Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Писари раиси бонк, 39-сола: Аъзам Ализода, раиси нави ноҳияи Мастчоҳ кист?

© Facbook/ Раёсати Кумитаи озуқаворӣ дар СуғдАлизода Аъзам Наврӯз, раиси нави ноҳияи Мастчоҳ
Ализода Аъзам Наврӯз, раиси нави ноҳияи Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Ализода Аъзам Наврӯз иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Курсии раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд баъди даргузашти Тоҳир Азиззода ду моҳ ба ин тараф холӣ буд ва акнун бо фармони президент Ализода Аъзам иҷрокунандаи раиси ноҳияи мазкур таъйин шуд.
Фармони таъйини Ализодаро сомонаи президенти Тоҷикистон низ нашр кардааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ализода Аъзам Наврӯз 29 октябри соли 1982 дар деҳаи Арсовити ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби рақами №26 мебошад.
Соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, риштаи молия ва қарзи онро хатм намудааст.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Барканорӣ ва мансаби нави бародарзодаи Қоҳир Расулзода
Ӯ фаъолияти кориашро соли 2003 аз вазифаи мутахассиси ҶДММ СТБ-"Инвестбонк"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуруъ намуда, солҳои 2004-2005 сардори шуъбаи қурби асъор дар ин ширкати молӣ будааст.
Аз соли 2005 то соли 2010 дар ҶСК "Аввалин бонки молиявии хурд" дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Ализода солҳои 2010-2016 сардори Маркази хидматрасонии бонкии "Миллениум" буд. Аз соли 2016 то соли 2018 ӯ ба ҳайси муовини молии мудири ҶДММ "Истиқлол ва КО"-и шаҳри Хуҷанд низ фаъолият кардааст.
Номбурда аз соли 2018 то имрӯз сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.
Ализода Аъзам Наврӯз писари Наврӯз Валиев, раиси шуъбаи минтақаии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Олидор соҳиби ду фарзанд аст.
Лентаи хабарҳо
0