Деги ҷӯшони Афғонистон метавонаб ба Осиёи Марказӣ кӯчад

© REUTERS \ Jim HollanderТабличка с надписью "Талибы" на юге Афганистана
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Ду ҳафта пеш аз хуруҷи пурраи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, артиши ҳукуматӣ ва нерӯҳои амниятӣ дар ҷанг шикаст хӯрданд ва дар тамоми минтақаҳо ақибнишинии нерӯҳои давлатӣ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Русия) аз чор се ҳиссаи қаламрави Афғонистонро зери назорати худ гирифтанд ва пирӯзии комили наздики худро эҳсос мекунанд. Танҳо пас аз пирӯзӣ онҳо ба ҳалли вазифаи стратегии худ яъне бунёди Аморати Исломӣ шурӯъ хоҳанд кард. Эҳтимол аст "Толибон" ҳокимияти бештар аз як кишварро доранд.
Дар шимоли Афғонистон дар минтақаи марзӣ пас аз даргириҳо дар наздикии ноҳияи Шӯртепа, рӯзи 23 июни соли равон беш аз 50 марзбон ва сарбози афғон бо силоҳояшон ба қаламрави Ӯзбекистон "ақибнишинӣ" карданд ва дар он ҷо боздошт ва бозпас ба Афғонистон фиристода шуданд.
Солдат армии США стреляет из противотанковой ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфт: “Ҳар гуна кӯшиши убури ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян пешгирӣ карда мешавад ва нисбати вайронкунандагони марзи давлатӣ чораҳои ҷиддӣ андешидамешавад".
Ӯзбекистон кушиш дорад, ки бо Афғонистон муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягии нек дошта бошад. Ҳамчунин, ин кишвар талош дорад бо кишвари ҳамсояаш бетарафиро нигоҳ дорад. Тошканд шиддатёбии вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад.
Авҷ гирифтани амалиёти ҷангӣ дар вулусволиҳои шимолӣ Афғонистон метавонад сабаби афзоиши гурезагон шавад, ки пеши роҳи онҳоро ҳатто нерӯҳои марзбонони Ӯзбекистон ва изҳороти вазорати корҳои хориҷӣ гирифта наметавонад. Дӯстии ду кишвар зери хатар аст.
Рӯзи 22 июни соли равон Толибон як минтақаи калидӣ дар марзи Тоҷикистон - гузаргоҳи тиҷории Шерхон-Бандарро, ки тавассути он рафтуомади молу коло байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ сурат мегирад, ишғол карданд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
Марзбонон ва сарбозони ҳукуматӣ пароканда карда шуданд ва зиёда аз 130 сарбоз ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
Дар вилоятҳои Кундуз ва Тахор дар шафати Тоҷикистон ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати Толибон гузашт. Ҷангҷӯён минтақаи Хаш дар вилояти Бадахшони Афғонистонро зери назорати худ гирифтанд. Марзи муштарак бо дарозии беш аз 1300 км бо Афғонистон, метавонад Тоҷикистонро ба осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ табдил диҳад.

Дар уфуқ Аморати Исломӣ намён аст

Толибон ҳанӯз ба марзҳо нарасида буданд, мақомот мегуфт, дар вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи ин гурӯҳҳои тундгаро меҷанганд. Дар солҳои 2017 - 2020, Ӯзбекистон 86 шаҳрванди худро аз Афғонистон баргардонд (онҳо дар ҷангҳо ширкат варзиданд ва аз ҷониби хадамоти махсуси Афғонистон дастгир шуда буданд) ва ҳоло маълум нест, ки чиқадар шаҳрвандони ин кишвар дар сафи Толибон боқӣ мондаанд. Ин аз таъсири ҳаракати террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҷараёни як ҳамлаи дар моҳҳои май-июн, Толибон 50 минтақаи Афғонистонро забт карданд (ба истиснои минтақаҳои қаблан забтшуда). Танҳо дар як рӯзи гузашта ҷангҷӯён ҳашт маркази вулусволиҳои минтақаҳои гуногуни Афғонистонро зери назорат худ гирифтанд ва санаи 20 июн боз 11 вулусволии дигар таҳти контроли Толибон гузашт ва ҳамин тавр шоҳроҳе, (дар вилояти Бағлон) Кобулро бо вилоятҳои шимолии кишвар мепайвастанд баста шуд.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Дар шимол шаҳрҳои асосӣ - Мазори Шариф, Пули-Хумрӣ, Кундуз дар муҳосира қарор доранд. Марказҳои маъмурии аксар музофотҳои Афғонистонро дар иҳотаи минтақаҳои зери назорати Толибон қарор доранд. Эҳтимоли пошхурии ҳукумат дар Кобул баланд аст.
Воҳидҳои милиса, ки дар музофотҳои Тахор, Бағлон, Ҷаузҷон, Сари-Пул, Фарёб, Қундуз, Балх, Парвон, Қандаҳор, Бодғис ташкил шудаанд, артиши доимӣ ва полиси касбиро иваз нахоҳад кард.
Аксар вақт, нерӯҳои ҳукуматӣ мавқеъҳои худро бидуни ҷанг таслим мекунанд (ҳокимони маҳаллӣ ва куҳансолон қабила бо сарбозон созишномаҳои таслимшавӣ мебанданд).
Дар музофоти Сари Пул дар нимаи моҳи июн Толибон "тибқи як созиш" аз як пойгоҳи артиши Афғонистон 20 худрави Humvees, 50 мошини боркаши артиш, 30 мошини боркаш, тақрибан 300 автомати М-16 ва чанд тонна лавозимоти ҷангиро мусодира карданд.
Хадамоти иктишофии Амрико ба хулосае омаданд, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад пас аз шаш моҳи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, яъне то аввали соли 2022 суқут кунад. Пешгӯии аз ин ҳам бадтаре ҳам ҳаст.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
“Устод Ато миёнашро баст”: аввалин натиҷаҳо ва мушкилоти амалиёташ алайҳи Толибон дар Балх
Вазъ аз рӯи сенарияи нохуш сурат мегирад. Шиддати амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон меафзояд.
Тасарруфи қудрат аз ҷониби Толибон ба афзоиши хушунат дар кишвар ва фаъолшавии назарраси даҳҳо гурӯҳҳои рақиби террористӣ, аз ҷумла созмонҳои террористии ДИИШ ва Ал-Қоида, ки дар Русия мамнӯъ аст, оварда мерасонад. Ин гурӯҳҳо сарҳадҳои мавҷудаи давлатиро комилан эътироф намекунанд. Аз ин рӯ, кӯч додани ҷанг ба Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест.

