Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Украниниҳо намехоҳанд муқобилат нишон диҳанд ва ҳам аз шаҳрҳои худ бираванд –назарпурсӣ

© Sputnik / Алексей Фурман / Гузариш ба медиабонкВазъ дар Украина вобаста ба масъалаи ҳамгироь бо Аврупо
Вазъ дар Украина вобаста ба масъалаи ҳамгироь бо Аврупо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Дар сурати шиддати вазъ украиниҳо аз шаҳрҳои худ намераванд, вале ба сафҳои артиш ҳам намепайванданд – пажӯҳишгарони амрикоӣ ба хулосаҳои аҷиб расиданд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Гурӯҳи иҷтимоии украинии "Рейтинг" дар охири моҳи июн аз рӯи фармоиши ташкилоти амрикоии ғайритиҷоратии “Донишкадаи байналхалқии ҷумҳуриявӣ ” (International Republican Institute, IRI) дар шаҳрҳои таҳти назорати Украина буда тадқиқоти кайфияти сокинонро гузаронид.
Манзилҳои бештари сокинони Украина дар ҷараёни амалиёти вижа осеб надиданд, сокинон дар ҳолати муташанниҷ шудани вазъият дар шаҳрҳояшон ҳам нияти шомил шудан ба артиши Украинаро надоранд, ҳамзамон - маконҳои зисти худро тарк карданӣ нестанд. Муфассалтар дар бораи ин ва дар бораи дигар натиҷаҳои тадқиқот, ки бо истифода аз маблағҳои USAID (агентии давлатии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ ) гузаронида шудааст - дар маводи Sputnik.

Хоҳишин на он қадар зиёди муқовимат нишон додан

Гурӯҳи иҷтимоии украинӣ "Рейтинг" тибқи фармоиши такилоти амрикоии ғайтитиҷоратии IRI бо дастгирии молияви USAID байн шаҳрвандони истиқомати доимӣ дошта дар 21 шаҳри таҳти назорати Украина қарор дошта (аз ҷумла, дар Запорожйеи русиягӣ) назарпурсӣ гузаронид.
Международный форум Примаковские чтения. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Киссинҷер: ИМА бовар надоранд, ки артиши Украина зимни ҳамлааш Қримро бармегардонад
Дар доираи тадқиқот 16,6 нафар шахсои синну солашон аз 18 боло пурсида шуданд.
Ба иштирокдорони назарсанҷӣ, ҳамчунин савол дода шуд, ки агар дар наздикии мавзеи зисташрн вазъияти ҷангӣ муташанниҷ шавад, онҳо кадом амалро дар нақша доранд. Бештари иштирокдорони назарпурсӣ ҷавоб доданд, ки нақша доранд дар хонаҳои худ бимонанд.
Дар ҳамин ҳол кам шахсон ёфт мешуданд, ки ба сафҳои артиши Украина дохил шуда, ба низомиёни русиягӣ муқовимат нишон диҳанд, он ҳам бошад – аз ҳама нишондиҳандаҳои баландтарин дар мавриди гирифтани яроқ ба даст (14-17%) - бештар ба пурсидашудагон аз шаҳрҳои ғарби Украина буданд - онҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ барояшон аз шаҳрвандони шарқи Украина камтар дахл дорад.
Сеймур Ҳерш: бомбҳои хушаӣ вазъ дар майдони ҷанги Украинаро тағйир намедиҳанд
Дар байни иштирокдорони назарсанҷӣ дар шаҳри Харков онҳое, ки дар ҳолати муташанниҷ шудани ҳолатҳои ҷангӣ нияти шомил шудан ба артиши украиниро доштанд, ҳамагӣ 6 фоизро ташкил медоданд, дар Одесса, Чернигов ва Запорожйе – 8%, дар Николаев бошад ин нишондиҳанда 9%-ро ташкил дод.
Натиҷаҳои тадқиқоти бо маблағҳои амрикоӣ гузаронидашуда бо ҳамин нишондиҳандаҳо, ки тарғиботчиёни украинӣ паҳн намуда истодаанд, на он қадар рост меоянд.

