https://sputnik.tj/20240113/daleli-nihoi-blinken-khovari-miyona-yaman-1061268038.html
Далели ниҳоӣ: Блинкен аз Ховари Миёна рафту Яман мушакборон гардид.
Далели ниҳоӣ: Блинкен аз Ховари Миёна рафту Яман мушакборон гардид.
Sputnik Тоҷикистон
Тирборон кардани иншоотҳои мутааллиқ ба Ҳусиҳо мушкилотро ҳал карда наметавонад, он танҳо барои нишон додани хоҳиши ИМА дар барқарор кардани тартибот дар Баҳри Сурх аст.
2024-01-13T15:15+0500
2024-01-13T15:15+0500
2024-01-13T15:15+0500
има
ҳусиҳо дар яман
исроил
фаластин
сиёсат
ҷанг
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/01/1060682190_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_d8a9d8cc56ce797d21ebd2d548bf0718.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik, Давид Нармания. Сафари котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Шарқи Наздик ба охир расид. Дастоварди равшантарини натиҷаи сафар, албатта, ҳуҷуми ИМА ва Англия ба муқобили Яман мебошад. Воқеан, Вашингтон бархӯрд бо Ҳусиҳоро ба сатҳи нав бардошт. Ҳанӯз арзёбии паёмадҳои ин ҳамла душвор аст, аммо аз рӯи партоби мушакҳо, ки дар посух ба вуқӯъ пайваст, метавон тахмин кард, ки Вашингтон натавонист ба тавоноии ҷангии Ансоруллоҳ зарари ҷиддӣ расонад. Яъне таҳдид бартараф нашуд.Эҳтимол Блинкен барои расонидани мавқеъи Вашингтон дар мавриди ҳамлаи дарпешистода ба шарикони ИМА дар минтақа кӯшиши зиёд сарф кардааст. Аммо расман дипломат як ҳафтаи пурраро бо кӯшишҳо барои ҳалли низоъ дар Ғазза сарф кардааст.Сафари якҳафтаинаи ҷорӣ чаҳорумин сафари котиби давлатии ИМА ба минтақа аз моҳи октябр ба ин сӯ буд. Чунин фаъолият ҳатто дар пасманзари боздидҳои доимӣ ба Украина таъсирбахш ба назар мерасад, ӯ чор маротиба аз Украина дидан кардааст, аммо дар давоми ду сол, на чаҳор моҳ.Хусусияти дигари умумие, ки ин сафарҳо доранд, ин набудани натиҷаҳои дилхоҳ аст. Моҳи январи соли 2024 низоъ дар Ғазза ончунон, ки моҳи октябри соли 2023 буд, ҳоло ҳам ба поён нарасидааст. Тамоман баръакс: суханронии ҳукумати Исроил ва Ҳизбуллоҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки Лубнон низ метавонад ба гирдоби муқовимати ҳамаҷониба ғӯта хӯрад.Ҳамаи гуфтушунидҳо бо иштироки котиби давлатии ИМА дар ҳақиқат бо ибораҳои умумӣ маҳдуд буд, мамлакатҳои араб майли ба ҷанги ошкоро дохил шудан надоранд, аммо аз Исроил талаб мекунанд, ки амалиётро зудтар бас кунад. Ва албатта, бе ҳолатҳои ногувор ҳам ин сафарҳо анҷом наёфтанд. Агарчи дар яке аз сафарҳои қаблӣ котиби давлатӣ тамоми шаб мунтазири дидор бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмони буд, ин дафъа Маҳмуд Аббос дар утоқе бо Блинкен гуфтугӯ кард, ки дар паси ширкаткунандагон танҳо парчами Фаластин буд. Аз афташ, дар Рамаллоҳ байрақи Амрико пайдо нашуд.Ягона чизе, ки ба назар мерасад, изҳороти ниҳоии худи котиби давлатӣ аст, ки дар Қоҳира садо дод. Дипломат гуфт, ки "наздикшавии кишварҳои арабӣ ва Исроил беҳтарин роҳи инзивои Эрон хоҳад буд".