гузашта аз ин, ҳамаи ин пеши камераҳои наворгирӣ, дар пеши назари тамоми ҷаҳон рух медод. Ахли ҷомеъа ҳушдори равшан гирифт, ки роҳбарони Амрико абарқудрат нестанд, ки такдири ҷаҳон ба онҳо вобаста аст. Онҳо одамони оддӣ ва баъзан на он қадар оқил ҳам ҳастанд.
Соли 2011 Байден, ки он замон ноиби президенти Обама буд, ба Путин як огоҳиномае овард, ки дар интихоботи президентии соли 2012 иштирок накунад. Дар акси ҳол, Русия бо сарнавишти Либия ва Путин бо сарнавишти Қаззофӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо дар СММ бомбборониТриполи баррасӣ мешуд ва “баҳори араб”, ки нақшааш дар Пентагон тарҳрезӣ шуда буд, дар Ховари Миёна аланга дошт.
Барои беҳтар расонидани паём, Байден ҳангоми он сафари Маскав бо мухолифони рус дар Спасо Хаус, қароргоҳи сафири Амрико мулоқот анҷом дод ва ҳамчунин дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав суханронӣ карда, ҷавононро ба ислоҳот ва “демократикунонӣ” даъват кард. Гӯё “хориҷа, ба шумо ёрӣ хоҳад расонд”.
Путин натарсид, вай Байденро ба ҷояш гузошт. Дар оғози музокирот сарвазир ногаҳон ба ноиби президенти ИМА бо ғояи ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид байни ИМА ва Русия ҳамла кард.
Военнослужащие ВС РФ во время прохождения боевой подготовки на одном из полигонов в зоне специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маълум шуд, ки Ғарб барои набард бо Русия ба Украина чанд пул кӯмак кардааст
Ҷолиб аст, ки ҳамсӯҳбатон дар ин лаҳза чӣ гунабуданд. Путин, ки пешниҳоди ғайричашмдошти худро ба миён гузошт, табассумашро базӯр нигоҳ медошт. Байден ба ӯ ботарсу ҳарос менигарад, вай возеҳ чунин ҳамларо интизор набуд ва намедонад чӣ гуна вокуниш нишон диҳад. Дастонашро пеши чеҳра гузошта, мисоли муштзан дар ринг буд, ки ҷоғашро ҳамин тавр мепӯшонад.
Умуман, огоҳномаи Байден қабул нашуд ва худи ӯ ба таври шево “фиристода” шуд. Путин дар интихоботи президентӣ ширкат кард ва ба осонӣ пирӯз шуд. Ба унвони як амали тарсонидан Амрико Либияро хароб карда, куштори Қаззофиро дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш мекарданд, гӯё ба Путин ҳушдор мефиристоданд. Баъданэътирози майдони Болотнаяро ташкил карданд, аммо он ҳам натиҷаенадод.
Тамоми аҳли олам дар пахши мустақим дид, ки аз амрикоиён тарсидан даркор нест ва ба фармони онҳо эътибор додан нашояд. Индар мисоли Ҷо Байден нишон дода шуд. Пешгӯии ҳамҳизбаш Билл Клинтон иҷро шуд: ӯ нав бо Путин вохӯрда, ҳушдор дод, ки "мо борҳо Борисро (Елтсин) бо хушӣ ёд хоҳем кард".
Тааҷҷубовар нест, ки Байден кина дорад. Як нороҳатии алоҳида он буд, ки Путин ҳамеша аз дастгирии аксарияти кулли мардуми Русия бархурдор буд, аммо Байденро ба Кохи Сафед "ё ҳамчун лошае ё ҳамчун лӯхтак" тела доданд: тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2020 ҳатто амрикоиҳои бо ҳама чиз одаткардароба ҳайрат гузошт.
