Бӯҳрони Баҳри Сурх Ғарбро маҷбур мекунад, ки бо сари хам пеши Русия биёяд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкТанкер-газовоз "Гранд Анива", для перевозки сахалинского сжиженного природного газа (СПГ)
Танкер-газовоз Гранд Анива, для перевозки сахалинского сжиженного природного газа (СПГ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Обуна шудан
Аз ҳама ҳолати шармовар дар он аст, ки шумо мехоҳед касеро ҷазо диҳед, аммо ҳаёт шуморо маҷбур мекунад, ки бори дигар бо сари хам пеши ӯ равед.
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik, Кирилл Стрелников. Эҳтимол, ин ҳолат метавонад бо истеҳсолкунандаи машҳури мебел ва молҳои рӯзгор IKEA рух диҳад, ки як вақт бо овози баланд дарро бо ҷанҷол кӯфт ва "миллионҳо русҳоро гӯё аз нафаси ҳаёти Ғарб маҳрум кард".
Дирӯз IKEA эълон кард, ки бинобар ҳамлаҳо ба киштиҳо дар Баҳри Сурх, "мумкин аст, занҷирҳои таъминот халалдор шаванд ва баъзе ашёҳо аз сабаби мушкилоти логистикӣ дар мағозаҳо тамом шаванд", яъне ҳаёти Ғарб акнун метавонад барои бештар дастрас набошад.
Русия ба ин чӣ дахл дорад?
Ёдовар мешавем, ки аз охири моҳи октябр, хусиёни Яман ҳамлаҳои мунтазам ба киштиҳои тиҷоратӣ (асосан исроилӣ), ки тавассути Баҳри Сурх ҳаракат мекарданд, оғоз карданд, ки ин посух ба "таҷовузи нафратовари Исроилу Амрико дар Ғазза" буд. Мисли ҳамешагӣ дар чунин мавридҳо ҳама зери ҳадаф қарор гирифтанд (ба ҷуз як истисно). Баҳри зери хатар нагузоштани киштиҳои худ ва интиқоли коло тавассути Баҳри Сурх тақрибан дар як вақт бештари ширкатҳои бузургтарини боркашонӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла: Maerskданиёгӣ, Ширкати киштиронии Швейтсария (MSC), Hapag-Lloyd олмонӣ, CMA CGM фаронсавӣ ва ширкати бузурги нафту гази BP шино аз ин масирро қатъ карданд.
Учения ВМС США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Тиҷорати ҷаҳонӣ зери хатар: Ҳусиҳои Яман барои Ғазза аз Ғарб интиқом мегиранд
Ин ширкатҳо, ки қариб нисфи интиқоли контейнерии моли ҷаҳонро таъмин мекунанд, ҳоло дар ҷустуҷӯи хатсайрҳои нав, аз ҷумла роҳи гирдогирди Африқо тавассути гулугоҳи Умеди Нек фикр мекунанд. Аммо ҳисобкунакҳо ва ҷуғрофиё чизҳои якраванд, онҳоро боварикунонӣ ва фишор овардан намешавад: чунончи, роҳи гирдогирди Африқо масофаро аз Осиё то Аврупо ҳашт ҳазор километр ёто 10-14 рӯз дарозтар мекунад, фақат масрафи сӯзишвории як сафар хароҷотро камаш як миллион доллар зиёд мекунад (ба ҳисоби миёна — 15 фоиз).
Дар натиҷа, аз оғози муҳосираи воқеии нақлиётии Баҳри Сурх аз ҷониби Ҳусиҳо иқтисодҳои ғарбӣ аллакай ҳадди аққал 35 миллиард долларро аз даст доданд, гардиши мол тавассути Баҳри Сурх 30 дарсад коҳиш ёфт ва дар Аврупо аз сабаби канда шудани занҷирҳои логистикӣ, гароншавии интиқоли мол, ки ин ногузир боиси болоравии нархҳо мегардад, воҳима ба вуҷуд омад. Аз тарси қатъи таъминот, қимати саҳмияҳои газ дар Аврупо 10-13 дарсад боло рафт ва нархи нафт ҳамарӯза боло меравад.
Бояд қайд кунем, ки новобаста ба ин вазъият киштиҳои русӣ оромона дар Баҳри Сурх ҳаракат мекунанд, радарҳои Ҳусиҳо бо як тасодуфи аҷиб онро ошкор карда наметавонанд.
Иёлоти Муттаҳида, ки дорои чунин технологияҳои зиддирадарӣ нест, ба таври фаврӣ ба ташкили эътилофи байналмилалӣ барои "таъмини бехатарии киштиронӣ дар Баҳри Сурх" ва дар асл барои таҷовузи низомӣ алайҳи Ҳусиҳо оғоз кард ва ин ҳам дар пасманзари сафарбаркунии умумӣ дар Яман ва оғози минагузории Ҳусиҳо дар гулӯгоҳи Боб-ул-Мандеб. Яъне оид ба убури бехатари киштиҳо аз Баҳри Сурх дар ояндаи наздик фаромӯш кардан мумкин аст.
Президент Франции Эманюэль Макрон и глава Германии Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2023
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Аммо як масири озод аз Ҳусиҳо, минаҳо ва сиёсат вуҷуд дорад, - масири баҳрии шимолии Русия, ки чанде пеш Владимир Путин дар ҷавоб ба нолаҳои интиқолдиҳандагони ҷаҳонӣ аз он ёдовар шуд: "Роҳи баҳрии Шимолӣ назар ба канали Суэтс ба як шоҳраги нақлиётии муассиртар табдил меёбад."
