https://sputnik.tj/20211122/muvofiqa-tojikiston-qirghiziston-mushkilot-marz-1043684716.html
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳамкории наздиктар кунанд
2021-11-22T13:06+0500
2021-11-22T13:06+0500
2021-11-22T19:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қирғизистон
марз
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи масоили марзӣ гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ниҳоди дипломатии Қирғизистон. Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар чаҳорчӯби муколамаи Иттиҳодияи Аврупо - Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ карданд. Вазирон дар бораи мавҷудияти шумораи зиёди механизмҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳсулнокии амалҳоро дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ дар тамоми сатҳҳои ҳамкорӣ афзоиш диҳанд.Дар ҷараёни мулоқот Казакбоев таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳадаф дорад, ҳарчи зудтар сабти қонунии хатти марзи давлатӣ бо Тоҷикистон анҷом шавад. Вазирон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба ин манзур вазири умури хориҷии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки намояндагони додситонӣ ва ҳокимияти судӣ барои машварат бо марзбонон ба мурофиаҳо ҷалб карда шаванд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Додситонии кулл, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои ба миёномада барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.Вазирон инчунин ба тавофуқ расиданд, ки кор бо аҳолии маҳаллӣ ба манзури коҳиши таниш дар манотиқи марзӣ пурзӯр шавад. Дар баробари масъалаи марз вазирони корҳои хориҷӣ имконоти густариши равобити тиҷоратиро низ баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20211027/qirghizistonu-tojikiston-subot-marzi-tavofuq-1043129641.html
https://sputnik.tj/20210924/zanho-tojiku-qirghiz-bahshoi-marzi-chorkuh-guftushunid-1042477904.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мувофиқа тоҷикистон қирғизистон мушкилот марз
мувофиқа тоҷикистон қирғизистон мушкилот марз
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
13:06 22.11.2021 (Навсозишуда: 19:20 22.11.2021) Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳамкории наздиктар кунанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи масоили марзӣ гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ниҳоди дипломатии Қирғизистон.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар чаҳорчӯби муколамаи Иттиҳодияи Аврупо - Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ карданд. Вазирон дар бораи мавҷудияти шумораи зиёди механизмҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳсулнокии амалҳоро дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ дар тамоми сатҳҳои ҳамкорӣ афзоиш диҳанд.
Дар ҷараёни мулоқот Казакбоев таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳадаф дорад, ҳарчи зудтар сабти қонунии хатти марзи давлатӣ бо Тоҷикистон анҷом шавад.
Вазирон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба ин манзур вазири умури хориҷии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки намояндагони додситонӣ ва ҳокимияти судӣ барои машварат бо марзбонон ба мурофиаҳо ҷалб карда шаванд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Додситонии кулл, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои ба миёномада барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Вазирон инчунин ба тавофуқ расиданд, ки кор бо аҳолии маҳаллӣ ба манзури коҳиши таниш дар манотиқи марзӣ пурзӯр шавад.
Дар баробари масъалаи марз вазирони корҳои хориҷӣ имконоти густариши равобити тиҷоратиро низ баррасӣ карданд.