Муаммои паноҳгоҳ

Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки дар Украина то ҳол сифати ҷиҳозонидани паноҳгоҳҳо ҷавобгӯи талабот нест.
Дар суол дар ин хусус бештари иштирокдорони назарсанҷӣ дар 18 шаҳр аз 21 шаҳри фарогирифтаи ин лоиҳа ҷавоби “бад”, “даҳшатнок” ва ё “хизматрасониҳояшон дастнорас аст” доданд.
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Байден: Пазириши Украина ба узвияти НАТО мунҷар ба ҷанг бо Русия хоҳад шуд
Дар шаҳрҳои ғарбии Ужгород ва Ивано-Франковск, ки ба онҳо амалиёти ҷангӣ камтар аз дигарон таъсир расонидааст, бар иловаи ҷавобҳои боло гуфтанд, ки “ба посух гуфтан душворӣ мекашанд”. Боз дар ду шаҳр – Тернопол ва Лутск – теъдоди ҷавобҳои “бад” ва “ба посух гуфтан душворӣ мекашам” баробар буданд.
Айнан чунин ҳолат дар Одесса ҷой дорад – чанд нафаре, ки ҷавоби “бад”-у “даҳшатнок” дода бошад, ҳамон қадар иштирокдорони назарсанҷӣ “ба посух гуфтан душворӣ мекашам” гуфтанд.

Русия манзилҳои истиқоматиро бомбаборон дорад ... Ва ё на?

Ба савол дар бораи он, ки дар натиҷаи ҷанг манзилҳояшон осеб дид ё на, сокинони 21 шаҳр ҷавобҳои аҷоиб доданд.
Бахусус дар пасманзари хабарҳои доимии ҳукумати Украина дар бораи он, ки Русия давлати террорист асту ҳадафмандона аҳолии бумиро наслкушӣ дорад, ин ҷавобҳо басо ҷолибанд.
Ҳамин тавр, қариб ҳамаи иштирокдорони назарсанҷӣ дар ҳама шаҳрҳо гуфтанд, ки дар рафти амалиёти вижаи низомии аз ҷониби Русия гузаронидашудаистода манзилҳояшон осеб надидааст. Дар 18 шаҳр аз 21 шаҳри фарогири лоиҳа 94-100%-и иштирокдорони назарсанҷӣ чунин посух гуфтанд, ин нишондиҳанда дар шаҳрҳои Николаев - 73%, Чернигов – 66% ва Харков – 60%-ро ташкил дод.
Предприниматель Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маск пирӯзии Русияро дар Украина пешгӯӣ кард
Хонаҳои 20%-и сокинони шаҳри Николаев ба ҳар ҳол осеб дида будаанд ва ин осебро онҳо “ночиз” гуфтанд. Ҳамин гуна баҳоро 24% сокинони Чернигов ва 30% сокиноин Харков доданд.
Хулоса, дар шаҳрҳои Николаев, Чернигов ва Харков, мутаносибан, 93%, 90% ва 90%-и манзилҳо дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ осеб надидаанд, ва ё осеб дида бошанд ҳам, он осеб ночиз аст.
Воқеан, мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот, дар манзилҳои бисёре аз иштирокдорони назарсанҷӣ корҳои барқароркунӣ бурда нашудаанд ва ё қисман бурда шудаанду халос.
Дар ин хусус онҳое, ки хонаҳояшон осеб дидааст, чунин гуфтанд: дар Чернигов 63% ( 34 % хонаҳои осебдида қисман барқарор карда шуданд, дар 29 %-и чунин хонаҳо корҳои барқароркунӣ бурда нашудаанд), дар Харков 79% (мутаносибан, 29% ва 50%), дар Николаев - 82% (мутаносибан 20% ва 62%).
Дар ҳамин ҳол, сокиноне, ки манзилҳояшонро барқарор намудаанд, асосан аз ҳисоби маблағҳои худашон ин корро ба анҷом расониданд, на аз ҳисоби ҳукумати украинӣ.
Дар ин бора дар Николаев -71% , Харков - 45% ва Чернигов - 77%-и сокинон, ки хонаҳояшон осеб дида буданд, гуфтанд. Дар ҳамин ҳол корҳои барқароркуниро дар шаҳри Николаев 19%, Харков ва Чернигов - 12%-ии сокинон амалӣ намуданд.
Президент ЮАР Сирил Рамафоса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Африқои Ҷанубӣ даъват кард, ки низоъ дар Украина тавассути гуфтушунид хотима ёбад
Дар ҳамон Чернигов ҳам бештари корҳои барқарорсозӣ аз ҳисоби ташкилотҳо ва хазинаҳои хайриявӣ (26%) ва ташкилотҳои байналхалқӣ (13%) гузарониданд на балки бо кӯмаки давлат.
Дар умум, ба кӯмаки давлат дар ягон аз се шаҳри дар боло номбаршуда умед намебанданд: дар шаҳри Николаев 65% сокинон –онҳое ки хонаҳояшон осеб дидаанду ҳоло ҳам таъмир нашудаанд, ният доранд аз ҳисоби худ манзилҳояшонро барқарор намоянд , дар шаҳри Харков 47% ва дар шаҳри Чернигов 71%-и сокинони хонаҳояшон осебдида чунин ҷавоб доданд.

