Тиҷорати ҷаҳонӣ зери хатар: Ҳусиҳои Яман барои Ғазза аз Ғарб интиқом мегиранд

© AFP 2023 / MCS CHAD M. TRUDEAUУчения ВМС США, архивное фото
Учения ВМС США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Обуна шудан
Барои ИМА низоъи Фаластин ва Исроилро зери назорат гирифтан муяссар нашуд, он зуд паҳн шуд ва ба ҳассостарин макони тиҷорати ҷаҳонӣ - Баҳри Сурх зарба зад.
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 — Sputnik, Виктория Никифорова. Ягона роҳи баҳрӣ, ки аз амрикоиҳо ва зертобеъонаш имрӯз озод аст, роҳии баҳрии шимолӣ мебошад. идораи бозии “бенизомии идорашаванда” барои Иёлоти Муттаҳида торафт мушкилтар мешавад, менависад шореҳи РИА Новости.
Аз ин рӯ, низоъи Фаластин ва Исроилро зери назорат гирифтан муяссар нашуд, он зуд паҳн шуд ва ба ҳассостарин макони тиҷорати ҷаҳонӣ - Баҳри Сурх зарба зад.
Ин долони танги баҳрӣ, ки дар шимол ва ҷануб ду гулугоҳи танг дорад,- канали Суэтс ва гулӯгоҳи Боб ал-Мандеб ҳоло аз ҷониби Ҳусиҳои Яман фаъолона тирборон карда мешавад.
Ҳама киштиҳо (новобаста аз парчами онҳо), ки бисёриашон ба фикри хусиҳо ба Исроил равонанд ва ё ба гунае бо он алоқаманданд, зери ҳамла қарор доранд. Онҳо аз соҳили Яман мушакҳо партоб карда, тайёраҳои бесарнишин мефиристанд. Ҳар як партоби муваффақ дар гирдиҳамоиҳо дар Санъо, пойтахти Яман, таҷлил мешавад.
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Русия интиқоли таҷҳизот ва доруворӣ ба навори Ғаззаро афзоиш медиҳад
Ин ҳикоя ҳанӯз дар моҳи ноябр дар посух ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Исроил дар навори Ғазза оғоз шуда буд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли якчанд ҳафта ҳама кӯшиш мекарданд вонамуд кунанд, ки ҳеҷ чиз рӯй надодааст: "пул хомӯширо дӯст медорад".
Охир баҳри Сурх 10—12 фоизи тамоми боркашонии баҳрӣ, қариб сеяки тамоми гузашти контейнериро ташкил медиҳад ва ҳар сол аз он ҷо ба маблағи як триллион доллар мол мегузарад.
Аз ин рӯ, киштиҳои тиҷоратӣ оромона хатсайрҳоро дигар мекарданд, онҳо ба ҷои канали Суэтс, чунпанҷсад сол пеш дар атрофи тамоми Африқо давр зада, аз гулӯгоҳи “Умеди нек” мегузаштанд.
Табиист, ки ин хатсайрро дароз карда, арзиши боркашониро зиёд мекард. Суғуртакунандагон низ нархҳои худро оромона баланд бардоштанд, — дар зарфи танҳо як-ду хафта нархи сугуртаи киштиҳои исроилӣ дар “Lloyd's” 250 фоиз афзуд.
Аммо дар авохири ҳафтаи гузашта ба ҳусиҳо муяссар шуд, ки бо як ҳамлаи мушакӣ киштии контейнерии олмонӣ Hapag-LLoyd оташ зананд. Як рӯз пеш як киштии боркаши Норвегия аз зарбаи мушакӣ оташ гирифт.
Ва ҳатто пештар, як киштии низомии ИМА – “USS Carney” мавриди ҳамла қарор гирифт. Ва он гоҳ чанде аз бузургтарин интиқолдиҳандагони аврупоӣ эълон карданд, ки киштиҳои онҳо ба Баҳри Сурх нахоҳанд даромад.
След от прокола вены на тыльной стороне ладони президента США Джо Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2023
"Русия бешубҳа ба НАТО ҳамла хоҳад кард": Дастаи Байден бозии хатарнок оғоз мекунад
Ҳамин тавр ҳама ба сӯи Вашингтон рӯй гардонданд.Дар соҳили баҳри Сурх теъдоди зиёди пойгоҳҳои ҳарбии Амрикоҷойгиранд. Нерӯҳои баҳрии Амрико худро дар минтақа ҳамчун кафили сулҳу амният муаррифӣ мекунад. Ва инак чунин ҳикоя рух медиҳад.
Зиёда аз он, дар ин ҷо ба флоти пуриқтидортарин дар ҷаҳон амалан партизанҳо муқобил баромадаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам Ҳусиҳоро як навъ “ошӯбгарон” мешуморад (чанд вақт пеш бо ташаббуси ИМА ба онҳо ҳамчун “террорист” муносибат мекарданд), бо вуҷуди он,ки онҳо худро дар Яман ҳукумати қонунӣ медонанд ва аз дастгирии миллионхо яманиҳо бархурдор ҳастанд.
Ҳоло киштиҳои ҳарбии ИМА ва Британия далерона хабар медиҳанд, ки онҳо якчанд паҳподро (дрон) зада ғалтондаанд. Бо вуҷуди ин, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо парвозро идома медиҳанд ва яке аз долонҳои асосии савдои ҷаҳонӣ зери хатари муҳосираи хеле мушаххас қарор дорад.