Мутаассифона барои Блинкен, чунин андешаҳо аз воқеият комилан дуранд. Шарти калидии ҳамаи кишварҳои арабӣ барои ба эътидол овардани равобит бо Телавив хатми амалиёт дар Ғазза ва таъсиси давлати Фаластин аст. Девони вазирони Бенямин Нетаняҳу омода нест, ки чунин иқдом кунад.Худи нахуствазири Исроил иддао дорад, ки ишғоли ин навор дар нақшаҳои ӯ нест, аммо ҳанӯз моҳи декабр расонаҳои ғарбӣ дар ин бора дигар хел менавиштанд. Гузашта аз ин, аъзои кобинаи ӯ давра ба давра изҳорот медиҳанд, ки ба изҳороти итминонбахши Нетаняҳу мухолифанд. Нахуст вазири амнияти миллӣ Итамар Бен-Гвир ба ихроҷи тамоми фаластиниҳо аз Ғазза даъват мекунад ва сипас раиси вазорати молия Бетсалел Смотрич сокинони ин наворро "нозиҳо" номид, ки метавонанд баъди 10 сол рӯзи 7 октябрро аз нав ташкил кунанд, агар ин қаламрав бо исроилиён пур нагардад.Аз афташ, Исроил намедонад, ки роҳи раҳоӣ аз низоъи кунунӣ чӣ гуна бояд бошад , нерӯҳои амниятии Исроил (САХАЛ) танҳо ба нобудсозии Ҳамос машғул ҳастанд ва ба шумораи ғайринизомиёне, ки таҳдиди куштанаш аз дасти низомиёни исроилӣ вуҷуд дорад, таваҷҷӯҳи зиёде надоранд. Аммо дар дасти Телавив набудани нақшаи баромад аз муноқиша на танҳо барои фаластиниҳо, балки барои худи Исроил низ хатар дорад. Воқеан, дар натиҷа онҳо ба ҷойи Ҳамос метавонанад бо душмане дучор шаванд, ки ӯро ҳанӯз намешиносанд. Ва ин ба таври дарднок таваллуди ДОИШ*-ро дар харобаҳои Ироқи аз тарафи амрикоиён харобшуда, ба хотир меорад.Маълум нест, ки Иёлоти Муттаҳида инро дарк мекунад ё не, аммо Вошингтон воқеан кӯшиш мекунад ба Нетаняҳу фишор оварад. Танҳо ба эътирофи ахири Ҷо Байден нигаред, ки дар Каролинаи Ҷанубӣ таҳти суолборони фаъолон иброз дошт: "Ман бо ҳукумати Исроил оромона кор кардам, то онҳоро маҷбур созам, ки ҳузури худро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳанд ва аз навори Ғазза хориҷ шаванд", -гуфт президенти Амрико.Рости ran, барои Блинкен, ки худи рузи дигар ба Исроил омад, ин сардарди зиёдтаре шуд. Ин гуна гапхоро дар давраи пушидаи гуфтушунид гуфтан мумкин аст, вале на ошкоро ва зери фишори эътирозгарон. Бинобар ин, вокуниши Телавив пешгӯишаванда буд, вазири дифоъ Йоав Галант дар гуфтушунид бо котиби давлатӣ изҳор дошт, ки шиддати амалиёти ҷангӣ афзоиш меёбад ва худи амалиёт то он даме, ки зарур аст, идома хоҳад дошт.Ин иқдоми Байденро танҳо бо он шарҳ додан мумкин аст, ки кӯмак барои Нетаняҳу сардарди калон мешавад, ин кумак ба муносибатҳо бо Ҷануби Ҷаҳонӣ ва ҳам муҳимтар аз он барои демократҳо дар рақобати интихоботӣ халал мерасонад. Тибқи як назарсанҷии The New York Times, тақрибан 57 дарсади интихобкунандагони амрикоӣ рафтори Байденро барои ҳалли низоъ ҷонибдорӣ намекунанд. Аз ин рӯ маълум , ки раисиҷумҳури Амрико на барои фаластиниҳо, балки барои рейтинги худаш нигарон аст.