https://sputnik.tj/20230711/bayden-qabul-ukraina-uzviyati-nato-jang-rusiya-1058199828.html
Байден: Пазириши Украина ба узвияти НАТО мунҷар ба ҷанг бо Русия хоҳад шуд
Байден: Пазириши Украина ба узвияти НАТО мунҷар ба ҷанг бо Русия хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори амрикоӣ мегӯяд, раисҷумҳури Амрико бар он аст, ки қабули Украина ба НАТО дар ҷаласаи Вилнюс боиси ҷанги ҳақиқӣ бо Русия хоҳад шуд
2023-07-11T14:59+0500
2023-07-11T14:59+0500
2023-07-11T17:40+0500
русия
нато
украина
има
ҷо байден
узвият
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_0:0:2566:1444_1920x0_80_0_0_46edf962a69cd0aea5bcf84784cca988.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден бар он аст, ки пазириши Украина дар НАТО дар ҷараёни нишасти 11-12 июл дар шаҳри Вилнюс ин паймонро ба ҷанг бо Русия мекашонад. "Чунон, ки президент Байден қайд кард, қабули Украина ба НАТО ҳоло дар Вилнюс НАТО-ро ба ҷанг бо Русия мекашонад", - гуфт Салливан зимни нишаст дар Вилнюс. Нишасти НАТО рӯзҳои 11-12 июл баргузор мешавад ва дар он раҳбарони тамоми кишварҳои ин паймон, аз ҷумла Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ҷамъ меоянд. Қаблан оқои Салливан гуфта буд, ки Украина дар нишасти қарибулвуқӯъи ин паймон дар Вилнюс узви НАТО нахоҳад шуд. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 19 июн гуфт, ки дар нишасти Вилнюс ва даъвати сатҳии Украина ба НАТО-ро баррасӣ намекунанд, балки машваратҳо доранд, ки кадом тасмим Киевро ба пайвастан ба ин паймон наздиктар кунанд. Дар охири моҳи сентябри соли 2022 Владимир Зеленский эълон кард, ки Украина барои пайвастан ба НАТО ба таври фаврӣ муроҷиат мекунад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремл дархости Зеленский дар бораи пайвастани Украина ба НАТО ва ҳамчунин вокунишҳои мухталифро ба он шунидааст. Ба гуфтаи ӯ, Маскав вазъро бодиққат назорат мекунад ва дар хотир дорад, ки маҳз тамоюли Киев ба эътилоф яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина шуда буд.
https://sputnik.tj/20230711/namoyanda-rusiya-vena-ima-ukraina-maghlub-1058190323.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_41:0:2230:1642_1920x0_80_0_0_41ce71becf759fdfec34fca813fa1059.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, нато, украина, узвият, раисҷумҳур, има, ҷо байден, вилнюс, мақомдор
русия, нато, украина, узвият, раисҷумҳур, има, ҷо байден, вилнюс, мақомдор
Байден: Пазириши Украина ба узвияти НАТО мунҷар ба ҷанг бо Русия хоҳад шуд
14:59 11.07.2023 (Навсозишуда: 17:40 11.07.2023) Мақомдори амрикоӣ мегӯяд, раисҷумҳури Амрико бар он аст, ки пазириши Украина ба НАТО дар ҷаласаи Вилнюс мунҷар ба ҷанги ҳақиқӣ бо Русия хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден бар он аст, ки пазириши Украина дар НАТО дар ҷараёни нишасти 11-12 июл дар шаҳри Вилнюс ин паймонро ба ҷанг бо Русия мекашонад.
"Чунон, ки президент Байден қайд кард, қабули Украина ба НАТО ҳоло дар Вилнюс НАТО-ро ба ҷанг бо Русия мекашонад", - гуфт Салливан зимни нишаст дар Вилнюс.
Нишасти НАТО рӯзҳои 11-12 июл баргузор мешавад ва дар он раҳбарони тамоми кишварҳои ин паймон, аз ҷумла Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ҷамъ меоянд.
Қаблан оқои Салливан гуфта буд, ки Украина дар нишасти қарибулвуқӯъи ин паймон дар Вилнюс узви НАТО нахоҳад шуд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 19 июн гуфт, ки дар нишасти Вилнюс ва даъвати сатҳии Украина ба НАТО-ро баррасӣ намекунанд, балки машваратҳо доранд, ки кадом тасмим Киевро ба пайвастан ба ин паймон наздиктар кунанд.
Дар охири моҳи сентябри соли 2022 Владимир Зеленский эълон кард, ки Украина барои пайвастан ба НАТО ба таври фаврӣ муроҷиат мекунад.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремл дархости Зеленский дар бораи пайвастани Украина ба НАТО ва ҳамчунин вокунишҳои мухталифро ба он шунидааст.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав вазъро бодиққат назорат мекунад ва дар хотир дорад, ки маҳз тамоюли Киев ба эътилоф яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина шуда буд.