"Режим мушкил дорад" ИМА ба Зеленский дар бораи артиши Украина хабари бад расонданд

© AP / Vadim GhirdaПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Полковники артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як мусоҳибае гутф, ки артиши Украина дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Мушовири собиқи раиси Пентагон полковник Дуглас Макгрегор дар шабакаи “Youtube”-и худ гуфт, ҷанг бо Русия барои раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бадтар мешавад, зеро артиши ӯ дар остонаи фурӯпошии комил қарор дорад.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар остонаи фурӯпошӣ қарор доранд. Онҳо комилан рӯҳафтода шудаанд, теъдоди зиёди мавориди фирор кардани сарбозони украиниҳо ба ҷониби Русия ва дар маҷмӯъ аз майдони ҷанг мушоҳида мешавад. Мардум талош доранд, ки аз хидмати ҳарбӣ дар Украина худдорӣ кунанд. Режими Зеленский мушкилоти бузург дорад”, - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи коршинос, дар ҳоли ҳозир вазъ барои раҳбари Украина хеле нанговар аст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Талоши шуриш дар Русия ба раванди амалиёти вижа дар Украина таъсир намерасонад
“Артиши ӯ дар ҷараёни як ҳамлаи номуваффақ нобуд карда мешавад. Мушкилот дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бадтар мешавад ва Киев дар ҳоли ҳозир дар ҷалби сарбозони нав ба хотири ҷуброни талафот ба мушкилот дучор мешавад”, - таъкид кард оқои Макгрегор.
Вай гуфт ин охирин нафас барои Зеленский, атрофиён ва ҷонибдорони ӯ аст.
Қаблан афсари бознишастаи истихбороти Амрико Скотт Риттер гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳалқаи марг қарор гирифта, тадриҷан сарбозони пуртаҷрибаро аз даст медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0