Ҷавобҳои ғароиб дар бораи муҳоҷират

Бештари иштирокдорони назарсанҷӣ иқрор шуданд, ки онҳо хешони наздики пас аз оғози амалиёти ҷангӣ Украинаро тарк карда ба хориҷа рафта надоранд, 49-72%-и иштирокдорони назарсанҷӣ гуфтанд, ки аъзоёни оилаҳои онҳо нафақат ба дигар давлат нарафтанд, балки ба дигар вилояти Ураина ҳам нарафтаанду дар шаҳрҳои худ монданд.
Он далел аҷоиб аст, ки аз он шаҳрвандони Украина, ки хешовандонашон ба ҳар ҳол Украинаро тарк намудаанд (5,7 ҳазор аз 16,6 нафар пурсидашудагон) фақат 1-4% ба Русия крахти сафар бастаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар СММ мегӯянд, ки дар ҷаҳон 6,33 млн гурезагони украинӣ ҳастанд, ки аз ин теъдод 1,28 млн нафарашон (бештар аз дилхоҳ кишвари дунё) ба Русия рафтаанд.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
"Режим мушкил дорад" ИМА ба Зеленский дар бораи артиши Украина хабари бад расонданд
Чунин натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки бо истифода аз маблағҳои USAID гузаронида шуд, фақат бозгӯи се нуктаанд: ё тадқиқотчиён, ки бояд пулҳои амрикоиро кор мекарданд, бо амри тасодуфи хушнуднкунанда фақат ҳамон сокинонеро вохӯрданд, ки хешовандонашон ба Русия нарафтаанд, ё худ сконинони шаҳрҳои таҳти назорати Киев буда то ба он дараҷа тарсонида шудаанд, ки самти муҳоҷирати пайвандони худро эътироф карда наметавонанд ва ё ки IRI - натиҷаҳои нашршудаи тадқиқотҳо на он қадар дурустанд.
Ҳангоми омӯзиши ин лаҳза, он нуктаро ҳам ба инобат гирифтан лозим аст, ки мо дар идома пешниҳод дорем.

Шомилшавӣ ба НАТО ва тақдири забони русӣ

Ҳатто дар чунин шароит - мардум аз ҷавоб додан ба ин гуна саволҳо ҳатто бо шарти нагуфтани номашон ҳарос доранд – тадқиқотчиёни барои натиҷаҳои назарсанҷӣ ҳавасманд метавонанд “таноб”-и нишондиҳандаҳои ниҳоиро “кашанд” - 47%-и иштирокчиёни назарсанҷӣ дар Одесса барои шомилшавии Украина ба НАТО овоз надоданд. Воқеан, 38% харковиҳо, 31% днеприҳо, ҳамзамон - 28%-ии николаевиҳо ва запорожетсиҳо низ ҳамин гуна рафтор намуданд.
Ҳамзамон, дастгирии аз ҳама зиёд бобати шомилшавии Украина ба НАТО бештар дар ғарби Украина мушоҳида мегардад - дар Лвов ба амал 92%-и пурсидашудагон “тарафдор” овоз доданд.
Дар умум, панҷ шаҳрҳои калонтарин, ки бештари сокинонашон барои воридшавии Украина ба НАТО “тарафдор” овоз доданд (88-92%), дар ғарби Украина ҷойгиранд - Лвов, Лутск, Ивано-Франковск, Тернопол, Ровно.
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: ғайринизомисозии Украина бояд то Лвов бирасад
Новобаста аз гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки тавофут байни кайфияти сокинони минтақаҳои ғарбӣ ва ҷанубу шарқии Украина дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.
Иловатан қайд менамоем, ки мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти мазкур, бештари сокинони чор шаҳри калони ҷанубу ғарби Украина, ҳамчунин - шаҳри русиягии Запарожйе, ки таҳти назорати Ураина қарор дорад, иқрор шуданд, ки дар хона забони муоширати онҳо забони русист.
Ба саволи тадқиқотчиён вобаста ба забони русӣ 61% пурсидашудагон дар Николаев, 66% дар Днепр (собиқ Днепропетровск), 67% дар Запорожйе, 78% дар Харков ва 80% дар Одесса чунин ҷавоб доданд.
Дар баробари ин, ба гуфти иштирокдорони назарсанҷӣ, дар Киев 38% пурсидашудагон ва дар Чернигов 41% пурсидашудагон дар хона бо забони русӣ ҳарф мезананд.
Лентаи хабарҳо
0