Пули нав, “хиёнат”-и Абдурозиқ, ҷанҷол сари харитаи Ворух ва тағйироти кадрии Раҳмон

© Abduroziq OfficialАбдурозик в Дубае
Абдурозик в Дубае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Ҳафтаи рафта хабарҳои ҳангомаовартарини сол мушоҳида шуданд: танҳо хабари ҷудошавии Барону Абдурозиқ фазои интернетро аз худ намуд ва ин баҳси он то ҳол идома дорад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳафтаи рафта хеле андармони баҳсҳои хабарҳои ахир буданд: ҳоло мавзуи тахриби хонаи Айнӣ ба фарҷом норасида, дар Тоҷикистон барфи аввал борид, корбарон аксҳои деҳу шаҳру кӯҳҳои сафедпӯшро нашр мекарданд, ки блогер ва репсаро Барон як навор пахш кард: вай аз Абдурозиқ ҷудо шудаасту ахирӣ “хиёнат” кардааст.
Сокинон чунон вориди баҳси ду нафар шуданд, ки қариб аз дигар рухдодҳо бехабар мемонданд.
Sputnik Тоҷикистон ин ва дигар муҳимтарин гузоришҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, муҳоҷират ва сиёсии тайи ҳафтаи рафта - 15-21 ноябрро мурур мекунад.

Тағйироти кадрии Раҳмон дар Суғду Бадахшону Хатлон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 17 ноябр роҳбарони ҳудуди 11 шаҳру навоҳии ҷумҳуриро барканору таъйин кард.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Аз Кӯлоб то Данғара: президент тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кишвардор дар ВМКБ раисони нави ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаро таъйин намуд.
Дар вилояти Хатлон роҳбарони шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрав иваз гардиданд. Дар Суғд роҳбари ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд.
Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ озод шуд.
Инчунин пешниҳоди президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии кишвар дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол шудааст.
Ҳамчунин Зариф Назирӣ, ки муовини раиси вилояти Суғд буд, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Ализода Аъзам Наврӯз, раиси нави ноҳияи Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Писари раиси бонк, 39-сола: Аъзам Ализода, раиси нави ноҳияи Мастчоҳ кист?
Дар ҳамин рӯз президент бо имзои як фармон Ҳайдарзода Зокир Анварро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷабро аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод кард.

Аз фармони кам кардани шумораи муҳоҷирон то таъсиси квотаи бештар барои онон

Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин даъват кардааст, ки русҳоро аз минтақаҳои дигари Русия барои кор дар сохтмонҳо ҷалб кунанд.
Раиси пойтахт Сергей Собянин гуфтааст, шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар доираи барномаи навсозии Маскав бояд кам карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд худи шаҳрвандони ин кишвар бо маоши бештар ҷалб шаванд.
Строительство завода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Собянин дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шавад
Аммо Вазорати кори Русия пешниҳод кард, ки ба минтақаҳо имкони дубора тақсим кардани квотаҳои истифоданашуда барои ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар байни худи корфармоён дода шавад.
Ин вазорат ёдовар шуд, коргарони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Русия ба раводид ниёз доранд, тибқи квота вориди кишвар мешаванд. Шумораи квотаҳо ҳар сол аз нав муқаррар карда мешавад.
Зимнан тасмим дар бораи ба кор қабул кардани корманд тибқи квота танҳо дар ҳоле қабул мешавад, ки имкони дарёфти мутахассис дар дохили кишвар вуҷуд надошта бошад.
Дар ҳамин ҳол квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ барои соли 2022 аллакай муқаррар шудааст. Он 85 дарсади пеш аз замони ҳамагириро ташкил медиҳад.

Харитаи Ворух дар Қирғизистон баҳсбарангез шуд

Ворух деҳаест, ки бинобар дар марз қарор доштанаш исмаш зуд-зуд расонаӣ мешавад. Ин дафъа ин қисмати Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя ҳангомаеро ба миён овард.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дафтари раисҷумҳур "иштибоҳ" кард: Ҷанҷол дар Қирғизистон бар сари харитаи Ворух
21 ноябр дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони додситонӣ зимни суханронии раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов пушти президент харитаи ин кишвар буд ва дар он аксари мардум мушоҳида карданд, ки Ворух мустақиман ба Тоҷикистон пайваст мебошад.
Ин боиси норозигии аксари корбарони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Баъдан тасвирҳо зуд нобуд карда шуданд.
Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, ин баннерро як ширкати хусусӣ омода кардааст.
"Барои иштибоҳе, ки аз ҷониби иҷрокунандагон роҳ дода шудааст, нисбати кормандони масъул чораҳо андешида мешаванд", - омадааст дар иттилоияи ниҳод.
Додситонӣ ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки аз якпорчагии Қирғизистон нигаронанд, изҳори сипос кардааст.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Бояд қайд кард, ки баҳсҳои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон солҳо боз идома дорад. Ворух яке аз масъалахои асосӣ мебошад. Дар Тоҷикистон иддао мекунанд, ки ин минтақа ҳеҷ вақт анклав набудааст.