Рамзист, ки дар охири сафари Блинкен ба Ховари Миёна маҷаллаи "Тайм" як муқова ва як мақолаи пурраро таҳти сарлавҳаи "Фиристода. Котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва озмоиши пешоҳангии Амрико" ба ӯ бахшидааст. Ҳодисаҳои ахир равшан нишон медиҳанд, ки “пешоҳангии Амрико” метавонад на танҳо қурбонии чолишҳои Русия ва Чин, балки қурбонии муборизаи дохилӣ шавад. Ва хеле пештар аз он, ки Вашингтон ба он омода шавад.Изҳороти қаблан зикршудаи Байден дар бораи "оромона кор кардан бо Нетаняҳу" бо зарба ба Яман муштаракоти зиёде дорад. Тирборон кардани иншоотҳои мутааллиқ ба Ҳусиҳо мушкилотро ҳал карда наметавонад, он танҳо барои нишон додани хоҳиши ИМА дар барқарор кардани тартибот дар Баҳри Сурх аст. Барои рафъи таҳдид амалиёти заминӣ зарур аст, аммо Кохи Сафед барои ин на қудрат, на вақт ва на эътимоди амрикоиҳоро дорад. Ба ҳамин монанд, ифшои Ҷо Байден танҳо як кӯшиши бовар кунонидани ҳамагонро оид ба мақсадҳои Вашингтон барои расидан ба сулҳ дар Ғазза аст.Аммо дар паси хоҳиши Амрико ҳамчун як пешвое, ки метавонад чунин мушкилотро ҳал кунад, нотавон буданаш беш аз пеш намоёнтар мешавад.* Ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20240112/husiho-ima-britoniyo-yaman-zarba-video-1061257901.html
https://sputnik.tj/20240112/hamla-ima-britoniyo-yaman-zarba-mushak-inshoothoi-husiho-1061256618.html
https://sputnik.tj/20240111/sozish-kunem-gharb-rusiya-amaliyoti-2024-anjom-1061226986.html
https://sputnik.tj/20240110/shikasti-nato-barkhurd-rusiya-peshguishavanda-1061213494.html
има
исроил
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/01/1060682190_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e0c21fc5977b4d514e74d1f2d959f979.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, има, фаластин, яман, ҷанг
исроил, има, фаластин, яман, ҷанг
Далели ниҳоӣ: Блинкен аз Ховари Миёна рафту Яман мушакборон гардид.
Тирборон кардани иншоотҳои мутааллиқ ба Ҳусиҳо мушкилотро ҳал карда наметавонад, он танҳо барои нишон додани хоҳиши ИМА дар барқарор кардани тартибот дар Баҳри Сурх аст
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik, Давид Нармания. Сафари котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Шарқи Наздик ба охир расид. Дастоварди равшантарини натиҷаи сафар, албатта, ҳуҷуми ИМА ва Англия ба муқобили Яман мебошад. Воқеан, Вашингтон бархӯрд бо Ҳусиҳоро ба сатҳи нав бардошт.
Ҳанӯз арзёбии паёмадҳои ин ҳамла душвор аст, аммо аз рӯи партоби мушакҳо, ки дар посух ба вуқӯъ пайваст, метавон тахмин кард, ки Вашингтон натавонист ба тавоноии ҷангии Ансоруллоҳ зарари ҷиддӣ расонад. Яъне таҳдид бартараф нашуд.
Эҳтимол Блинкен барои расонидани мавқеъи Вашингтон дар мавриди ҳамлаи дарпешистода ба шарикони ИМА дар минтақа кӯшиши зиёд сарф кардааст. Аммо расман дипломат як ҳафтаи пурраро бо кӯшишҳо барои ҳалли низоъ дар Ғазза сарф кардааст.
