https://sputnik.tj/20240114/tramp-nazdikshav-jangi-seumi-jahon-hushdor-1061274793.html
Трамп аз "наздикшавӣ"-и ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод
Трамп аз "наздикшавӣ"-и ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ президенти ИМА ҳушдор дод, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ умуман ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ монанд нест, он хеле бузургтару даҳшатовартар хоҳад буд 14.01.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-01-14T15:55+0500
2024-01-14T15:55+0500
2024-01-14T15:55+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
има
доналд трамп
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ин қадар наздик набуд, гуфт президенти собиқи ИМА Доналд Трамп дар сӯҳбат бо тарафдоронаш дар Айова. "Фикр намекунам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дучор нашудаем. Ва чунон ки дар ҳар суханронӣ мегӯям, ман аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунам, ман ҳамаи ин одамонро мешиносам.", - гуфт ӯ. Ин сиёсатмадор таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти маъмурияти вориси ӯ Ҷо Байден ба як "давлати заиф ва бесамар" мубаддал шудааст, ки андешааш дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта намешавад."Байден бениҳоят нотавон аст. Ягона чизе, ки ӯ медонад, ки чӣ тавр хуб кор кунад, фиреб дар интихобот аст. Онҳо (демократҳо - идора.) дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот хубанд ва инчунин дар таъқиби рақибони сиёсии худ хубанд. Онҳо дигар коре карда наметавонанд", - таъкид кард собик президенти ШМА. Трамп иддао кард, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, агар он оғоз шавад, майдони ҷанги маъмулӣ байни артишҳо ва таҷҳизоти низомии ду рақиб нахоҳад буд.Трамп қаблан изҳор дошт, ки Ҷо Байден қодир аст, ки ҷанги сеюми ҷаҳониро оғоз кунад ва Амрикоро дар муддати боқимонда то интихоботи президентӣ нобуд созад. Вай инчунин ваъда дод, ки дар сурати боз ба мансаби сарвари давлат баромаданаш сулҳро дар сайёра "бо роҳи зӯр" барқарор хоҳад кард.Интихоботи президентии ИМА 5 ноябри соли 2024 таъин шудааст. Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки Доналд Трамп дар интихоботи пешазинтихоботии ҷумҳурихоҳон пешсаф аст. Интизор меравад, ки бо ӯ раисиҷумҳури кунунӣ Ҷо Байден рақаобат кунад. Тибқи назарсанҷиҳо, Трамп барои пирӯзӣ дар соли 2024 мавқеи хуб дорад.
https://sputnik.tj/20231113/vao-zelenskiy-takroran-talosh-tramp-suhbat-telefoni-1060448170.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , амният ва мудофиа, има, доналд трамп, ҷо байден
дар ҷаҳон, сиёсат , амният ва мудофиа, има, доналд трамп, ҷо байден
Трамп аз "наздикшавӣ"-и ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод
Собиқ президенти ИМА ҳушдор дод, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ умуман ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ монанд нест, он хеле бузургтару даҳшатовартар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ин қадар наздик набуд, гуфт президенти собиқи ИМА Доналд Трамп дар сӯҳбат бо тарафдоронаш дар Айова.
"Фикр намекунам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дучор нашудаем. Ва чунон ки дар ҳар суханронӣ мегӯям, ман аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунам, ман ҳамаи ин одамонро мешиносам.", - гуфт ӯ.
Ин сиёсатмадор таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти маъмурияти вориси ӯ Ҷо Байден ба як "давлати заиф ва бесамар" мубаддал шудааст, ки андешааш дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта намешавад.
"Байден бениҳоят нотавон аст. Ягона чизе, ки ӯ медонад, ки чӣ тавр хуб кор кунад, фиреб дар интихобот аст. Онҳо (демократҳо - идора.) дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот хубанд ва инчунин дар таъқиби рақибони сиёсии худ хубанд. Онҳо дигар коре карда наметавонанд", - таъкид кард собик президенти ШМА.
Трамп иддао кард, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, агар он оғоз шавад, майдони ҷанги маъмулӣ байни артишҳо ва таҷҳизоти низомии ду рақиб нахоҳад буд.
"Ин умуман ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ монанд нест. Онҳо даҳшатнок буданд, аммо ин ҷанг хеле бузургтар хоҳад буд", - афзуд сиёсатмадор.
Трамп қаблан изҳор дошт, ки Ҷо Байден қодир аст, ки ҷанги сеюми ҷаҳониро оғоз кунад ва Амрикоро дар муддати боқимонда то интихоботи президентӣ нобуд созад.
Вай инчунин ваъда дод, ки дар сурати боз ба мансаби сарвари давлат баромаданаш сулҳро дар сайёра "бо роҳи зӯр" барқарор хоҳад кард.
Интихоботи президентии ИМА 5 ноябри соли 2024 таъин шудааст. Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки Доналд Трамп дар интихоботи пешазинтихоботии ҷумҳурихоҳон пешсаф аст. Интизор меравад, ки бо ӯ раисиҷумҳури кунунӣ Ҷо Байден рақаобат кунад. Тибқи назарсанҷиҳо, Трамп барои пирӯзӣ дар соли 2024 мавқеи хуб дорад.