https://sputnik.tj/20210627/marshal-dustum-imkoniyat-muqobila-tolibon-1040477461.html
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Sputnik Тоҷикистон
Маршал Абдурашид Дӯстум, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон дар хитоб ба тамоми сарбозон ва пайравони худ гуфт, ки аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) истифода намоянд
2021-06-27T16:45+0500
2021-06-27T16:45+0500
2021-06-27T16:45+0500
туркия
афғонистон
ҷанг
толибон
осиёи марказӣ
абдурашид дӯстум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102088/23/1020882374_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_3386259d2d2be920d04c13100ac15dd8.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Иноятуллоҳ Бобур Фараҳманд, муовини раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ имрӯз дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, ки оқои Дӯстум дар як тамоси телефонӣ ин мавзӯъро матраҳ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Ағонистон.Вай навиштааст: "Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллии Афғонистон, пас аз табобат ва беҳбуди вазъи саломатияш дар Анкара, ба тамоми сарбозон ва пайравони худ ҳидоят дод, бо ҳар имкони даст дошта бар зидди Толибон биҷанганд. Вай ба ҳама муҳофизони кишвар итминон дод, ки кушиш мекунад ҳарчи зудтар бо онҳо ҳамроҳ шавад". Бояд гуфт, ки маршал Дӯстум, ки ду ҳафта қабл дар хати нахусти набард дар Ҷӯзҷон ҳузур ёта буд, ахиран ба Туркия сафар кардааст. Хабар дода мешавад, ки маршалл Дӯстум ва писари калонии ӯ Ёрмуҳаммад Дӯстум дар араёни ҳузур дар хати нахусти набард масмум (заҳролуд) шудаанд. Манбаъҳои наздик ба маршал Дӯстум аммо то кунун дар ин бора чизе нагутаанд. Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.
https://sputnik.tj/20210626/suiqasd-dustum-pisarash-harbuza-zahrdor-dodand-1040464223.html
https://sputnik.tj/20210627/ustod-ato-natijaho-avvalin-amaliyot-tolibon-balh-1040473403.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102088/23/1020882374_18:0:1819:1351_1920x0_80_0_0_41453176607159f94edfc7457cb07d20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, маршал дӯстум, ҷанг, толибон, муқовимат, муқобила
афғонистон, маршал дӯстум, ҷанг, толибон, муқовимат, муқобила
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Маршал Абдурашид Дӯстум, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон дар хитоб ба тамоми сарбозон ва пайравони худ гуфт, ки аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Иноятуллоҳ Бобур Фараҳманд, муовини раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ имрӯз дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, ки оқои Дӯстум дар як тамоси телефонӣ ин мавзӯъро матраҳ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Ағонистон.
Вай навиштааст: "Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллии Афғонистон, пас аз табобат ва беҳбуди вазъи саломатияш дар Анкара, ба тамоми сарбозон ва пайравони худ ҳидоят дод, бо ҳар имкони даст дошта бар зидди Толибон биҷанганд. Вай ба ҳама муҳофизони кишвар итминон дод, ки кушиш мекунад ҳарчи зудтар бо онҳо ҳамроҳ шавад".
Бояд гуфт, ки маршал Дӯстум, ки ду ҳафта қабл дар хати нахусти набард дар Ҷӯзҷон ҳузур ёта буд, ахиран ба Туркия сафар кардааст.
Хабар дода мешавад, ки маршалл Дӯстум ва писари калонии ӯ Ёрмуҳаммад Дӯстум дар араёни ҳузур дар хати нахусти набард масмум (заҳролуд) шудаанд.
Манбаъҳои наздик ба маршал Дӯстум аммо то кунун дар ин бора чизе нагутаанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.