https://sputnik.tj/20231219/gharb-muzokiroti-judogona-rusiya-omodagi-1060972699.html
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Sputnik Тоҷикистон
Ду сол пеш онҳо кӯшиш карданд, ки бо мо бозӣ кунанд ва қартаҳо дар дасти қиморбозони фиребгар буданд. Ҳоло дастони ин қимрбозон меларзанд ва онҳо наметавонанд, қартахоро мувофиқи табъи дилашон тақсим кунанд.
2023-12-19T12:25+0500
2023-12-19T12:25+0500
2023-12-19T12:25+0500
иттиҳоди аврупо
фаронса
русия
путин
эммануэл макрон
сиёсат
украина
сутуннигор
гуфтушунид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0f/1058284463_0:0:2743:1543_1920x0_80_0_0_582abb0b37442e85055ae8d472bbf8ef.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik, Елена Караева. Рӯзи ҷумъаи гузашта Сергей Лавров гуфт, ки "ман ҳақ надорам, ки номҳоро ифшо кунам, аммо шуморе аз раҳбарони воломақом ва хеле маъруфи кишварҳои ғарбӣ. Аз ҷумла як раҳбари мушаххаси як кишвари хеле машҳури ғарбӣ борҳо тавассути шабакаҳои мухталиф <... > паём фиристоданд: онҳо мегӯянд, ки чаро вохӯрӣ нагузаронем ва дар бораи чӣ кор кардан бо Украина ва амнияти Аврупо сӯҳбат накунем."Вақте ки Маскав ҳанӯз пеш аз оғози амалиёти вижа ба ҳамон ғарбиҳо фаҳмонданӣ шуд, ки агар онҳо худро ба даст нагиранд ва каллаи беақлро бо кор надароранд, ҷаҳонро ба бӯҳрони геополитикӣ тела медиҳанд ва оҳанги ҷавобҳо ва инчунин изҳорот ба мо қариб яксон буд: "Беҳтараш, шумо русҳо хомӯш бошед. Мо бо Украина чизеро хоҳем анҷом медиҳем, шумо, русҳо беҳтараш тамошо кунед, ки чӣ гуна мо сатҳи таҳдидро ба амнияти кишвари шумо ва соҳибихтиёриатон эҷод мекунем."Ин дар баёнияҳои Департаменти давлатӣ ва роҳбари он Блинкен чунин садо медод: "Котиби давлатии ИМА қайд кард, ки дар баробари изҳороти Русия, ки "норизоятӣ, талабот ва нигарониҳо дорад, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам интиқодҳое доранд нисбат ба амалкард ва гомҳое, ки Русия пеш мебарад." Ба гуфтаи ӯ, дар пешниҳодҳои амниятии Русия нуктаҳое вуҷуд доранд, ки Амрико онҳоро "ба таври ошкоро ғайри қобили қабул" медонад.Албатта, қобили қабул набуданд. Ғарб аллакай ҷангро фармоиш дода буд ва ҳоло, вақте ки мо маҷбур шудем, ки дар он иштирок кунем ва ҷароҳатҳо, зарбаҳо ва дигар зарари расондаи мо (ногаҳон) маълум кард, ки онҳо он қадар ҷасорате надоранд.Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи тамосҳо оғоз ёфт. Тавассути роҳҳои расмӣ, вале пинҳонӣ аз Киев. Аслан, ҳеҷ чизи наве нест: дар паси иттифоқчиён гузаронидани гуфтушунидҳои алоҳида як меъёри сиёсӣ ва дипломатии рафтори элитаи қудратии Ғарб аст.Ҳама филми "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор"-ро тамошо кардаанд ва медонанд, ки он чӣ гуна роҳандозӣ мешавад.