Аз коҳиши рубл то афзоиши рекордии колои саноатӣ

Дар Тоҷикистон пулҳои нав ба муомила баромаданд. Ҳафтаи гузашта Бонки миллӣ аз вуруди пулҳои нави коғазии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомонӣ ба муомилот хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, истифода хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ тайи ҳафта болоравии арзиши сомонӣ нисбат ба рублу евро ба назар мерасид.
Аввали ҳафта Бонки миллӣ арзиши 1000 рублро ба 155.6 сомонӣ баробар эълон кард, ки он қариб 2 сомонию 40 дирам поин рафта буд. Арзиши доллар дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафт ва 1 доллар ба 11.2975 сомонӣ баробар шуд.
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Дар Тоҷикистон пулҳои нави коғазии аз 10 то 500-сомонӣ ба муомилот ворид шуд: акс
17 ноябр аз афзоиши 30-дарсадии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи соли 2021 хабар дода шуд.
Бино бар иттилои Хадамоти гумрук, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Аз 1 январи соли 2021 кишвар дар ҳаҷми 5,19 миллиард доллар додугирифт кардааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 3,99 миллиард доллар буд.
Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, хуруҷи бебозгашти асъори хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.
Аммо Вазорати саноат хабар дод, ки истеҳсоли махсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта 22,9 фоиз афзудааст.
Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, Аз рӯи натиҷаҳои даҳ моҳи соли 2021, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30,9 миллиард сомониро (беш аз 2,7 миллиард доллар) ташкил додааст.

Медали сеюми Тоҷикистону шикасти футболбозони тоҷик аз ҳарифони қазоқашон

Аввали ҳафта барои дӯстдорони варзиш бо хабари хуш сар шуд: тими Тоҷикистон дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали севумашро ба даст овард.
Встреча таджикских спортсменов в аэропорту г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Бо карнаю сурнай: истиқболи қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳ - видео
Табрезшоҳ Парпишоев дар самбои размӣ, вазни 79 кило ба гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ мушарраф шуд. Ӯ дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Фурқат Рӯзиев шикаст хӯрд.
Мунтахаби самбои Тоҷикистон чемпионати ҷаҳонро бо се медал – 1 тило, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷамъбаст намуд.
Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило медали тило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо ахиран дар шаҳри Тошканд ҷамъбаст гардид, ки аз Тоҷикистон дар он 12 нафар, аз ҷумла як зан иштирок намуд.
Аммо 16 ноябр тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон шикаст хӯрд. Бозӣ шоми 16-уми ноябр дар варзишгоҳои "Астана-арена" -и шаҳри Нурсултон ба фоидаи дастаи мизбон анҷомид.
Бахтиёр Зайнутдинов, бозигари қазоқ дар даври аввали бозӣ як голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд, ки ягона ва ҳалкунанда шуд. Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бозиро бохт.

Аз пирӯзии Илҳом то “хиёнат”-и Абдурозиқ

15 ноябр хабар дода шуд, ки дар Душанбе даври интихобии озмуни "Central Asia Got Talent", яке аз озмунҳои номӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни он баргузор мешавад, оғоз шуд.
Барон ва Абдурозиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ваъдаи шайхҳои Дубай ва "ҳилла"-и Ясмин: Абдурозиқу Барон ҷудо шуданд - видео
Ин озмун ба иловаи телевизиони "Сафина" ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон низ пахш мегардад.
Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур истеъдодҳое аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, новобаста ба синну сол ва шуғл иштирок мекунанд.
Озмун дар панҷ марҳила: кастинг, санҷишҳои боз, чорякфинал, нимфинал ва гранфинал сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол хабари пурбаҳстарини дигар расонаӣ гардид: "Барон ва Абдурозиқ дигар бо ҳам нестанд", "Абдурозиқ Баронро "кидать кард"... ва сару садоҳои дигар дар бораи қатъӣ ҳамкории ин ду рэпсаро ва блогерони тоҷик ахиран посухи қатъиро пайдо кард. Ҳарчанд чанд рӯз пеш Барон бо нашри як навор ба ботил будани ин сарусадоҳо таъкид ва хост, ҳамвандони худу Абдурозиқро ором кунад.
Бегоҳи 17-уми ноябр Беҳрӯз Шариф (Барон) бо нашри як навор эълон кард, ки Абдурозиқ дигар бо ӯ нест ва ҳамкории онҳо ба анҷом расид.
Барон дар навори нашрнамудааш аз заҳмати шабонарӯзии худ барои муваффақ кардани Абдурозиқ ёдовар шуд ва ӯро ба хиёнат муттаҳам кард.
Абдурозиқ пас аз гирифтани раводиди тилоӣ чандест, ки дар Дубай қарор дорад. Ӯ ахиран тасмим гирифт, кори муштарак бо Баронро қатъ кунад. Мавсуф "устодаш"-ро ба он муттаҳам кард, ки тамоми туҳфаву ашёи қиматбаҳо ва маблағи калонеро, ки аз набарди баргузорнашудаи ӯ бо Ҳасбики доғистонӣ ба даст оварда буд, аз худ кардааст.
Аммо Барон ҳамаи иттиҳомотро рад карда, як ба як дар куҷо масраф шудани маблағҳоро гуфт. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар Панҷакент барои Абдурозиқ замин хариданд ва як "пакет пул"-ро ба дасти падараш додааст.
Абдурозиқ дар Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Миллионерҳои тоҷик: Абдурозиқ Дубай рафту аз Шабнам ҳам "бойтар" шуд
20 ноябр Илҳом Тагиров, ҳунарманд аз Тоҷикистон аз марҳилаи навбатии интихобии озмуни "Голос" гузашт.
Тагиров дар даври 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" бо Максим Завидия таронаи "Океан"-ро иҷро кард.
Илҳом Тагиров барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамошобинони барномаи телевизиони "Якум"-и Русия бо як баромади ҷаззобаш дар озмуни "Голос" шинохта шуд. Таронаи "Dream a Little, Dream of Me" (Каме хоб кун, дар хобат бубинам)-и Фабиан Андре ва Уилбур Швандт дар иҷрои ҷавони тоҷик баҳои баланд гирифт.
21 ноябр хабар дода шуд, ки дар Беларус маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии синамои Минск “Листопад” баргузор шуд, ки дар он филми кӯтоҳи коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ низ намоиш дода мешавад. Ҷашнвора то 26 ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0