Ва ин масир назар ба ҳама хатсайрҳои кӯтоҳтарин аз Осиё ба Аврупо ва баръакс хеле кӯтоҳтар ва арзонтар аст. Биёед, харита ва хисобкунакро аз ширкати "Маерск" гирем ва бубинем: масалан, аз Ҷопон то Мурманск 6000 мили баҳрӣ (каме зиёдтар аз 11 ҳазор километр) мебошад. Роҳ аз Ҷопон ба наздиктарин бандари Аврупо ба воситаи канали Суэтс қариб ду баробар дароз, — 12 ҳазор мил, ё худ бештар аз 22 ҳазор километр аст. Сафар аз бандарҳои кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором ба Аврупо тавассути Суэтс тақрибан 37 рӯзро дар бар мегирад, дар ҳоле, ки тавассути роҳи баҳрии шимолӣ аз бандарҳои асосии Осиё ба ҳамон Британияи Кабир шумо метавонед ҳамагӣ 25 рӯз шино кунед. Агар мо масири аз Роттердам то Йокогамаро гирем, фарқият 13 рӯз хоҳад буд: 20 бо роҳи баҳрии шимолӣ ва 33 рӯз тавассути канали Суэтс.
Ин як сарфаи бузурги даҳҳо ва садҳо миллиард доллар дар як сол аст ва ҳеҷ як сиёсат ё русбадбинӣ наметавонад тиҷорати калонро (аз ҷумла IKEA) маҷбур кунад, ки ин имконро сарфи назар кунанд.
Президент РФ В. Путин принял участие в работе IV Железнодорожного съезда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Ё соҳибихтиёру тавоно ё Русия нахоҳад буд: Таъкидоти муҳими Путин дар анҷумани ҳизби ҳоким
Ва Русия имкониятҳои хеле васеъ мекушояд ва кафолатҳои ҷиддитарин медиҳад. Ҳоло дар Русия лоиҳаи федеролии "Рушди роҳи баҳриишимолӣ" босуръат идома дорад, ки тибқи он интиқоли бор тариқи роҳи баҳрии шимолӣ дар соли 2024 ба 80 миллион тонна, то соли 2030 ба 110 миллион тонна ва то соли 2035 то ба 220 миллион тонна расонда мешавад. Ва ин рақамҳо хеле пеш аз бӯҳрон дар Баҳри Сурх эълон шуда буданд, яъне баландшавии онҳо кафолат дода мешавад.
Дар айни замонба манфиати роҳи баҳрии шимолӣ як системаи махсуси спутникҳо сомон дода мешавад ва флоти яхшикан бо суръати тез инкишоф меёбад, ки ба туфайли он аз соли 2024 киштигардӣдар Арктика тамоми сол давом хоҳад кард.
Бовар кунед ё не, аммо президенти Русия Владимир Путин бӯҳрони Баҳри Сурхро пешгӯӣ карда буд, ӯҳанӯз 20 июли соли равон дастур дода буд, ки барои масири баҳрии Шимолӣ зуд “яхшиканҳои дараҷаи калонтарин” сохта шаванд . То вақтҳои охир аз масири баҳрии шимолӣҳаракат кардан барои нафткашонҳои стандартӣ ва ё газкашонӣ душвор буд, зеро киштиҳои яхшикан, ки ҳоло дар заводи киштисозии Балтика ба таври силсилавӣ истеҳсол карда мешаванд, аз ҷиҳати бараш назар ба онхо бориктаранд. Бо ба кор андохтани киштиҳои яхшикани калон ин душворӣ бартараф карда мешавад ва имкон пайдо мешавад, ки тамоми боркашонии тиҷорӣ аз Осиё ба Аврупо ва баръакс аз тариқи Арктикаи Русия пурра равона карда шаванд, ки ба шарофати он Роҳи баҳрии Шимолӣ тамоми имкониятҳоро дорад, ки ба як долони асосии нақлиётӣ барои содироти нафт, гази моеъ, нуриҳои минералӣ, металлҳо ва дигар маҳсулоти дорои арзиши баланд мубаддал гардад.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
ВУХ Русия: Таҳримҳои нави ИА зарба ба худи онҳост
Дар мавриди ҳамгунаҳои арктикии Ҳусиҳо, дар симои кишварҳои “нодӯсти” минтақаи Арктика, мо омодаем, ки флоти байналхалқии тиҷоратиро бо муҳофизати боэътимод таъмин кунем. Аз ҷумла, ин моҳи сентябри соли ҷорӣ дар доираи машқҳои ҳифзи масири баҳриишимолӣ бо партоби мушакҳои болдори "Вулкан", "Гранит" ва "Оникс", ки дар он ҳудуди даҳ ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 50 воҳиди техникаи ҳарбӣ иштирок доштанд, шаффоф намоиш дода шуд.
Танҳо дар соли ҷорӣ, ҳаҷми дархостҳои интиқолдиҳандагон барои гузаштан аз роҳи баҳрии шимолӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт ва бӯҳрони ҷаҳонӣ дар Ховари Миёна бошад, воқеан навоғоз мешавад.
Ин маънои онро дорад, ки бисёрӣаз онҳое, ки ба наздикӣ азтаҳримҳои зидди Русия табли шодӣ мезадандё дар онҳо ширкат доштанд, акнун мақоли қадимии Ҳусиҳоро эҳсос хоҳанд кард: "Ҷанг ки сар шуд, нон металабӣ".
Лентаи хабарҳо
0