Дафтари раисҷумҳур "иштибоҳ" кард: Ҷанҷол дар Қирғизистон бар сари харитаи Ворух

© Sputnik / Амир ИсаевВъезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Обуна шудан
Манбаи хашми мардум хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон шудааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Қирғизистон ҳодисаи ҷолибе рух дод, ки ба як моҷаро табдил ёфт.
Дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони додситонӣ зимни суханронии раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов пушти президент харитаи ин кишвар буд ва дар он аксари мардум мушоҳида карданд, ки Ворух мустақиман ба Тоҷикистон пайваст мебошад.
Ин боиси норозигии аксари корбарони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Баъдан тасвирҳо зуд нобуд карда шуданд.
Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, кашидани баннер бо харитаи ҷумҳурӣ ба як ширкати хусусӣ фармоиш дода шудааст.
"Барои иштибоҳе, ки аз ҷониби иҷрокунандагон роҳ дода шудааст, нисбати кормандони масъул чораҳо андешида мешаванд", - омадааст дар иттилоияи ниҳод.
Додситонӣ ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки аз якпорчагии Қирғизистон нигаронанд, изҳори сипос кардааст.
Экс-председатель Исфары Мирзошариф Исломиддинов о Ворухе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Собиқ шаҳрдори Исфара: Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд
Бояд қайд кард, ки баҳсҳои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон солҳо боз идома дорад. Ворух яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад. Дар фасли баҳор Бишкек ба Тоҷикистон дар бораи мубодилаи қаламрав пешниҳод карда буд, аммо мақомоти кишвар ин пешниҳодро рад кард.
Лентаи хабарҳо
0