Африқои Ҷанубӣ даъват кард, ки низоъ дар Украина тавассути гуфтушунид хотима ёбад

© AP / Jerome DelayПрезидент ЮАР Сирил Рамафоса
Президент ЮАР Сирил Рамафоса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ хостааст, ки низоъ дар Украина бояд тавассути музокирот бо назардошти манофеи ҳама хотима дода шавад
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Африқои Ҷанубӣ бар ин назар аст, ки низоъ дар Украина бояд бо назардошти принсипҳои асосии бидуни пайвастан ба блокҳои ҳарбӣ бо роҳи музокирот ва дипломатия хотима дода шавад.
Дар ин бора президент Сирил Рамафоса дар пайи сафари раҳбарони Африқо ба Русия ва Украина изҳор дошт.
"Мо ҳамчун Африқои Чанубӣ чунин мавқеъро ҷонибдорем, ки низоъ бояд бо роҳи гуфтушунид ва воситаҳои дипломатӣ, бо риояи принсипҳои асосии Ҳаракати ҳамроҳнашудан, инчунин бо назардошти манфиатҳои куллии ҳама мувофиқ ҳал карда шавад",- гуфта мешавад дар изҳороте, ки маъмурияти ӯ дар вебсайт нашр кардааст.
Вай инчунин афзуд, ки раҳбарони африқоӣ дар ҷараёни сафарҳои худ ба Русия ва Украина таъсири низоъро ба сокинони кишварҳояшонро шарҳ додаанд ва ҳамчунин боварӣ доранд, ки онҳо метавонанд дар талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли он саҳм гузоранд.
Президенти Русия рӯзи шанбе бо ҳайати вакилони роҳбарони Африқо мулокот кард.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Собиқ муовини нахуствазири Украина дар бораи идеяи музокироти Маскав ва Киев сухан гуфт
Ба ҳайати вакилон президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса, президенти Сенегал Маки Салл, президенти Комор Отман Газалӣ ва президенти Замбия Хакаинде Хичилема шомил буданд.
Ташаббуси африқоӣ барои ҳалли буҳрони Украина муаррифӣ шуд, ки аз 10 банд иборат аст.
Онҳо ба кафолатҳои амниятӣ, озодии интиқоли ғалла тавассути Баҳри Сиёҳ, раҳоии асирони ҷангӣ ва оғози барвақти музокирот дахл доранд.
Қабл аз ин раҳбарони Африқо дар Киев бо Владимир Зеленский мулоқот карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0