https://sputnik.tj/20210625/afghoniston-rusiya-om-darhost-tolibon-muzokirot-1040446041.html
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафир шарҳ дод, ки чаро музокироти мақомоти Афғонистон ва Толибон ба муваффақият намерасад
2021-06-25T15:30+0500
2021-06-25T15:30+0500
2021-06-25T16:01+0500
афғонистон
толибон
ом
гуфтушунид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_b2696d48bfa2decaf9629cd61de6e225.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Русия Сайд Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон қайд кард, ки муколамаи сулҳомез дар ин кишвар имконпазир аст, аммо барои ин кумаки давлатҳои дигар лозим аст. Дипломат қайд кард, ки агар роҳи ҳалли мушкилот аз тариқи зӯрӣ дар Афғонистон имконпазир мебуд, пас яке аз тарафҳо аллакай пирӯз мешуд.Ҷавод афзуд, ки Толибон бояд ба таври ҷиддӣ, воқеъбинона, бо ниятҳои нек ва пок ба раванди гуфтушунидҳо машғул шаванд, аммо то ҳол онҳо наметавонанд ҳатто дар рӯзнома ба тавофуқ бирасанд. Ҷолиб он аст, ки ҳукумат ва оппозисюн барои музокирот бо Толибон забони муштарак пайдо карданд ва омодаанд ҳаргуна рӯзномаро баррасӣ кунанд.Ба гуфтаи раҳбари сафорати Афғонистон, бидуни музокироти сулҳ, кишвар бо даври нави хунрезӣ рӯбарӯ хоҳад шуд."Аз ин рӯ, мо аз дӯстони худ дар Маскав ва Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон нақши ҷиддитар дошта бошанд ва Толибонро ба мизи гуфтушунид расонанд", - илова кард дипломат. Ёдовар мешавем, ки музокирот бо ҳайатҳои Толибон ҳам дар Қатар ва ҳам дар Русия баргузор шуда буд, аммо, тибқи изҳороти масъулин, онҳо ҳеҷ пешрафте ба бор наоварданд.
https://sputnik.tj/20210625/davat-tojikiston-shsh-vokunish-tahdidho-afghoniston-1040443046.html
афғонистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_26aae17d3dcf399715a23917099cb9b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон русия осиёи марказӣ дархост толибон мизи музокирот
афғонистон русия осиёи марказӣ дархост толибон мизи музокирот
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
15:30 25.06.2021 (Навсозишуда: 16:01 25.06.2021) Сафир шарҳ дод, ки чаро музокироти мақомоти Афғонистон ва Толибон* ба муваффақият намерасад
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Русия Сайд Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо
Sputnik Афғонистон қайд кард, ки муколамаи сулҳомез дар ин кишвар имконпазир аст, аммо барои ин кумаки давлатҳои дигар лозим аст.
Дипломат қайд кард, ки агар роҳи ҳалли мушкилот аз тариқи зӯрӣ дар Афғонистон имконпазир мебуд, пас яке аз тарафҳо аллакай пирӯз мешуд.
Ҷавод афзуд, ки Толибон бояд ба таври ҷиддӣ, воқеъбинона, бо ниятҳои нек ва пок ба раванди гуфтушунидҳо машғул шаванд, аммо то ҳол онҳо наметавонанд ҳатто дар рӯзнома ба тавофуқ бирасанд.
Ҷолиб он аст, ки ҳукумат ва оппозисюн барои музокирот бо Толибон забони муштарак пайдо карданд ва омодаанд ҳаргуна рӯзномаро баррасӣ кунанд.
"Ҳама аз мавқеи Толибон хаста шудаанд, ки мегӯянд, "мо ба гуфтушунид омодаем, аммо гуфтушунид нахоҳем кард", - илова кард Сайд Тайиб Ҷавод.
Ба гуфтаи раҳбари сафорати Афғонистон, бидуни музокироти сулҳ, кишвар бо даври нави хунрезӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
"Аз ин рӯ, мо аз дӯстони худ дар Маскав ва Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон нақши ҷиддитар дошта бошанд ва Толибонро ба мизи гуфтушунид расонанд", - илова кард дипломат.
Ёдовар мешавем, ки музокирот бо ҳайатҳои Толибон ҳам дар Қатар ва ҳам дар Русия баргузор шуда буд, аммо, тибқи изҳороти масъулин, онҳо ҳеҷ пешрафте ба бор наоварданд.