Ҳамлаи ИМА ва Бритониё ба Яман: Зарбаҳои шадиди мушакӣ ба иншоотҳои Ҳусиҳо

© Foto / wikimedia.orgЙемен, архивное фото
Йемен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2024
Обуна шудан
Артиши Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё шаби 12 январ ба ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва марказҳои тавлиди паҳподҳо дар Яман шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. ИМА ва Бритониё Яманро мушакборон карданд ва онро амалиёти низомӣ номиданд.
Ин маълумотро Пентагон тасдиқ кардааст хабар додааст ба РИА Новости.
Ба ин тартиб, чаҳор ҳамлаи ҳавоӣ ба як пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Санъо, пойтахти Яман анҷом дода шуд.
Панҷ ҳамлаи ҳавоӣ ба мавқеъҳои ҳусиҳо дар шарқи Ҳудайда сурат гирифт.
Шаҳри Таиз дар маркази Яман низ бомбборон шуд ва ду ҳамлаи дигари ҳавоӣ ба як урдугоҳи низомӣ дар шарқи шаҳри Саъда дар шимоли кишвар анҷом дода шуд.
Манобеъ дар мақомоти маҳаллӣ ба РИА Новости гуфтанд, ки дар маҷмӯъ ИМА ва Бритониё ба ҳадафҳо дар чаҳор вилояти Яман 23 зарба заданд.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, барои анҷом додани зарбаҳо аз киштиҳои ҷангӣ, киштиҳои зериобӣ ва ҳавопаймоҳо истифода шуданд.
Огонь на сельскохозяйственном поле после воздушного налета Израиля на окраине города Тир, Ливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Намояндаи Ҳамос зимни ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шуд: "Ҳизбуллоҳ" ваъдаи посух дод
Бо вуҷуди ин, посухи зуд дода шуд. Ҳусиҳо алакай ба зарба задан ба иншоотҳои низомии ИМА ва Бритониё дар минтақаҳо оғоз намуданд.
Ин ҳамла, ба гуфтаи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, посух ба ҳамлаҳои Ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх буд.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи ниманизомӣ монеъи вуруди онҳо ба Исроил шудааст. Ҳусиҳо гуфтаанд, ки мушакборони киштиҳои ғарбӣ то поёни низоъ дар навори Ғазза идома хоҳад кард.
Илова бар ин, раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки амалиёти низомӣ аз сӯйи Австралия, Баҳрайн, Канада ва Ҳолланд пуштибонӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вакили конгресс - демократ Ро Ханна гуфт, ки президенти ИМА бе иҷозати конгресс ба Яман зарба зада, сарқонуни кишварро нақз кардааст.
Дар робита ба ҳамлаҳо ба Яман, Русия хостори баргузории ҷаласаи фаврии Шӯрои Амнияти СММ шуд.
Лентаи хабарҳо
0