Ва ҳангоме ки рӯзноманигори расонаи TF1 (шояд бузургтарин медиахолдинги хусусии Фаронса) аз президенти Русия дар бораи тамосҳои қаблӣ бо Эммануэл Макрон ва сабабҳои қатъ шудани онҳо мепурсад, ин бароямон тааҷҷубовар нест. Ин боиси воҳима дар Ғарб мегардад.Хабарнигори TF1 аз Путин посухи мушаххас ва муфассал гирифт: "Мо муносибатҳои хеле хуби корӣ доштем. Ман, тавре медонед, дар Фаронса будам, ҷаноби Макрон ба Русия омада буд, мо ҳамеша дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалахои байналхалкӣ ҳамкориҳо доштем, мо тайёрем хамкориро бо Фаронса минбаъд ҳам давом диҳем. Аммо дар як вақт президенти Фаронса муносибаҳоро бо мо қатъ кард. Мо қатъ накардем, ман қатъ накардам, ӯ худаш қатъ кард. Агар майл дошта бошад, марҳамат, мо тайёрем".Қобили зикр аст, ки суханони президенти мо аввалин хабари муҳимтарин ва пурбаҳотарин (дар тамоми Иттиҳоди Аврупо) дар пахши хабарии шомгоҳи TF1 буд, яъне дар воқеъ Путин оҳанги чӣ гуна ва чӣ гуфтани матбуоти аврупоиро дар ин ҳафта муаян сохт. Гузориш дар бораи кушодагии Русия барои муҳокима дар бораи он, ки бо "амнияти Аврупо” воқеан чӣ рух дода истодааст. Воқеан, яъне на он хеле, ки аз долонҳои қудратии Париж ё Берлин дида мешавад.Қасри Елисей ба ин тоб оварда натавонист ва як рӯз пас аз Макрон, ки бешубҳа, саволе дар дафтари худаш таҳияшудабуд, дар бораи тамосҳои эҳтимолӣ бо президенти Русия пурсон шуданд."Агар ин имкон диҳад, ки ҳалли мусолиматомез ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалиро фароҳам оварад, пас Фаронса қудрате хоҳад буд, ки дастгирӣ хоҳад кард ва барои ба даст овардани натиҷа кӯшиши ҳамаҷониба хоҳад кард,"- гуфт Макрон ва илова кард, ки "рақами телефони ӯ тағйир наёфтааст. "Вақте ки мард дар ҳаёт ва ҳатто дар касб нозу нуз мекунад, он метавонад ҳам зебо ва ҳам хандовар ба назар расад. Баъзан ҳатто аҳмақона.Ноз дар сиёсат ("дар ин ҷо рақами телефони ман аст: ба ман занг зан, ба ман занг зан"), бахусус гӯёи оммавӣ, ба аблаҳӣ монанд аст. Вақте ки ин гуна суханҳо гуфта мешаванд, шумо бояд на танҳо дар хотир доред, ки дар телевизион чӣ гуна зебо менамоед, балки дар бораи вазни суханони гуфтаатон низ андеша кунед.Суханони Макрон имрӯз на танҳо барои он, ки якуним сол пеш ӯ ва мушовиронаш мӯҳтавои музокироти махфӣ бо Кремлро дар матбуот нашр карданд, балки барои он ки дар паси онҳо мавқеи мустақили сиёсӣ вуҷуд надорад, аҳамият надоранд. Ҳам Фаронса ва ҳам президенти он, — ҳамчун сардори давлат.Ва мо кӯшиши аз сари бемор ба солим гузаронидани дардро ба фоидаи онҳо ҳисоб накардем. Аммо онҳо ба назар гирифтанд, ки ҳатто агар Қасри Елисей аз вазъ дар Украина асабонӣ шудаст, ин маънои онро дорад, ки новобаста аз он ки Ғарб, Иттиҳоди Аврупо, Париж ё Берлин хатогиҳояшро мепазирад (ки аз ҷиноят бадтар буданд) ё не, онҳо ҳама бояд ин корро кунанд. Ва ҳар қадар зудтар, он қадар беҳтар.
