ВУХ Русия: Таҳримҳои нави ИА зарба ба худи онҳост

© Sputnik / Максим БлиновЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Обуна шудан
Иттиҳоди Аврупо зери фишори ҳисобҳои нодурусти геополитикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазни сиёсиву иқтисодиро дар ҳоли аз даст додан мебошад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Таҳримҳои нав алайҳи Русия ба худи Иттиҳодияи Аврупо зарари бештар мерасонад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ФР, Мария Захарова.
ИА зери фишори ҳисобҳои нодурусти геополитикии ИМА вазни сиёсиву иқтисодиро аз даст медиҳад, таъкид намуд ӯ.
"Захираҳои иттиҳодия барои хидмат ба манфиатҳои ИМА ва ғанӣ гардонидани комплекси ҳарбии саноатии Амрико равона карда шудаанд", - илова намуд дипломати рус.
Бюрократияи аврупоӣ мекӯшад, ки бо дурустиву нодурустӣ ҳама харҷу марҷ ва бесарусомоние, ки дар ИА ҷараён дорад, пӯшонад, изҳор дошт Захарова.
Қаблан Маскав изҳор дошта буд, ки бо таҳдиди таҳриму фишорҳо ва ваъдаи афзалиятҳо Ғарб талош дорад, кишварҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳамкорӣ аз Русия водор созад.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Захарова: Амрико муноқишаи Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидааст
Ғарб талош дорад кишварҳои Осиёи Марказиро алайҳи Русия таҳрик диҳад, таъкид намуда буд Мария Захарова.
"Онҳо лексияҳо мекунанд, ки чӣ гуна бояд бо Русия муошират накард ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метарсонанд", - гуфт сухангӯи ВУХ Русия.
Ба эътиқоди вай, кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳамаро дарк мекунанд ва бар асоси манофеи миллӣ амал хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0