Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев: ғайринизомисозии Украина бояд то Лвов бирасад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои Амният дар бораи ҳудуди амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина изҳори назар карда гуфт, ки он бояд то Лвов бирасад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Амнияти Русияро танҳо як минтақаи ғайринизомишуда таъмин карда метавонад, ки сарҳади он дар ҳудуди Лвови Украина мегузарад.
Дар ин бора Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев изҳор доштааст.
Медведев суханони раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи зарурати таъсиси як минтақаи санитарӣ дар Украина бо чунин, ба қавли ӯ, “фикри субҳи хайр” шарҳ дод.
Тавре муовини раиси Шӯрои Амният тавзеҳ дод, бо назардошти он ки кишварҳои ғарбӣ режими Киевро бо аслиҳаи дурпарвози ҳарчи бештар таъмин мекунанд, танҳо хатте, ки дар марзи Лвов мегузарад (Лемберги Лаҳистон, шарҳ дод Медведев) метавонад нақши воқеии муҳофизатӣ бозад.
Президента РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Артиши Украина ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ 160 тонкро аз даст доданд
"Он гоҳ инҳо сарҳадҳои нави бехатари кишвари хоҳанд буд, ки қаблан "кишвари 404"-ум мегуфтанд", - хулоса кард сиёсатмадор.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0