Ё соҳибихтиёру тавоно ё Русия нахоҳад буд: Таъкидоти муҳими Путин дар анҷумани ҳизби ҳоким

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе IV Железнодорожного съезда
Президент РФ В. Путин принял участие в работе IV Железнодорожного съезда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Обуна шудан
Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" дар анҷуманаш аз номзадии Владимир Путин ба роҳбарии дигарбораи кишвар ҷонибдорӣ намуда, паёми номзадашро шунид
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Русия ё як давлати соҳибихтиёри худкифо хоҳад буд, ё умуман вуҷуд нахоҳад дошт, бояд инро дар сару қалбҳо нигоҳ дошт.
Ин нуктаро раисҷумҳури феълии Русия ва номзад дар интихоботи оянда, Владимир Путин зимни анҷумани ҳизби ҳоким баён дошт.
"Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва фарзандони худро омӯзонем, ки Русия ё як қудрати соҳибихтиёр ва худкифо хоҳад буд, ё умуман вуҷуд нахоҳад дошт", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи президент, худи Русия ояндаи худро муайян ва эҷод мекунад ва ҳеч дахолати хориҷиро қабул нахоҳад кард.

Нақзи ризоияти миллию динӣ хиёнат ба Русия аст

Ӯ афзуд, кӯшишҳо барои поймол кардани тавофуқи байни миллатҳо, динҳо ва шаҳрвандҳо, хиёнат ва ҷиноят алайҳи Русия аст.
"Боз таъкид хоҳам кард, ки кӯшиши вайрон кардани ризоияти байни миллатҳо, мазҳабҳо ва шаҳрвандӣ хиёнат ва ҷиноят алайҳи Русия аст", - гуфт Путин.
Бо дарназардошти тафовути назарҳо, тамоми нерӯҳои масъули сиёсӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки чизи асосӣ сарнавишт ва манфиатҳои Русия, умеду орзуҳои фарзандони мост, мо ҳама тасмимҳоро худамон бидуни даъвати дигарон аз хориҷ қабул хоҳем кард, гуфт Путин.

Ғарб қасди тахриби давлатдории Русияро дошт

Президент афзуд, элитаи ғарбӣ қасд дошт ва дорат низоми давлатии Русияро сарнагун карда, нооромиҳои дохилиро мекоранд, аммо чунин усулҳо дар робита ба Русия кор намекунанд.
"Нухбагони Ғарб умед доштанд, ки на танҳо иқтисодиёту иҷтимои Русия, балки системаи давлатии сиёсиро низ хароб кунанд. Усулҳо ба ҳама маълум ва аллакай аз тарафи элитаи Ғарб дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, ба истилоҳ табаддулоти ранга борҳо озмуда шудааст, ки дар Русияи озоду соҳибихтиёр коромад нахоҳад буд", - гуфт Путин.
Прямая линия и большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Нуқоти муҳими гуфтугӯи мустақими Путин
Вай афзуд, ҷомеаи Русия ва тамоми шохаҳои ҳукумат сарфи назар аз фишорҳои Ғарб, камолот ва суботи худро нишон доданд.
"Мо ба чолишҳо вокуниш нишон додем, зеро пайгирона, зина ба зина, сол ба сол роҳи таҳкими соҳибихтиёриро пеш гирифтем", - гуфт Путин.
Халқи Русия манбаи ягонаи қудрат дар кишвар буд ва хоҳад буд, ҳуқуқи соҳибихтиёрии ӯ дар интихоби ояндаи худ аз ҳар гуна дахолати беруна ҳифз карда мешавад.

Барномаи рушд якҷо ба мардум қабул хоҳад шуд

Дар мавриди барномаи оянда, Путин изҳор дошт, ки он якҷо бо шаҳрвандони ин кишвар таҳия хоҳад шуд.
"Маҳз бо вокуниш ба дархости мардум, ба масъалаҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, зарур аст, ки ба барномаи интихоботӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сохтмон ва навсозии инфрасохтори оммавии варзишӣ ва ғайра ворид карда шаванд", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки дар Русия мушкилоту масоили ҳалнашуда зиёданд ва бояд барои ҳалли онҳо тадбирандешӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0