Сафари якҳафтаинаи ҷорӣ чаҳорумин сафари котиби давлатии ИМА ба минтақа аз моҳи октябр ба ин сӯ буд. Чунин фаъолият ҳатто дар пасманзари боздидҳои доимӣ ба Украина таъсирбахш ба назар мерасад, ӯ чор маротиба аз Украина дидан кардааст, аммо дар давоми ду сол, на чаҳор моҳ.
Хусусияти дигари умумие, ки ин сафарҳо доранд, ин набудани натиҷаҳои дилхоҳ аст. Моҳи январи соли 2024 низоъ дар Ғазза ончунон, ки моҳи октябри соли 2023 буд, ҳоло ҳам ба поён нарасидааст. Тамоман баръакс: суханронии ҳукумати Исроил ва Ҳизбуллоҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки Лубнон низ метавонад ба гирдоби муқовимати ҳамаҷониба ғӯта хӯрад.
Ҳамаи гуфтушунидҳо бо иштироки котиби давлатии ИМА дар ҳақиқат бо ибораҳои умумӣ маҳдуд буд, мамлакатҳои араб майли ба ҷанги ошкоро дохил шудан надоранд, аммо аз Исроил талаб мекунанд, ки амалиётро зудтар бас кунад. Ва албатта, бе ҳолатҳои ногувор ҳам ин сафарҳо анҷом наёфтанд.
Агарчи дар яке аз сафарҳои қаблӣ котиби давлатӣ тамоми шаб мунтазири дидор бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмони буд, ин дафъа Маҳмуд Аббос дар утоқе бо Блинкен гуфтугӯ кард, ки дар паси ширкаткунандагон танҳо парчами Фаластин буд. Аз афташ, дар Рамаллоҳ байрақи Амрико пайдо нашуд.
Ягона чизе, ки ба назар мерасад, изҳороти ниҳоии худи котиби давлатӣ аст, ки дар Қоҳира садо дод. Дипломат гуфт, ки "наздикшавии кишварҳои арабӣ ва Исроил беҳтарин роҳи инзивои Эрон хоҳад буд".
Мутаассифона барои Блинкен, чунин андешаҳо аз воқеият комилан дуранд. Шарти калидии ҳамаи кишварҳои арабӣ барои ба эътидол овардани равобит бо Телавив хатми амалиёт дар Ғазза ва таъсиси давлати Фаластин аст. Девони вазирони Бенямин Нетаняҳу омода нест, ки чунин иқдом кунад.
Худи нахуствазири Исроил иддао дорад, ки ишғоли ин навор дар нақшаҳои ӯ нест, аммо ҳанӯз моҳи декабр расонаҳои ғарбӣ дар ин бора дигар хел менавиштанд. Гузашта аз ин, аъзои кобинаи ӯ давра ба давра изҳорот медиҳанд, ки ба изҳороти итминонбахши Нетаняҳу мухолифанд.
Нахуст вазири амнияти миллӣ Итамар Бен-Гвир ба ихроҷи тамоми фаластиниҳо аз Ғазза даъват мекунад ва сипас раиси вазорати молия Бетсалел Смотрич сокинони ин наворро "нозиҳо" номид, ки метавонанд баъди 10 сол рӯзи 7 октябрро аз нав ташкил кунанд, агар ин қаламрав бо исроилиён пур нагардад.
Аз афташ, Исроил намедонад, ки роҳи раҳоӣ аз низоъи кунунӣ чӣ гуна бояд бошад , нерӯҳои амниятии Исроил (САХАЛ) танҳо ба нобудсозии Ҳамос машғул ҳастанд ва ба шумораи ғайринизомиёне, ки таҳдиди куштанаш аз дасти низомиёни исроилӣ вуҷуд дорад, таваҷҷӯҳи зиёде надоранд.