Световые инсталляции в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2023
Ҳама он чиз, ки интизораш набуданд, рух дод
Баробари интихоб шуданаш, президент Байден ба оташ андохтан ба низои Украина ҳамчун қасди шахсӣ алайҳи президент Путин шурӯъ кард. Хашмгинии ӯ мунтазам берун мебаромад. Моҳи марти соли 2021 ӯ ҳамтои худро "қотил" номид.
Дар посух Путин ба пирамард саломатии бардавом таманно кард ва пешниҳод кард, ки мубоҳисаи “мустақим, бидуни таъхир, вале дар як баҳси ошкоро ва кушод” баргузор шавад. Дар навор дида мешавад, ки президент бо либоси оддии кушода истодааст, он вақт ӯ ният дошт, ки барои истироҳат ба тайга парвоз кунад ва вақти гуфтан табассум мекунад.
Тасаввур кардан душвор нест, ки Байдени солхӯрда, ки барояш хондани матн аз телесуфлёр душворӣ мекунад, чӣ гуна бо Владимир Путин мустақиман гуфтугӯ мекунад. Ин барояш як шармандагӣ пеши аҳли башар мешавад. Вашингтон вонамуд кард, ки ин таклиф вуҷуд надорад.
Мулоқоти раҳбарон дар Женева баъд аз се моҳ тақрибан паси дарҳои баста баргузор шуд. Тафовут байни Путини сахтгир ва зуд вокунишдиҳандава Байдени фаромушхотир, ки дар куҷо будани худро аниқ намедонист, хеле равшан буд.
Бо вуҷуди ин, моҳияти он чизе, ки дар паси дарҳои бастаи бӯстонсарои La Grange рух дод, равшан буд. Байден Путинро мутақоид кард, ки бо тавсеаи НАТО ба шарқ муросо кунад ва дубора “фиристода” шуд. Пас аз ҳашт моҳ Путин фармон дод, ки дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз шавад. Муйсафед бори дигар сархам шуд.
Бундестаг в Германии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вакили Бундестаг: Аз таҳримҳо Русия устувору Аврупо заифтар шудааст
"Вай пардохт хоҳад кард." Ин ҳама чизест, ки Байден имрӯз метавонад дар бораи Путин гӯяд: "Ӯ пардохт хоҳад кард." Ва ҳоло тамоми расонаҳои машҳури ИМА дар бораи куштори эҳтимолии Путин баҳс мекунанд, ҷомеаи иктишофии Амрико ошкоро ваъда медиҳад, ки "зарбаи ҷонкоҳ ба Кремл" мезананд ва таҳлилгарони гуногун яке аз паи дигар сенарияҳои "табаддулоти ҳарбӣ"-ро таҳия мекунанд.
Тааҷҷубовар ин аст, ки аслан ҳама чизе, ки Байден ба Русия таҳдид карда буд, ҳоло дар худи Иёлоти Муттаҳида амалӣ мешавад. Мамлакат дар ҳоли ҷудоӣ қарор дорад, миллионҳо одамон ба ҷанги шаҳрвандӣ ба таври ҷиддӣ тайёрӣ мебинанд, яроқу аслиҳаи оташфишон захира мекунанд, норозигӣ дар сафи ҳарбиён авҷ мегирад, дурнамои табаддулот ҳеҷгоҳ ин қадар воқеӣ набуд.
Ҳар як муваффақияти Путин баргашта ба Байден мезанад. Нокомӣ дар Украина ба ӯбо импичмент ва импичмент бошад, бо таъқиби ҷиноӣ таҳдид мекунад ва на танҳо муқобили ӯ, балки муқобили аҳли хонаводааш ҳам.
Дар соли нав муқовимати байни ду рохбар авҷ мегирад. Ҳарду интихобот дар пеш доранд, дар Русия онҳо моҳи март ва дар ИМА моҳи ноябр баргузор мешаванд. Нархҳобениҳоят баланданд, зеро дар асл, Путин ва Байден барои ҷаҳон ҷанг мекунанд, барои он ки тартиботи ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои оянда чӣ гуна хоҳад буд. Чунон ки мегӯянд, "мебинем".
Лентаи хабарҳо
0