https://sputnik.tj/20210626/neruho-tojikiston-marz-afghoniston-rezhimi-mahsus-1040455839.html
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.
2021-06-26T10:10+0500
2021-06-26T10:10+0500
2021-06-26T10:53+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
артиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/83/1029888365_0:22:2463:1407_1920x0_80_0_0_ca70e37c3faa55804452751712dc1d67.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Сухан дар бораи кормандони низомӣ дар хатти дуюми ҳифзи қаламрав қарордошта меравад.Вай қайд кард, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд."Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ вуҷуд надошт ва ба нақша гирифта нашудааст, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро кайҳо маҷбур кардааст, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем", - гуфт Маҳмадализода. Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
https://sputnik.tj/20210625/afghoniston-rusiya-om-darhost-tolibon-muzokirot-1040446041.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/83/1029888365_490:0:2463:1480_1920x0_80_0_0_c5642b4766acfd6ed2c8df78be738ed2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯҳо мусаллаҳ тоҷикистон марз афғонистон режими махсус
нерӯҳо мусаллаҳ тоҷикистон марз афғонистон режими махсус
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
10:10 26.06.2021 (Навсозишуда: 10:53 26.06.2021) Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Сухан дар бораи кормандони низомӣ дар хатти дуюми ҳифзи қаламрав қарордошта меравад.
"Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар хатти дуввуми дифоъ истодаанд ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ҳифз мекунанд, аз оғози шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи наздимарзӣ ба режими махсуси хидмат ворид карда шуданд." гуфт полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа.
Вай қайд кард, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.
"Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ вуҷуд надошт ва ба нақша гирифта нашудааст, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро кайҳо маҷбур кардааст, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем", - гуфт Маҳмадализода.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.