Аммо дар дасти Телавив набудани нақшаи баромад аз муноқиша на танҳо барои фаластиниҳо, балки барои худи Исроил низ хатар дорад. Воқеан, дар натиҷа онҳо ба ҷойи Ҳамос метавонанад бо душмане дучор шаванд, ки ӯро ҳанӯз намешиносанд. Ва ин ба таври дарднок таваллуди ДОИШ*-ро дар харобаҳои Ироқи аз тарафи амрикоиён харобшуда, ба хотир меорад.
Маълум нест, ки Иёлоти Муттаҳида инро дарк мекунад ё не, аммо Вошингтон воқеан кӯшиш мекунад ба Нетаняҳу фишор оварад. Танҳо ба эътирофи ахири Ҷо Байден нигаред, ки дар Каролинаи Ҷанубӣ таҳти суолборони фаъолон иброз дошт: "Ман бо ҳукумати Исроил оромона кор кардам, то онҳоро маҷбур созам, ки ҳузури худро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳанд ва аз навори Ғазза хориҷ шаванд", -гуфт президенти Амрико.
Рости ran, барои Блинкен, ки худи рузи дигар ба Исроил омад, ин сардарди зиёдтаре шуд. Ин гуна гапхоро дар давраи пушидаи гуфтушунид гуфтан мумкин аст, вале на ошкоро ва зери фишори эътирозгарон.
Бинобар ин, вокуниши Телавив пешгӯишаванда буд, вазири дифоъ Йоав Галант дар гуфтушунид бо котиби давлатӣ изҳор дошт, ки шиддати амалиёти ҷангӣ афзоиш меёбад ва худи амалиёт то он даме, ки зарур аст, идома хоҳад дошт.
Ин иқдоми Байденро танҳо бо он шарҳ додан мумкин аст, ки кӯмак барои Нетаняҳу сардарди калон мешавад, ин кумак ба муносибатҳо бо Ҷануби Ҷаҳонӣ ва ҳам муҳимтар аз он барои демократҳо дар рақобати интихоботӣ халал мерасонад.
Тибқи як назарсанҷии The New York Times, тақрибан 57 дарсади интихобкунандагони амрикоӣ рафтори Байденро барои ҳалли низоъ ҷонибдорӣ намекунанд. Аз ин рӯ маълум , ки раисиҷумҳури Амрико на барои фаластиниҳо, балки барои рейтинги худаш нигарон аст.
Рамзист, ки дар охири сафари Блинкен ба Ховари Миёна маҷаллаи "Тайм" як муқова ва як мақолаи пурраро таҳти сарлавҳаи "Фиристода. Котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва озмоиши пешоҳангии Амрико" ба ӯ бахшидааст.
Ҳодисаҳои ахир равшан нишон медиҳанд, ки “пешоҳангии Амрико” метавонад на танҳо қурбонии чолишҳои Русия ва Чин, балки қурбонии муборизаи дохилӣ шавад. Ва хеле пештар аз он, ки Вашингтон ба он омода шавад.
Изҳороти қаблан зикршудаи Байден дар бораи "оромона кор кардан бо Нетаняҳу" бо зарба ба Яман муштаракоти зиёде дорад. Тирборон кардани иншоотҳои мутааллиқ ба Ҳусиҳо мушкилотро ҳал карда наметавонад, он танҳо барои нишон додани хоҳиши ИМА дар барқарор кардани тартибот дар Баҳри Сурх аст.
Барои рафъи таҳдид амалиёти заминӣ зарур аст, аммо Кохи Сафед барои ин на қудрат, на вақт ва на эътимоди амрикоиҳоро дорад. Ба ҳамин монанд, ифшои Ҷо Байден танҳо як кӯшиши бовар кунонидани ҳамагонро оид ба мақсадҳои Вашингтон барои расидан ба сулҳ дар Ғазза аст.
Аммо дар паси хоҳиши Амрико ҳамчун як пешвое, ки метавонад чунин мушкилотро ҳал кунад, нотавон буданаш беш аз пеш намоёнтар мешавад.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ аст.