Президентҳо ва сарбозон дар ҳаракатанд

Кишварҳои ҳамсоя омода ҳастанд, ки ба тавсеаи терроризми байналмилалӣ бо ҳама васила муқовимат кунанд. Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки "ба мардуми бародари афғон дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва башардӯстона расонад". Дар шароити кунунӣ артиш бояд ҳамеша ба ҷанг омода бошад.
24 июн Ӯзбекистон ба машқҳои низомӣ оғоз кард. Низомиён ҳамоҳангӣ ва омодагии саҳроиро беҳтар карданд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Машқҳои тактикӣ дар размоишгоҳ Ангрен ва Тирмиз анҷом дода мешаванд: дар маҳалли душмани шартӣ, сарбозон зарбаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд.
Рӯзи 24 июн дар пойгоҳҳои қаторкӯҳи Каршытау як машқ аз ҷониби воҳидҳои иктишофии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 300 нафар низомиён ва 50 адад техникаи машқҳои низомӣ баргузор шуд.
Рӯзи 23 июн президентҳои Тоҷикистон ва Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат карданд.
Ғайр аз ин, Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъи низомӣ-сиёсии минтақаро баррасӣ кард. Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ёрии ройгони низомӣ-техникӣ ирсол намояд. Аз ҷумла, тирҳои калибри 5,45 мм ба миқдори 3,2 миллион адад, тирҳои 23 мм - 20,7 ҳазор адад ва миноандози 82 мм - 10 ҳазор адад интиқол дода мешаванд.
Посол Афганистана в России Сейед Тайеб Джавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Сафири Афғонистон дар Русия: Толибҳо наметавонанд давлатро бигиранд
Николай Патрушев, котиби Шӯрои Амнияти Русия санаи 22 июн дар шаҳри Душанбе бо ҳамкоронаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оид ба масоили Афғонистон дар шакли дуҷониба мулоқот кард.
Ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай (Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистонро дар бар мегирад) идома дорад. Кохи Кремлин бар онаст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО ва фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, ба вазъи Афғонистон бояд таваҷҷӯҳи махсус дод.
Чанде пеш вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу бо ҳамкоронаш аз Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ карда буд. Роҳбарони дифоии Русия ва Ӯзбекистон барои солҳои 2021 - 2025 дар бахши низомӣ барномаи шарикии стратегиро омода кардаанд.
Дар Душанбе фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Александр Лапин ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои омодагии муштараки ҷангиро дар соли 2021 баррасӣ намуданд.
Военнослужащий армии Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Эрон нерӯҳояшро ба марз бо Афғонистон интиқол медиҳад: видео
Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2014 Русия дар тайёр кардани беш аз 7000 мутахассисони низомии тоҷик кӯмак кардааст ва имсол боз 140 тонкчӣ ва 70 миномётандоз сафи онҳо пур хоҳад кард. Ин раванд метавонад омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро боз ҳам баландтар кунад.
Пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ Амрико ба нақша гирифтааст, ки тақрибан 650 сарбози амрикои дар хоки Афғонистон барои ҳифзи сафоратхона боқӣ хоҳанд монд. Маълум аст, ки Вашингтон дигар ба амнияти кишвари Афғонистон, ки бо стандартҳои амрикоӣ ташаккул ёфтааст, таваҷҷқуҳ зоҳир нахоҳанд кард. Оқибатҳои манфии ислоҳоти глобалии Амрико бояд аз ҷониби худи афғонҳо ва ҳамсояҳои минтақавӣ бартараф карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0