Ваъдаи шайхҳои Дубай ва "ҳилла"-и Ясмин: Абдурозиқу Барон ҷудо шуданд - видео

© Instagram/barontjБарон ва Абдурозиқ
Барон ва Абдурозиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Беҳрӯз Шариф, ки бештар ба номи Барон машҳур аст, аз қатъи ҳамкорӣ бо рэпсаро ва блогер Абдурозиқ хабар дод ва ӯро муттаҳам ба хиёнат кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. "Барон ва Абдурозиқ дигар бо ҳам нестанд", "Абдурозиқ Баронро "кидать кард"... ва сару садоҳои дигар дар бораи қатъӣ ҳамкории ин ду рэпсаро ва блогерони тоҷик ахиран посухи қатъиро пайдо кард. Ҳарчанд чанд рӯз пеш, Барон бо нашри як навор ба ботил будани ин сарусадоҳо таъкид ва хост, ҳамвандони худу Абдурозиқро ором кунад.
Вале бегоҳи 17-уми ноябр Беҳрӯз Шариф (Барон) бо нашри як навор эълон кард, ки Абдурозиқ дигар бо ӯ нест ва ҳамкории онҳо ба анҷом расид.
Барон дар навори нашрнамудааш аз заҳмати шабонарӯзии худ барои муваффақ кардани Абдурозиқ ёдовар шуд ва ӯро ба хиёнат муттаҳам кард.
Абдурозиқ пас аз гирифтани раводиди тилоӣ чандест, ки дар Дубай қарор дорад. Ӯ ахиран тасмим гирифт, кори муштарак бо Баронро қатъ кунад. Мавсуф "устодаш"-ро ба он муттаҳам кард, ки тамоми туҳфаву ашёи қиматбаҳо ва маблағи калонеро, ки аз набарди баргузорнашудаи ӯ бо Ҳасбики доғистонӣ ба даст оварда буд, аз худ кардааст.
Ӯ дар сафҳаи "Instagram"-и худ тайи видеое изҳор кард, ки дигар хомӯш намешинад.

"Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбик? Ман 100 дарсад гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон. Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомониро дар корти акаи Шуҳрат гузарониданд. Канӣ он пулҳо? Ман ин қадар сол чизе нагуфтам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад"", - ғазаболуд гуфт Абдурозиқ.

Аммо Барон ҳамаи иттиҳомотро рад карда, як ба як дар куҷо масраф шудани маблағҳоро гуфт. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар Панҷакент барои Абдурозиқ замин хариданд ва як "пакет пул"-ро ба дасти падараш додааст.
Дар навори Барон чанд бор номи Ясмин ном зан такрор шуд, вале маълум нест, ки ин зан тоҷик аст ё араб. Ба нақли Барон, гӯё маҳз ин зан Абдурозиқро шӯр андохт ва коре кард, ки ҳамдигарфаҳмии миёни онҳо аз байн равад.
Абдурозиқ дар Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Миллионерҳои тоҷик: Абдурозиқ Дубай рафту аз Шабнам ҳам "бойтар" шуд
Ба таъкиди Барон, шайхҳои Дубай ба Абдурозиқ ваъда додаанд, ки дар Панҷакент ва Душанбе барои ӯ хона мехаранд. Аммо Барон ҳарфҳои онҳоро бепоя арзёбӣ карда, бар ин бовар аст, ки Абдурозиқро дар нимароҳ мемонанд.
Ӯ гуфт, ба Абдурозиқ борҳо такрор ба такрор таъкид мекард, ки "бисёр ҳавобаландӣ накунад, ки оқибати нохуб дорад".
Лентаи хабарҳо
0