https://sputnik.tj/20231217/rusiya-sohibikhtiyor-putin-hizb-hokim-1060953143.html
https://sputnik.tj/20231217/tramp-siyosati-bayden-putin-iqtibos-1060949345.html
https://sputnik.tj/20231214/putin-guf-kay-ukraina-zamon-faro-merasad-1060892091.html
фаронса
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0f/1058284463_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_2e141fbf8e700ce3e9783fe3adc7bf77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, макрон, украина, музокирот, сиёсат
путин, макрон, украина, музокирот, сиёсат
Ғарб барои музокироти ҷудогона бо Русия омодагӣ мебинад
Ду сол пеш онҳо кӯшиш карданд, ки бо мо бозӣ кунанд ва қартаҳо дар дасти қиморбозони фиребгар буданд. Ҳоло дастони ин қимрбозон меларзанд ва онҳо наметавонанд, қартахоро мувофиқи табъи дилашон тақсим кунанд.
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik, Елена Караева. Рӯзи ҷумъаи гузашта Сергей Лавров гуфт, ки "ман ҳақ надорам, ки номҳоро ифшо кунам, аммо шуморе аз раҳбарони воломақом ва хеле маъруфи кишварҳои ғарбӣ. Аз ҷумла як раҳбари мушаххаси як кишвари хеле машҳури ғарбӣ борҳо тавассути шабакаҳои мухталиф <... > паём фиристоданд: онҳо мегӯянд, ки чаро вохӯрӣ нагузаронем ва дар бораи чӣ кор кардан бо Украина ва амнияти Аврупо сӯҳбат накунем."
Вақте ки Маскав ҳанӯз пеш аз оғози амалиёти вижа ба ҳамон ғарбиҳо фаҳмонданӣ шуд, ки агар онҳо худро ба даст нагиранд ва каллаи беақлро бо кор надароранд, ҷаҳонро ба бӯҳрони геополитикӣ тела медиҳанд ва оҳанги ҷавобҳо ва инчунин изҳорот ба мо қариб яксон буд:
"Беҳтараш, шумо русҳо хомӯш бошед. Мо бо Украина чизеро хоҳем анҷом медиҳем, шумо, русҳо беҳтараш тамошо кунед, ки чӣ гуна мо сатҳи таҳдидро ба амнияти кишвари шумо ва соҳибихтиёриатон эҷод мекунем."
Ин дар баёнияҳои Департаменти давлатӣ ва роҳбари он Блинкен чунин садо медод: "Котиби давлатии ИМА қайд кард, ки дар баробари изҳороти Русия, ки "норизоятӣ, талабот ва нигарониҳо дорад, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам интиқодҳое доранд нисбат ба амалкард ва гомҳое, ки Русия пеш мебарад."
Ба гуфтаи ӯ, дар пешниҳодҳои амниятии Русия нуктаҳое вуҷуд доранд, ки Амрико онҳоро "ба таври ошкоро ғайри қобили қабул" медонад.
Албатта, қобили қабул набуданд. Ғарб аллакай ҷангро фармоиш дода буд ва ҳоло, вақте ки мо маҷбур шудем, ки дар он иштирок кунем ва ҷароҳатҳо, зарбаҳо ва дигар зарари расондаи мо (ногаҳон) маълум кард, ки онҳо он қадар ҷасорате надоранд.
Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи тамосҳо оғоз ёфт. Тавассути роҳҳои расмӣ, вале пинҳонӣ аз Киев. Аслан, ҳеҷ чизи наве нест: дар паси иттифоқчиён гузаронидани гуфтушунидҳои алоҳида як меъёри сиёсӣ ва дипломатии рафтори элитаи қудратии Ғарб аст.
Ҳама филми "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор"-ро тамошо кардаанд ва медонанд, ки он чӣ гуна роҳандозӣ мешавад.
