Аз Кӯлоб то Данғара: президент тағйироти кадрӣ анҷом дод

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Вализода Абдуқодир Исуф, ки аз моҳи июни соли 2020 дар мақоми раиси шаҳри Кӯлоб кор мекард, барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Бахтиёр Назарзода, раиси нави шаҳри Кӯлоб таъйин гардидааст, хабар доданд аз дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон. Назарзода то ин вақт дар бахши молии кишвар фаъолият мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, Азизулло Шарбатулло низ аз мақоми раиси ноҳияи Восеъ барканор шуда, ба ҷойи ӯ Ҷамшед Шарифзода таъйин шудааст. Шарифзода то ин вақт муовини аввали раиси ноҳияи Данғара буд.
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ: Ализода Аъзам раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд
Ноиби дигари раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода низ аз мақомаш барканор гардида, аммо мақоми раиси шаҳри Левакандро гирифтааст.
Дар тағйироти кадрии ахир инчунин Даврон Нишонзода роҳбари ноҳияи Дӯстӣ ва Маҳмадаюб Шарифзода раиси ноҳияи Носири Хусрав таъйин шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз фармонҳо дар бораи тағйироти кадриро нашр накардааст. Аммо аллакай муаррифии бархе раисони шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0