Аз нуқтаи назари ҳарбӣ вазъият дар бунбаст қарор дорад. Иёлоти Муттаҳида фармон дод, ки киштии тайёрабари "Дуайт Эйзенхауэр" ба халиҷи Аден, ба соҳили ҷанубии Яман фиристода шавад. Киштии тайёрабари "Жералд Форд" дар баҳри Миёназамин сайри худро давом дода, киштиҳои минагузори амрикоӣ ба ёрии он мешитобанд. Вазири мудофиа Ллойд Остин низбарои сафар ба Шарқи Наздик тайёрӣдида истодааст.
Дым, поднимающийся над зданиями во время израильского удара незадолго до начала четырехдневного перемирия в боях между Израилем и ХАМАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Аббос гуфт, масъулияти ҳодисаҳои Ғазза бар души ИМА аст
Вашингтон кӯшиш мекунад, ки як гурӯҳи ҷангиро барои мубориза бо таҳдиди нав муттаҳид созад, аммо иттифоқчиёни кӯҳна барои пайвастан ба он шитоб намекунанд. Худи Арабистони Саудӣ, ки чанде пеш бо хусиҳо меҷангид, аз Вашингтон талаб мекунад, ки аспҳои худро нигоҳ дорад.
Ҳусиҳо саудиёнро ҳушдор доданд, ки дар посух ба ҳамлаҳои Амрико чоҳҳои нафтиро дар Арабистони Саудӣ метарконанд. Аммо Эрон ҳам ҳаст, ки ахиран Арабистони Саудӣ бо он равобитро беҳтар карда истодааст.
Тирборон кардани Яман боиси хашму ғазаби бештари ҷомеъа мешавад, вале натиҷае намебахшад. Барои боздоштани ҳамла ба киштиҳо амалиёти заминӣ лозим аст. Аммо он ба як ҷанги васеъмиқёс дар минтақа оварда мерасонад, чун ҳусиҳои Яман аз ҷониби Эрон дастгирӣ мешаванд.
Муҳаммадризо Аштиёнӣ, вазири дифои Эрон, тарҳи низомии Амрикоро "ғайримантиқӣ" хонд ва ҳушдор дод, ки дар сурати талоши иҷрои он, Вашингтон бо "мушкилоти фавқуллода" рӯбарӯ хоҳад шуд: "Ҳеҷ кас наметавонад дар минтақае, ки мо бартарӣ дорем, амалкунад."
Беспорядки на этнической почве в Душанбе Таджикской ССР, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2023
ИМА барои ноором кардани суботи Осиёи Марказӣ баҳона меҷӯяд
Дар ин вазъият, ҳатто киштиҳои тайёрабар на чун нерӯи таъсирбахш, балки бештар ба ҳадафи ҷолиб монанданд. Зарбаи тӯдаи паҳподҳои якдафъаина метавонад як таҷрибаи шавқовар ва арзон дар муайян кардани осебпазирии киштиҳои калони тайёрабар бошад. Ва ҳатто муваффақияти ҳадди ақал дар ин ҷабҳа як зарбаи марговар ба обрӯи нерӯҳои баҳрии ИМА хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, амрикоиён маҳкум ба онанд, ки дар обҳои гарми баҳри Сурх сайр карда, ба тамоми аҳли башар ночор будани худро намоиш диҳанд. Ҳама гуна гуфтаҳо дар бораи муҳофизати иттифоқчиён кӯҳна шуданд.
Аз ҷиҳати сиёсӣ, бӯҳрони Баҳри Сурх нишон медиҳад, ки Путин ин ҷо ҳам ҳақ буд. Ба ҷузъ азбас кардани оташбас ва барпо намудани давлати Фаластин дигар роҳи ҳалли ҷанҷоли Фаластину Исроил нест. Ҳама гуна роҳи ҳалли дигар танҳо ба шиддат гирифтани низоъ оварда мерасонад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки мо мушоҳида мекунем.
Ҳар як соҳибхоназан метавонад таъсири иқтисодии ҳамлаҳои хусиҳоро пешгӯӣ кунад. Табиист, ки ҳама чиз қимат мешавад. Нархи нафт метавонад каме боло равад, тақрибан панҷ дарсади тиҷорати ҷаҳонии нафт аз Баҳри Сурх мегузарад.
Аммо арзиши боркашонӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт ва ба зудӣ ин ба нархҳо дар мағозаҳо таъсир мерасонад. Аврупо ва Осиё зери таъсир хоханд монд, савдои Амрикоамалан аз Бахри Сурх вобаста нест.
Президент Франции Эманюэль Макрон и глава Германии Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2023
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Натиҷаи асосии воқеаҳо дар он аст, ки ҳар роҳҳои тичоратие, ки амрикоиён онҳоро назорат мекунанд, имрӯз ба манбаи афзудаи хавф табдил ёфтаанд. Пас аз Баҳри Сурх, гулӯгоҳи Тайван дар навбат аст.
Моҳи январ дар Тайван интихобот баргузор мешавад ва агар номзади амрикоипараст сари қудрат биёяд, ӯ метавонад дар ин гулӯгоҳ бо Пекин муноқиша оғоз кунад, ки дар он ҷо ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ беист давом дорад.
Зимнан, дар самти канали Панама низ корҳо хуб нестанд. Бар асари хушксолӣ интиқоли мол ва гузашти киштиҳо дар ин канал чоряк кам шудааст ва зоҳиран ин вазъ то соли 2025 идома хоҳад кард.
Хулоса оддӣ аст. Ягона роҳи баҳрӣ, ки аз амрикоиҳо, зертобеъон ва иғвогаронашон озод аст, имрӯз роҳи баҳрии шимолӣ мебошад.
Дар ин ҷо бандарҳои хуб муҷаҳҳаз, тамоми инфрасохтор ва муҳимтар аз ҳама, амнияти боэътимод аз ҳама мушкилоти эҳтимолии низомӣ мавҷуд аст.
Хуш омадед ба Русия.
Лентаи хабарҳо
0