Ва ҳангоме ки рӯзноманигори расонаи TF1 (шояд бузургтарин медиахолдинги хусусии Фаронса) аз президенти Русия дар бораи тамосҳои қаблӣ бо Эммануэл Макрон ва сабабҳои қатъ шудани онҳо мепурсад, ин бароямон тааҷҷубовар нест. Ин боиси воҳима дар Ғарб мегардад.
Хабарнигори TF1 аз Путин посухи мушаххас ва муфассал гирифт: "Мо муносибатҳои хеле хуби корӣ доштем. Ман, тавре медонед, дар Фаронса будам, ҷаноби Макрон ба Русия омада буд, мо ҳамеша дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалахои байналхалкӣ ҳамкориҳо доштем, мо тайёрем хамкориро бо Фаронса минбаъд ҳам давом диҳем. Аммо дар як вақт президенти Фаронса муносибаҳоро бо мо қатъ кард. Мо қатъ накардем, ман қатъ накардам, ӯ худаш қатъ кард. Агар майл дошта бошад, марҳамат, мо тайёрем".
Қобили зикр аст, ки суханони президенти мо аввалин хабари муҳимтарин ва пурбаҳотарин (дар тамоми Иттиҳоди Аврупо) дар пахши хабарии шомгоҳи TF1 буд, яъне дар воқеъ Путин оҳанги чӣ гуна ва чӣ гуфтани матбуоти аврупоиро дар ин ҳафта муаян сохт.
Гузориш дар бораи кушодагии Русия барои муҳокима дар бораи он, ки бо "амнияти Аврупо” воқеан чӣ рух дода истодааст. Воқеан, яъне на он хеле, ки аз долонҳои қудратии Париж ё Берлин дида мешавад.
Қасри Елисей ба ин тоб оварда натавонист ва як рӯз пас аз Макрон, ки бешубҳа, саволе дар дафтари худаш таҳияшудабуд, дар бораи тамосҳои эҳтимолӣ бо президенти Русия пурсон шуданд.
"Агар ин имкон диҳад, ки ҳалли мусолиматомез ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалиро фароҳам оварад, пас Фаронса қудрате хоҳад буд, ки дастгирӣ хоҳад кард ва барои ба даст овардани натиҷа кӯшиши ҳамаҷониба хоҳад кард,"- гуфт Макрон ва илова кард, ки "рақами телефони ӯ тағйир наёфтааст. "
Вақте ки мард дар ҳаёт ва ҳатто дар касб нозу нуз мекунад, он метавонад ҳам зебо ва ҳам хандовар ба назар расад. Баъзан ҳатто аҳмақона.
Ноз дар сиёсат ("дар ин ҷо рақами телефони ман аст: ба ман занг зан, ба ман занг зан"), бахусус гӯёи оммавӣ, ба аблаҳӣ монанд аст. Вақте ки ин гуна суханҳо гуфта мешаванд, шумо бояд на танҳо дар хотир доред, ки дар телевизион чӣ гуна зебо менамоед, балки дар бораи вазни суханони гуфтаатон низ андеша кунед.
Суханони Макрон имрӯз на танҳо барои он, ки якуним сол пеш ӯ ва мушовиронаш мӯҳтавои музокироти махфӣ бо Кремлро дар матбуот нашр карданд, балки барои он ки дар паси онҳо мавқеи мустақили сиёсӣ вуҷуд надорад, аҳамият надоранд. Ҳам Фаронса ва ҳам президенти он, — ҳамчун сардори давлат.
Ва мо кӯшиши аз сари бемор ба солим гузаронидани дардро ба фоидаи онҳо ҳисоб накардем. Аммо онҳо ба назар гирифтанд, ки ҳатто агар Қасри Елисей аз вазъ дар Украина асабонӣ шудаст, ин маънои онро дорад, ки новобаста аз он ки Ғарб, Иттиҳоди Аврупо, Париж ё Берлин хатогиҳояшро мепазирад (ки аз ҷиноят бадтар буданд) ё не, онҳо ҳама бояд ин корро кунанд. Ва ҳар қадар зудтар, он қадар беҳтар.